Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорат муваззаф шуд, ба хонаводаи Хушвақт 300 ҳазор сомонӣ пардозад


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Додгоҳе дар Душанбе, вазорати умури дохилии Тоҷикистонро муваззаф сохтааст, ки ба хонаводаи як сокини ноҳияи Ёвон, ки аз сӯи маъмурони пулис мавриди озор қарор гирифта буд, 300 ҳазор сомонӣ пардохт намояд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори худ дар бораи пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ ба хонаводаи Хушвақт Қаюмовро, ки дар соли 2012 аз тарафи корманди умури дохилаи ноҳияи Ёвон мавриди озор қарор гирифта, кӯшиши худкушӣ карда буд, ба ихтиёри вазорати корҳои дохилӣ гузошт ва мунтазири посухи ин ниҳод мебошад.

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Хушвақт Қаюмов (Хушвақти Маҳмадсаид) -- сокини деҳаи Қулободи Ёвон имрӯз, 12 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи Исмоили Сомонӣ аризаи онҳо оид ба пардохти 300 ҳазор сомонӣ аз тарафи вазорати корҳои дохила ба хонаводаи Хушвақт барои зарари маънавиро баррасӣ кард ва барои пардохти он, як нусхаи ҳалномаи худро ба вазорати корҳои дохилӣ ирсол намуд.

Ду сол қабл Машраф Алиев, корманди милисаи шӯъбаи корҳои дохилии Ёвон бо гумони дузди Хушвақтро боздошт карда, мавриди таҳқиру озор қарор дода буд, ки дар натиҷа рӯзи 29-уми апрели соли 2012 ин ноболиғ дар каҳдони ҳавлиашон худро ба дор овехт ва дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ мешавад.

Дафтари матбуоти Додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар робита ба ин қазия гуфт, ки онҳо қарори додгоҳро ба вазорати корҳои дохилӣ ирсол доштаанд ва мунтазири посухи ин ниҳод мебошанд. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, додрас Исоев бо ин масъала машғул аст.

Вакили мудофеъ Гулчеҳра Холматова афзуд, ки хулосаи пардохти 300 ҳазор сомонии зарари маънавиро ҳуқуқшиносони як маркази ҳуқуқӣ дар Укроин ва созмони “Пизишкони бидуни марз” мушаххас карданд: “Онҳо бо худи Хушвақт тайи чанд муддат суолу ҷавоб карданд ва баъд хулосаи худро ба Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсони Тоҷикистон пешниҳод карданд ва бар асоси он, бо аризаи шикоятӣ ба додгоҳ муроҷиат карда шуд.”

Ду сол қабл, Додситонии вилояти Хатлон нисбати Машраф Алиев, корманди милитсияи ноҳияи Ёвон, рӯзи 3-юми майи соли 2012 тибқи моддаҳои 143 қисми 1, (шиканҷа), 109 (ба худкушӣ расонидани ноболиғ) ва 316 (баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Баъдтар дар моҳи сентябри ҳамон сол Додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро ба 7 соли зиндон маҳкум кард ва бар иловаи он, ӯро барои се соли дигар аз ҳуқуқи кор дар мақомоти давлатӣ маҳрум сохт.

Парвандаи корманди милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки Хушвақти ноболиғро мавриди таҳқиру озор қарор додааст, яке аз ҳодисаи пурсарусадо дар расонаҳои кишвар маҳсуб мешуд, ки аз тарафи марказҳои ҳуқуқии Тоҷикистон то замони маҳкумияти корманди милиса таҳти назорат ва таваҷҷӯҳ қарор дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG