Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихонов: Салоҳиддин Азизовро бо дастури мақомоти Русия куштем


Никита Тихонов дар додгоҳ
Никита Тихонов дар додгоҳ

​Яке аз шоҳидон дар мурофиаи парвандаи раҳбари гурӯҳи қавмгарои БОРН Иля Горячев дар додгоҳи Маскав гуфтааст, онҳо муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро бо дастури мақомоти Русия куштаанд.

Никита Тихонов, яке аз раҳбарони БОРН ("Боевая организация русских националистов" ("Созмони ҷангии миллатгароёни рус"), ки алакай бо ҷурми чанд куштор дар заминаи адовати қавмӣ маҳкум ба ҳабси абад шудааст, рӯзи 8 июн дар мурофиаи парвандаи Иля Горячев дар додгоҳи Маскав гуфт, ки онҳо ин қатлҳоро бо амри Горячев анҷом додаанд ва ӯ аз мақомоти болоии Русия барои анҷоми қатлҳои пурсарусадо дастур мегирифт. Мурофиаи Иля Горячев, мулаққаб ба "Студент", ки раҳбари аслии БОРН ба шумор меравад, рӯзи 2 июн шурӯъ шуд.

Никита Тихонов дар додгоҳ шаҳодат дод, ки фаъолияти БОРН-ро маҳз Иля Горячев аз паси парда раҳбарӣ мекард, вале бисёре аз аъзои ин созмони қавмгаро ӯро намешинохтанд. Тихонов гуфтааст, ки неонатсистҳои БОРН маҳз бо амри Иля Горячев вакили мудофеъ Станислав Маркелов ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро куштаанд.

Ба гуфтаи Тихонов, ӯ барои ширкат дар як занозанӣ таҳти таъқиб қарор дошт ва Горячев гуфтааст, ки агар як-ду куштори пурсарусадо анҷом диҳанд, таъқиби ӯ дигар бас мешавад. Горячев, ки, бино ба шаҳодати Тихонов, аз робитаҳои хубаш бо дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия лоф мезад, гуфтааст, барои “болоҳо” чунин қатлҳои пурсарусадо лозиманд.

Аммо Марк Фейгин, вакили мудофеи Иля Горячев рӯзи 9 июн дар як посухи расмӣ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ иддаои Тихоновро рад кард. Ӯ мегӯяд, "ин дурӯғ аст. Чӣ ҳукумате ки дар Старая плошад

Акси Салоҳиддин Азизов
Акси Салоҳиддин Азизов

(қароргоҳи ҳукумати Русия) дар сари қудрат бошад ё набошад, ба ҳеҷ кадоми онҳо буридани сари Азизови бечора лозим набуд. Тихонов танҳо нақшеро, ки барои ӯ дар раёсати ҳифзи низоми конститутсионии ФСБ (Хадамоти федеролии амнияти Русия) навиштаанд, бозӣ карда истодааст."

Иля Горячев ҳар навъ иртиботаш бо БОРН ва қатлҳои анҷомшуда аз сӯи ин гурӯҳи қавмгароро рад мекунад. Горячев дар ҷараёни тафтишот ҳам гуфтааст, гӯё Салоҳиддин Азизовро на ӯ, балки Никита Тихонов ва Алексей Коршунов - ду узви дигари БОРН - куштаанд. Коршунов қаблан прапоршики ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия - будааст.

Аммо Тихонов иддао дорад, ки Горячев нишонии қурбониҳои ояндаи БОРН-ро аз мақомоти интизомии Русия мегирифт ва ба онҳо медод. Ба гуфтаи ӯ, Горячев бо ин роҳ мехост ба ҳукумат роҳ биёбад.

Салоҳиддин Азизови он замон 20-сола, ки дар амбори меваҷоти минтақаи Покровское дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабри соли 2008, ҳамроҳ бо ҳамватани он замон 22-солааш Ҷамолиддин Алиев дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор ба манзили иҷораашон дар як ҷангалзор дар наздикии рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифт. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад ва хабари ҳадафи ҳамла қарор гирифтанашонро ба ҳамватанонаш бирасонад.

Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо карданд. Тафтишот мегӯяд, аъзои БОРН сари бетани муҳоҷири тоҷикро чанд рӯз дар манзили Тихонов дар яхдон нигоҳ дошта, хеле фикр кардаанд, ки аз ин ҷиноят чигуна барои таблиғи худ истифода баранд.

Баъди чанд рӯз аъзои БОРН сари буридаи Салоҳиддинро дар як қутти ахлот дар назди идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав партофта, тавассути почтаи электронӣ аксашро ба чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» фиристоданд. БОРН дар он паёмаш масъулияти қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷикро бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи “ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр” номид.

Моҳи сентябри соли 2014 раҳбари асосии БОРН Никита Тихонов бо ҷурми 6 куштор ва 2 қасди куштор, аз ҷумла барои нақшаш дар қатли Маркелов ва Бабурова ба 18 соли зиндон ва моҳи марти соли равон ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дӯстдухтари Тихонов Евгения Хасис ва 5 узви дигари ин гурӯҳ низ ба солҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла дуи онҳо онҳо - Вячеслав Исаев ва Максим Баклагин бо ҷурми куштани қозии додгоҳи Маскав Эдуард Чувашов ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд. Як узви дигари БОРН дар ҳоли фирор дар Украина аз таркиши норинҷак ҷон бохт

Иля Горячев охирин нафар аз 9 узви мушаххасшудаи гурӯҳи БОРН аст, ки парвандааш ба додгоҳ расид. Ӯ ба таъсиси созмони ифротӣ, гурӯҳи мусаллаҳ ва ширкат дар ҳамлаҳои ин гурӯҳ, қатли беш аз ду нафар дар заминаи адовати миллию ақидатӣ, харидорӣ ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ айбдор мешавад. Дар сурати ба гарданаш дайн шудани ин иттиҳомот, Горячев низ метавонад барои умрбод зиндонӣ шавад.

XS
SM
MD
LG