Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳабси 2 сокини Ҳамадонӣ ва Файзобод барои таблиғи ДИИШ


Бинои мақомоти пулиси ноҳияи Балҷувон.

Бинои мақомоти пулиси ноҳияи Балҷувон.

Додгоҳи ноҳияи Балҷувон ду сокини ноҳияҳои Файзобод ва Ҳамадониро ба иттиҳоми барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ва таблиғи ақидаҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", мутаносибан ба 13-соли зиндон маҳкум кардааст.

Ин ду нафар - Фирӯз Ғиёсзода, сокини 26 солаи ноҳияи Файзобод ва Султоналӣ Ғарибмадов, сокини 24-солаи Ҳамадонӣ мебошанд, ки дар Русия бо ҳам шинос шуда ва ба гуфтаи мақомот, ба таблиғи ғояҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" пардохтаанд. Султоналӣ Ғарибмадов ноябри соли гузашта аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ дар ноҳияи Балҷувон, боздошт шуда буд ва шарики ӯ Фирӯзи Ғиёсзодаро мақомот дар Файзобод дастгир карданд.

Як масъули додгоҳи ноҳияи Балҷувон рӯзи 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду нафар тибқи моддаҳои 307 прим 2, қисми 2, ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, 307 прим 3, қисми 2, яъне ташкили фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки додгоҳ нисбаташон фаъолияти экстремистӣ қабул кардааст ва 401 прим 1, яъне ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ муттаҳам шуданд, муҷрим шинохта шудаанд.

Тибқи иттилои додгоҳ, Фирӯз Ғиёсзода ва Султоналӣ Ғарибмадов дар Русия ба ҳам шинос шуда ва наздикону ҳамсинфонашонро ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" даъват кардаанд."

Дар ҳамин ҳол пайвандони Султоналӣ Ғарибмадов, сокини 24 -солаи ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯянд, ҳукми додгоҳро дастрас кардаанд ва ҳатман аз болои он ба зинаҳои болотари додгоҳӣ, шикоят хоҳанд бурд.

Сайдаҳмад Ғарибмадов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш ҳамроҳи Фирӯз Ғиёсзода -- сокини ноҳияи Файзобод, дар Русия шинос шуда ва дар як коргоҳ кор мекарданд. Баъдан ба гуфтаи Сайдаҳмад, бародараш Султоналӣ 30-юми моҳи сентябри соли гузашта аз Маскав ба зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ омада ва ҷое ҳам кор намекард.

Вай афзуд, ки "бародари ман гӯё чанде аз ҳамсинфонаш ва дигар шиносҳоро тариқи Вайбер ва Одноклласники ба “Давлати исломӣ” таблиғ карда бошад. Ҳарчанд ҳамин чизҳо набуданд ва ӯ 30 сентябр ба хона омад, аммо баъди якуним моҳ ӯро боздошт карда бурданд ва баъди чанд рӯз Фирӯзро низ аз ноҳияи Файзобод оварданд. Дар ҳақиқат бародари ман каме риш дошт, аммо ба коре даст назада буд, вале ӯро бо гуноҳи даъват ба ҷиҳод аз озодӣ ба 13 сол зиндон маҳкум карданд. Ман ҳукми судро дастрас кардам ва аз болои он шикоят хоҳам бурд."

Тибқи иттилои додгоҳ, Фирӯз Ғиёсзода, сокини 26-солаи ноҳияи Файзобод, соҳиби ҳамсар буда, ду фарзанд низ дорад. Аммо Султоналӣ Ғарибмадов муҷаррад мебошад ва қасд доштааст, ки соли ҷорӣ ба донишгоҳ шомил шавад.

Маҳкум ба зиндон шудани ду сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Файзобод ба ҷурми барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ дар ҳолест, ки моҳҳои июл ва август додгоҳи минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Фархор чанд сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархор - Олимҷон Набиев, Раҷабалӣ Муродов, Ҷумъахон Раҷабов, Асламхон Паллаев, Мирзоватан Кучаров, Аврангзеб Файзалиев ва Шарифхон Самиевро ба чунин иттиҳом мутаносибан аз се то панҷсоли маҳкум ба зиндон карда буд.

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ, аз ҷумла созмони “Давлати исломӣ” ба шиддат изҳори нигаронӣ мекунанд. Тибқи омори расмӣ, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳузур доранд. То кунун даҳҳо тан барои ташвиқи ширкат дар ҷанг ва ҳам иштирок дар ҳайати гурӯҳи "Давлати исломӣ", ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG