Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бо нашрияи «ИмрӯзNews»-ро ба нафъи аввалӣ ҳал кард ва нашрияро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ муваззаф намуд.

Аммо Рустами Ҷонӣ, муассиси нашрияи «ИмрӯзNews» мегӯяд, бо ин ҳукми додгоҳ розӣ нест ва аз болои он ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Рустами Ҷонӣ мегӯяд, додгоҳ аз оғози баррасии парванда манфиати ҷониби даъвогарро пуштибонӣ мекард ва арзу талаби онҳоро сарфи назар менамуд.

Вай афзуд: «Ман бо боварии комил метавонам бигӯям, ки ин қарор аз қабл тарҳрезӣ шуда буд. Зеро имрӯз аз ҷониби ман ва аз тарафи вакили мудофеъ ончунон масоили зиёд ва қонунвайронкуниҳо пешниҳод шудаанд, ками андар кам барои судя аққалан як рӯзи дигар барои баррасӣ кардани ин ҳама гуфтаҳо лозим меомад. Аммо дар давоми чанд дақиқае, ки аслан қобилияти таҳлилии инсон даргумон аст, додрас як ҳукми тайёрро омада хонд. Ва аммо мо мавқеи худро то чӣ қадаре, ки лозим бошад, идома медиҳем.»

Наздик ба як моҳ пеш Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон», нашрияи «ИмрӯзNews»-ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хост, шаъни ӯро дифоъ кунад. Вай ҳамчунин хост, мурофиа паси дарҳои баста ҷараён гирад.





Вале Рустами Ҷонӣ мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ҳодиса ва парвандаи марбут ба писари Амонулло Ҳукумов, як иттиллои оммавӣ ва дастрас буд ва баррасии он ҳам мебоист ошкоро сурат мегирифт, додрас аз аввал тарафи даъвогарро гирифт: ”Тасмими пӯшида гузаштани ин мурофиаи судӣ худ як навъ гурез аз адолати судӣ буд, яъне бо ширкати афроди бетараф дар мурофиа дурӯғ будани даъвои онҳо ошкор мешуд.»

Баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов бо нашрияи «ИмрӯзNews» сари мақолаи Назири Нусрат бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» бармеояд, ки 16 октябри соли 2012 дар ин рӯзнома чоп шудааст. Дар он зимни боздошти Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Бритониё, ки ба қавли рӯзноманигор, ҳамчун як фишори сиёсӣ алайҳи Бишкек истифода шудааст, гуфта мешавад, ки қазияи Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, сарвари «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар низ чун фишори сиёсӣ алайҳи Душанбе истифода гардидаст.


Рустам Ҳукумов дар соли 2008 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия дастгир шуда, номи ӯ дар соли 2011, дар замони қазияи боздошти ду халабони рус дар Тоҷикистон вирди забони матбуот шуд. Ҳукумов моҳи декабри соли 2011, як моҳ баъд аз раҳоии он ду халабон, аз маҳбас дар Русия раҳо ёфт ва ба Душанбе баргашт.

Ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров, дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфт, дар матни ин матлаб ягон далеле барои чунин ҳукм мавҷуд нест. Ӯ афзуд, «ин ҳалнома умуман ноодилона ва фаромоишӣ аст. Агар дар ёдатон бошад ҳатто президенти кишвар чӣ қадар кӯшишҳоро барои бардоштани тӯҳмату таҳқир аз кодеси ҷиноятиро кард. Ва ин ҳалнома яке аз шаклҳои таъқиби рӯзномаҳост. Хусусан вақте мо рӯзномаи «ИмрӯзNews»-ро мехонем, ки мақомоти судиро танқид мекунанд ва симои аслии судро нишон медиҳанд, ки чӣ гуна аст ва на дар ҳама ҳолат ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоят мекунад."

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони тоҷик

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони тоҷик

Бузургмеҳр Ёров дар идома гуфт: "Дар мақолаи мазкур бошад, фактҳое, ки аз ин пеш маълум буданд, навишта шудаанд. Аз сӯи дигар, ҷониби даъвогар аз нашрия 50 ҳазор сомонӣ талаб кардааст, дар ҳоле, ки ин рӯзнома аз нашри ин мақола 50 ҳазор сомонӣ фоида надидааст. Масалан, агар рӯзнома чунин фоида медид ва даъво мешуд, ки аз ҳамин мақола манфиати калони молӣ расидааст ва бояд 50 ҳазор сомонӣ руёнида шавад, ин масъалаи дигар буд.»

Гузашта аз ин, ҷаноби Ёров ба таври пӯшида ҷараён гирифтани мурофиаро ғайриқонунӣ унвон кард. Ба гуфтаи вай, танҳо дар баррасии ҷиноятҳое, ки марбути таҷовуз ба номус ва ё сирри давлативу ҳарбист, ба додрас ҳуқуқи дар шакли пӯшида гузаронидани мурофиа дода мешавад.

Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқи додгоҳи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло барои аксари додрасҳо, ки чандон дониши кофӣ надоранд, арзишҳо тағйир кардаву адолати додгоҳӣ моҳияти худро аз даст додааст. Ӯ аз ҷумла афзуд, «дар солҳое, ки мо фаъолият мекардем, арзишҳо дигар буданд ва мо аслан аз рӯи қонун амал менамудем. Ва ҳоло шояд бо талаби замон бошад, ки мавқеъ ва арзиши судяҳо поён рафтааст. Ҳоло судяҳо мустақил нестанд, яъне дар қонун дигару дар амал дигар ва кадом тараф ба истилоҳ вазнинтар бошад, ба ҳамон ҷониб нигоҳ мекунанд. Аслан бештари судяҳо ҷавонанд ва бо маслиҳати судҳои болоӣ кор мекунанд. Ҳамин вобастагист, ки на инаш хуб кор мекунад на дигарӣ.»

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукми додгоҳ зидди рӯзномаи «ИмрӯзNews»-ро зери тозиёнаи танқид гирифта, онро далели “рӯйихотирбинӣ”-и додгоҳе номидаанд, ки бино бар Қонуни асосии Тоҷикистон бояд мустақил бошад ва танҳо ба қонун хидмат кунад. Ин масъала ҳам норӯшан мемонад, ки чаро Рустам Ҳукумов маҳз ин нашрияро ҳадаф қарор дод, ҳол он ки айни матлабро садҳо нашрияи дигар дар Тоҷикистону Русия мунташир намуданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG