Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи узбакистоние, ки Барак Обамаро куштан мехост


Дар акс: Абдурасул Ҷӯрабоев (нафари аввал аз тарафи рост)
Дар акс: Абдурасул Ҷӯрабоев (нафари аввал аз тарафи рост)

​Дар ин ҳафта аз додгоҳҳои Амрико дар бораи муҳокимаи 4 зодаи Узбакистон ва як зодаи Қазоқистон бо иттиҳоми терроризм ва кумак ба созмонҳои террористӣ гузориш расид.

Додситонҳои Амрико мегӯянд, як зодаи 25-солаи Узбакистон дар Ню-Йорк қасди расондани кумаки молӣ ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" доштанашро эътироф кардааст. Абдурасул Ҳасанович Ҷӯрабоев як сол пеш дар Интернет паёме гузошта буд, ки агар "Давлати исломӣ" амр бидиҳад, ӯ метавонад президенти Амрико Барак Обамаро бикушад ваё истироҳатгоҳ дар ҷазираи Конии Ню-Йоркро битарконад. Ба Ҷӯрабоев акнун 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Абдурасул Ҷӯрабоев моҳи феврал дар манзилаш дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк вақте дастгир шуд, ки дар даст билети парвоз то Туркияро дошт ва қасд дошт, моҳи март ба созмони “Давлати исломӣ” бипайвандад. Кафили додситони Амрико Келли Кюри гуфт, “агар ин сафар муяссар намешуд, ӯ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Амрико омодагӣ мегирифт.”

Ҳамроҳ бо Ҷӯрабоев 4 зодаи дигари Осиёи Марказӣ низ дар Амрико бо гумони терроризм дастгир шудаанд. Аммо ба фарқ аз Абдурасул Ҷӯрабоев, ин 4 нафар - зодагони Узбакистон Акмал Зокиров, Дилҳаёт Қосимов ва Аброр Ҳабибов ва зодаи Қазоқистон Аҳрор Саидаҳмадов - иттиҳомоти алайҳашон эълоншударо ба гардан нагирифтаанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки қаламравҳои бузурге дар Сурияву Ироқро забт карда, бо қатлҳои дастаҷамъии бераҳмона, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирону гаравгонҳо ва мухолифонаш ном баровардааст. Аксари кишварҳои дунё ин созмонро террористӣ шинохта, фаъолияташро манъ кардаанд.

Баррасии қазияи Ҷӯрабоеву шариконаш дар ин ҳафта аллакай дувумин муҳокимаи зодагони Узбакистон дар Амрико бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои террористист. Рӯзи 12 август ҳайати мунсифаи додгоҳи Амрико як зодаи дигари Узбакистонро дар ҷамъоварии маводи тарканда дар манзилаш дар аёлати Айдаҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳҳои кумак ба созмони мамнӯи Ҳаракати исломии Узбакистон гунаҳкор шинохт.

Фазлиддин Қурбонови 33-сола соли 2009 аз Узбакистон ба Амрико омадааст. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, ӯ ҳанӯз дар соли 2013, дар пайи дар манзилаш дар минтақаи Бойс кашф шудани “маводи бомбсозӣ”, бо шумули якноринҷаки дастии холӣ, нуриҳои минералӣ ва маводи дигар, дастгир шуда буд.

Додситонҳои федеролии Амрико мегӯянд, Қурбонов, ҳамчунин қасд дошт, Ҳаракати исломии Узбакистонро, ки Амрико як созмони террористӣ мешиносад, аз тариқи Интернет ҳимоят ва кумаки молӣ намояд. Онҳо мегӯянд,Фазлиддин Қурбонов ҳамин тавр имкони ҳамлаҳо ба таъсисоти амрикоиро таҳқиқ мекард ва дастури чигуна сохтани бомбро меҷуст.

Аммо Чарлз Петерсон, вакили мудофеи ин зодаи Узбакистон мегӯяд, Фазлиддин Қурбонов дар бораи тайёрӣ диданаш ба анҷоми ҳамлаҳо аз ҳаво лоф мезанад ва маводи ёфтшуда аз манзили ӯ дар асл маводи хом барои сохтани фейерверк аст, ки дар мағозаҳои шикору варзишӣ қонунан фурӯхта мешаванд.

Ҳайати мунсифаи додгоҳи Амрико Фазлиддин Қурбоновро бар асоси 3 банди айбномааш, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷиноят ва талоши пуштибонӣ аз созмони террористӣ гунаҳкор донист, вале ду иттиҳоми дигари зидди ин зодаи Узбакистонро таъйид накард. Акнун ба Фазлиддин Қурбонов барои ҷамъоварии маводи тарканда 10 соли зиндон ва барои ду иттиҳоми дигар 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Интизор меравад, додгоҳ ҳукми ӯро рӯзи 10 ноябр эълон кунад.

Ҳаракати исломии Узбакистон дар поёни солҳои 80 бо ҳадафи сарнагун кардани ҳукумати худкомаи ин кишвари Осиёи Марказӣ таъсис ёфта буд. Аъзои он дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз тарафи нирӯҳои мухолифин меҷангиданд. Баъди сулҳи соли 1997 нирӯҳои Ҳаракати исломии Узбакистон аз Тоҷикистон ба Афғонистон паноҳ бурда, дар онҷо бо шабакаи террористии Ал-Қоида ва гурӯҳи Толибон пайвастанд. Ҳоло бовар меравад, ки пойгоҳҳои асосии ин созмони манмӯъ дар минтақаҳои қабиланишини Покистон бошад, вале дар солҳои охир пайравони Ҳаракати исломии Узбакистон талош доранд, аз тариқи шимоли Афғонистон ба Осиёи Марказӣ баргарданд.

Ҳафтае пеш гузориш шуд, ки Ҳаракати исломии Узбакистон ба созмони “Давлати исломӣ”, ки дар сарзаминҳои ишғолкардааш дар Сурияву Ироқ эълони “хилофат” кардааст, байъат супурда, гуфтааст, аз ин ба баъд онҳоро на Ҳаракати исломии Узбакистон, балки “афроди вилояти Хуросони “Давлати исломӣ” ном бибаранд. “Вилояти Хуросон” дар харитаи “Давлати исломӣ” қаламрави кишварҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва шарқи Эронро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG