Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи кишварҳои хориҷӣ ба мансабдорони тоҷик – фақат бо иҷозаи Э.Раҳмон. САДО


Владимир Путин ба президенти Тоҷикистон ба хотири талошҳояш дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ордени Александр Невскийро месупорад. Моҳи феврали 2017
Владимир Путин ба президенти Тоҷикистон ба хотири талошҳояш дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ордени Александр Невскийро месупорад. Моҳи феврали 2017

Аз ин ба баъд ҳеҷ мансабдори тоҷик бидуни иҷозаи президент ҳаққи гирифтани мукофот, унвонҳои фахрӣ ва махсусро аз ҳукуматҳои хориҷӣ ва ё созмонҳои байналмилалӣ нахоҳад дошт. Ин талабот ахиран дар қонун “Дар бораи хизматчии давлатӣ” ворид шудааст.

Бе иҷозаи президент касе мукофот намегирад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00
Линки мустақим

Мукофоту орденҳо аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ бештар ба мансабдорону ҳарбиёни Тоҷикистон дода мешавад.

Ин қонун пас аз баррасӣ дар порлумон охири моҳи феврали соли 2017 аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, имзо шудааст. Ҳамзамон, дар ин қонун мансабдорони тоҷик ҳаққи дарёфти шаҳрвандии давлатҳои дигарро надоранд ва дар сурати пазируфтани шаҳрвандии кишвари дигар бояд кор дар сохторҳои давлатиро тарк кунанд. Қаблан қонун “Дар бораи кормандони амният” фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар ин сохторро манъ карда буд.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 22 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми баррасии ин қонун дар порлумон таъкид шудааст, мукофоту унвонҳое, ки кишвару созмонҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон медиҳанд, моли давлат ҳисоб ёфта, бояд дар осорохонаи давлатӣ нигаҳдорӣ шавад. Ин вакили порлумони Тоҷикистон гуфт, бо дарназардошти онки ин мукофот ба як мансабдори тоҷик ҳамчун корманди ҳукумати кишвар супурда мешавад, дар борааш бояд қаблан президент ҳатман огоҳ карда шавад.

Ӯ гуфт, “ин моликияти шахсии як нафар ҳисоб намешавад, зеро ӯ ҳамчун намояндаи як давлат онро гирифтааст. Ба он хотир ин мукофоту унвонҳо бояд ба осорхона супорида шаванд, ки онҷо муносибат ё эҳтироми як давлату созмон ба шаҳрванди як кишвар инъикос меёбад.”

Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Қонун “Дар бораи хизматчии давлатӣ” аз соли 2007 то кунун бори севум аст, ки тағйир меёбад. Дар тағйири соли 2010 гуфта шудааст, ки шаҳрванди хориҷӣ ба таври истисно метавонад, хизматчии давлатӣ бошад, аммо дар тарҳи нав ин меъёр комилан бардошта шудааст.

Абдусалом Рафиев, як корманди собиқадори ҳукумати маҳаллӣ, рӯзи 22 март ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун мақомоти маҳаллӣ тарҳҳои зиёдеро бо созмонҳои кишварҳои гуногун амалӣ мекарданд ва дар поён ба онҳо ҳамчун қадрдонӣ мукофоту сипосномаҳо дода мешуд. “Ҳоло гирифтани инҳо дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи президент ба роҳ монда шудааст”, - афзуд ӯ.

Мукофоту орденҳо аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ бештар ба мансабдорону ҳарбиёни Тоҷикистон дода мешавад. Матбуот дар як соли охир бештар аз қадрдонӣ шудани мақомдорони тоҷик аз ҷониби ҳукумати Русия хабар додааст. Аз ҷумла, зимни боздиди ахираш аз Тоҷикистон дар моҳи феврал Владимир Путин ба президенти Тоҷикистон ба хотири талошҳояш дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ордени Александр Невский ва ба вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ордени “Дӯстӣ” тақдим кард.

Азимҷон Аскаров
Азимҷон Аскаров

Аз ин пеш, моҳи октябри соли 2016 Владимир Путин “барои таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои Русия ва Тоҷикистон” ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе “Ордени Дӯстӣ” дода буд.

Таҷрибаи тақдими ҷоизаҳои давлатӣ ба давлатмардон ва ё фаъолони ҷамъиятии кишварҳои хориҷӣ нав нест. Ҷоизаҳои махсус барои қадрдонии ҳамкориҳои наздик, саҳми шахс барои сулҳи ду кишвар ё минтақа, мукофот барои фаъолияти барҷаста дар арсаи ҳуқуқи башар пайваста дар сатҳи ҳукуматҳои ғарбиву аврупоӣ ва ҳам созмонҳои фаъол супурда мешаванд. Гоҳо ҷоизаҳои муайян, масалан дар бахши ҳуқуқи башар, метавонад мояи ҳассосияти ҳукумат ва ҳам давлатмардони кишвараш шавад.

Соли 2015 ҷоизаи вижаи Департаменти давлатии Амрико ба фаъоли ҳуқуқи башар Азимҷон Аскаров ба ҳайси “Ҳомии ҳуқуқи инсон” боис ба хашми ҳукумати Қирғизистон шуд. Дар Бишкек Аскаровро як ҷинояткор ва ҳам таҳрикдиҳандаи ихтилофҳои қавмӣ дар соли 2010 меноманд ва ба сабук кардани ҳукми абади ӯ омода нестанд. Қирғизистон баъд аз тақдими ҷоиза ба Аскарови зиндонӣ ин амали Амрикоро ҳамчун мудохила ба умури дохилии худ маҳкум ва ба таври якҷониба аз созишномаи ҳамкориҳо бо Вашингтон берун шуд.

XS
SM
MD
LG