Пайвандҳои дастрасӣ

Урунбек Тошев -- афсари собиқи комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент даъвати иҷборӣ ё "облава"-и Саидалӣ Ҳайбердиев, сокини 24-солаи ин шаҳрро тасдиқ карда, вале латту кӯбашро рад намудааст.

Дар шаҳри Хуҷанд муҳокимаи додгоҳии Урунбек Тошев -- афсари собиқи комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент оғоз ёфт, ки ӯро ба сӯистифода аз мақом ва берун рафтан аз ваколати хидматӣ муттаҳам мекунанд.

Урунбек Тошевро Саидалӣ Ҳақбердиев, як сокини ҷавони Панҷакент барои он ба додгоҳ кашидааст, ки ӯро зимни даъвати маҷбурӣ ба артиш ва ё ба қавли мардумӣ "облава" ба ҳадде латту кӯб кардааст, ки пардаи гӯшаш дарида ва ӯ ду рӯз беҳуш будааст.

Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва вакили дифои ҷабрдида рӯзи 2 март ба Радиои Озодӣ гуфт, айбдоршавандаи асосӣ Урунбек Тошев дар рӯзи аввали муҳокима ба гуноҳи худ иқрор шуд, ки дар ҳақиқат хостааст, Саидалӣ Ҳақбердиевро маҷбуран ба артиш фиристад, вале латту кӯби нафари таҳти ҳимояти ӯро рад кардааст.

Мақомоти тафтишотӣ ҳам нисбат ба Урунбек Тошев фақат бо "берун баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" айб эълон кардаанд, ки ба гуфтаи Дилшод Ҷӯраев дуруст нест.

“Айбдоршаванда бо айбе, ки нисбат ба ӯ эълон шудааст, худро гунаҳкор ҳисоб кард вале гуфт, латту кӯб накардааст. Аммо ҷабрдида инҷо ваҷҳ дорад ва дар ҳақиқат ҳамин хел ҳаст, ки ҷабрдидаро латту кӯб намудаанд. Урунбек Тошев инро ба гардан намегирад, ки Саидалӣ Ҳақбердиевро латту кӯб кардааст ва мегӯяд, ӯ худро аз мошин партофтааст",-шарҳ дод Дилшод Ҷӯраев.

Вакили дифои ҷавони ҷабрдида мегӯяд, нафари таҳти ҳимояти ӯ ҷароҳатҳое бардоштааст, ки осори зарбу лат аст, на афтодан аз мошин. Дилшод Ҷӯраев ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз додгоҳ рӯзи 3 март тақозо мекунанд, парвандаро барои тафтиши иловагӣ фиристад.

Вале тафтишот мегӯяд, Урунбек Тошев танҳо Сайдалӣ Ҳақбердиевро ғайриқонунӣ дастгир карда ва хостааст, маҷбур ба хидмати сарбозӣ фиристад, ки мувофиқи қонун дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Агар додгоҳи Хуҷанд Урунбек Тошевро ҳам бо иттиҳомоти ҳозира гунаҳкор эълон кунад, мумкин аст, ӯ мувофиқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз 10 ҳазор то 29 ҳазор сомонӣ ҷарима шавад. Вале Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, онҳо саъй хоҳанд кард, афсари собиқи Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ҷазои, ба гуфтаи ӯ, сазовор бигирад: "Мо мехоҳем, ҳақиқат барқарор карда шавад ва ҳама бояд ҷазои ба кирдораш муносибро бигирад."

Сокини деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент Саидалӣ Ҳақбердиеви 24-соларо чоруми ноябри соли гузашта кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия “облава" карда, хостаанд ба артиш баранд. Вале, ба гуфтаи наздиконаш, Саидалӣ ба амалкардҳои ғайриқонунии афсарон эътироз мекунад ва ӯро дар роҳ то маркази ноҳия ба ҳадде мезананд, ки беҳуш мешавад ва баъди ду рӯз дар беморхона ба худ меояд. Бар асоси ин парванда як мутахассиси дигари комиссариати ҳарбии Панҷакент ба додгоҳ кашида шудааст.

Саидалӣ Ҳақбердиев соли 2014 Донишгоҳи Хуҷандро хатм карда, ба деҳааш барои кор баргаштааст. Пизишкон ҳам гуфтаанд, ки Саидалии беҳушро бо занбар ба шифохона оварданд ва пардаи гӯшаш дарида буд. Даъват ба сафи артиши Тоҷикистон баҳор ва тирамоҳ сурат мегирад ва дар ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27 соларо ба сафи артиш даъват мекунанд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ азбаски бадрафторӣ бо сарбозони навомада дар артиш зиёд аст, ҷавонон аз хидмат ҳазар мекунанд. Аз ин сабаб мақомоти расмӣ нақшаи даъватро аз роҳи даъвати маҷбурӣ ва ё “облава” пур мекунанд. Сафарбарии иҷборӣ ба артиш ё “облава” аз масоилест, ки ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар қарор доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG