Пайвандҳои дастрасӣ

Нисбат ба панҷ ҷавони сокини Кӯлоб, ки иштирокашон дар ҷанги Сурия дақиқ шудааст, дар ғайбашон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Панҷ ҷавони минтақаи Кӯлоб бар асоси банди 152, қисми 1, ки моҳе пеш ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон изофа карданд, гумонбар дониста мешаванд.

Ин банди Кодекси ҷиноятӣ “ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо”-ро ҷиноят дониста, аз 12 то 20 сол ҷазои ҷиноятиро дар назар дорад.

Масъулони раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки то чанде пеш дар мавриди ширкати ин ҷавонон ва чанд ҷавони дигар танҳо овозаҳо мавҷуд буд, вале ҳоло дигар дақиқ шудааст, ҳамин панҷ нафар дар Сурия ҳузур доранд.

-Нисбати онҳо парванда боз шудааст ва аксҳояшон ҳам ба нозирон дода шудааст, ки дар сурати пайдо шуданашон дар маҳалли зист боздошт шаванд. Онҳо ҳузури худро ҳангоми тамос бо наздикон низ тасдиқ кардаанд. Талош барои баргардонидани онҳо низ ба воситаи наздиконашон вуҷуд дорад,-гуфт, ин манбаъи мо аз Райёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар сурати ихтиёран баргаштан ва худро ба мақомоти пулис таслим кардану кирдорҳои худро сидқан иштибоҳ унвон кардан парвандаи ҷиноятӣ нисбаташон лағв ва аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳанд шуд.

Ин манбаъ аз бурдани исми ин афрод худдорӣ кард, аммо то кунун танҳо номи Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Поёни Кӯлоб, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ширкати худ дар ҷанги Сурияро бо исми Абу Холид Кӯлобӣ тасдиқ кардааст, ба ҳамагон маълум аст. Ҳамчунин, хабари марги Бахтиёр Шеров, сокини дигари ин шаҳр дар Сурия расонаӣ шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG