Пайвандҳои дастрасӣ

Сухани охирини "Шайх Темур": Маро озод кунед


Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба номи "Шайх Темур"

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба номи "Шайх Темур"

​Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”, дар сухани охиринаш аз додгоҳ хостааст, ки синну соли ӯро ба инобат гирифта, аз толори додгоҳ озодаш кунанд.

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур", рӯзи 7 июл дар сухани охиринаш дар додгоҳ аз ҷамъи иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншуда танҳо бисёрзаниро ба гардан гирифта, аз додгоҳ хостааст, ки синну соли ӯро ба инобат бигиранд ва дар ин моҳи Рамазон аз толори додгоҳ озодаш кунанд.

Мурофиаи парвандаи "Шайх Темур"-ро Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста дар яке аз толорҳои Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе анҷом медиҳад.

Саидмаҳдихон Сатторов дар сухани охиринаш аз ҷумла гуфтааст, "дар рафти мурофиа тамоми шоҳидони даъватшуда инро ки гӯё аз ҷониби ман таҳдид, зӯроварӣ, фишор шуда бошад, инкор карданд. Ҳатто ҷабрдидаҳо изҳор карданд, ки шахсан аз сӯи ман ягон фишор, таҳдид ё зӯроварӣ нисбат ба онҳо нашудааст."

Саидмаҳдихон Сатторов ҳамчунин иттиҳоми тасарруфи заминро бепоя номида, дар сухани охиринаш гуфтааст: "Соли 1978-1979 дар кадом қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи як қитъаи замин 150 000 доллар буд?" Ӯ аз қозии мурофиа хостааст, "пиронсолии маро ба назар бигиред ва маро дар ин моҳи Рамазон аз толори суд озод кунед."

Ин дар ҳолест ки рӯзи 30 июн айбдоркунандаи давлатӣ Дилафрӯз Исмоилова аз додгоҳ барои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” 18 соли зиндон ва барои муриди 39-солаи ӯ Фузайл Низомов, ки ба тамаъҷӯӣ айбдор мешавад, 16 соли зиндон пурсида буд.

Аммо Мавлудхон Солиҳов, вакили мудофеи ин рӯҳонӣ баръакс бо таъкид ба собит нашудани иттиҳомоти эълоншуда дар рафти мурофиа хостори комилан сафед кардани муваккилаш шуд. Мавлудхон Салихов рӯзи 7 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раиси мурофиа ва маслиҳатчиёнаш баъд аз шунидани сухани охирини судшаванда ба хонаи маслиҳатӣ рафтаанд ва ҳукми Саидмаҳдихон Сатторов ғолибан рӯзи 8 июл эълон мешавад.

Ӯ изҳори умед кард, "“адолати судӣ тантана мекунад ва Саидмаҳдихон Сатторов озод мешавад, чунки дар рафти мурофиа ягон гуноҳи ӯ исбот нашуд."

Саидмаҳдихон Сатторов, сокини 65-солаи ноҳияи Турсунзодарӯзи 16 феврали соли ҷорӣ дастгир шуда ва алайҳи ӯ бар асоси моддаи 250, яъне тамаъҷӯӣ, моддаҳои 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон), 243 (таҳқири ҷасади фавтидагон ва ё несту нобуд кардани гӯрҳо), моддаи338 (ишғоли худсаронаи замин) айбнома эълон шудааст. Дар як гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” ба он айбдор мешуд, ки гӯё даъвои пайғамбарӣ мекард вадар яке аз гӯристонҳои ноҳияи Ваҳдат чандин қабрро вайрон карда, барои падараш мақбараи бузургу боҳашамате сохтааст. Ӯ ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва тасарруфи замини як мактаб айбдор мешуд.

Дар ин филми мустанад гуфта мешуд, ки Саидмаҳдихон Сатторов 7 зан дорад ва соли 2012 номи худро дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст. Дар ин филм ровӣ мегӯяд: "Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро "Имом Маҳдӣ", пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад.”

Муаллифони филм "Шайх Темур"-ро як "қаллоби динӣ" ва пайравони ӯро “саллакабудон” номида мегуфтанд, ӯ ва муридонаш, ки саллаи кабуд мебастанд, тавонистаанд, садҳо нафарро ба доми фиреб андохта, барои худ аз ҳисоби мардум зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд. Дар ин филми мустанад зери унвони “Ривояти Шайх Темур” гуфта мешуд, Саидмаҳдихон Сатторов қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда ва барои як ҳамсараш хона сохтааст.

Ҳамчунин занеро дар филм нишон доданд, ки гӯиё ҳамсари Шайх Темур будааст ва ӯро баъдан бемори рӯҳӣ гуфта, ба тимористон (шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ) овардаанд. Дар як саҳнаи дигари филм дида мешуд, ки муридон ва ё пайравони Саидмаҳдихон Сатторов, барои пойандози ӯ кашмакаш мекунанд ва баъзе аз онҳо мошини ӯро мебӯсанд.

Саидмаҳдихон Сатторов, соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада ва дар овони ҷавониаш 2 сол зиндонӣ шудааст. Баъдан ба водии Ҳисор кӯч баста, дар деҳаи Асбоби ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор манзили зист ва зан доштааст. Баъзе аз эътиқодмандони Шайх Темур гуфтанд, ки иддаоҳо дар бораи ӯ тӯҳмат аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG