Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гунаҳгори садамаи фоҷеабор ба 5 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳ муайян кардааст, ки ҷавони 21-сола савори “Мерседес Бенс” ба садамаи автомобилӣ мувоҷеҳ шуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Ҷавоне, ки дар маркази Хуҷанд ду сокинро зери чархи автомобилаш гузошта, фирор карда буд, аз ҷониби додгоҳи Хуҷанд ба 5 соли ҳабс маҳкум шуд.
Як манбаъ аз додгоҳи Хуҷанд ба Озодӣ гуфт, ҷавони баъди садамаи маргбор фироркарда бо номи Фирдавс 21 сола ва донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Хуҷанд буда, дар ҳоле ду раҳгузарро пахш кард, ки автомобили “Мерседес Бенс”- и тақдимкардаи падарашро бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бе санади техникии автомобил бо суръати баланд меронд.

Ин садамаи маргбор дар роҳи марказии Хуҷанд, канори “Хиёбони ситораҳо” нимаи моҳи сентябр рух дода буд. Як марди соҳиби 3 фарзанд дар ҷойи ҳодиса фавтид, дуюмӣ захм бардошта, дар бемористон ҷон ба саломат бурд.
Аммо, ба гуфтаи додгоҳ, ҷавон ба ҷои он ки зарбдидаҳоро ба бемористон расонад, рӯ ба гурез овард ва автомобилашро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пинҳон кард.


Ба дастгир шудани ин ҷавон рақами давлатии нодири автомобилаш “ёрӣ” расонд, ки яке аз ду автомобили дорои се ҳарф дар шаҳри Хуҷанд будааст. Яке аз шоҳидони садамаи марговар рақамро дар ёд дошта, ба кормандони интизомӣ, ки ба ҷойи садама ҳозир шуда буданд, хабар дод.


Ин аввалин бор нест, ки дар вилояти Суғд ронандаҳо баъди садамаи фоҷеабор аз маҳалли ҳодиса фирор мекунанд. Соле пеш дар пули рӯди Сир ронандае марди дучархасаворро зада, кушта бар ҷой гузошт ва фирор намуд. Аммо навори видеои канори роҳ ӯро ошкор кард.

Садамаҳои нақлиётӣ дар вилояти Суғд рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Додгоҳи Хуҷанд мегӯяд, тайи 1 моҳи охир ҳудуди 10 парвандаи ҷиноӣ марбут ба садамаи нақлиётиро, ки дар ду маврид бо ҳалокати пиёдагардон анҷом ёфтааст, баррасӣ кардааст. Ҳоло 10 парвандаи дигари марбут ба садамаи нақлиётӣ дар ҳоли баррасии тафтишот қарор дорад.
XS
SM
MD
LG