Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми Аминҷон Гулмуродзода бетағйир монд


Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Аминҷон Гулмуродзода, журналисти Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистонро бидуни тағйир боқӣ гузошт.

Мурофиаи бозбинии парвандаи журналист Аминҷон Гулмуродзода баъд аз зуҳри имрӯз, 30 сентябр дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки теъдоди зиёде аз ҳамкорону хабарнигорон дар он ширкат доштанд.

Дар мурофиаи додгохи имрӯз Аминчон гуфт, “аслан гуноҳе надорад ва ӯро барои одам буданаш суд кардаанд". Ҳамчунин, Гулмуродзода ҳукми додгоҳи ноҳияи Сомониро хандаовар ва беасос номид.

Вакилони дифоъ ҳам талаб карданд, ки бинобар беасос будан ва бар пояи гумонҳо таҳия шудани парванда ҳукми қаблӣ бекор ва парванда ба тафтишоти нав фиристода шавад. Аммо айбдоркунандаи давлатӣ талаб кард,ки ҳукм бетағйир монад ва додгох ин тақозоро пазируфт.

Додрас зимни қироати тасмими додгоҳи шаҳри Душанбе, ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро дар нисбати Аминҷон Гулмуродзода бидуни тағйир гузошт.

Аминҷон Гулмуродзодаро 18-уми август додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар" гунаҳкор ва барои ду сол равони зиндони низомаш умумӣ кард.

Аммо Аминҷон Гулмуродзода дар аризаи шикоятии худ аз додгоҳи Душанбе хоста буд, то ҳукми содиркардаи додраси додгоҳи Сомониро бо сабаби “ғайримунсифона” будан, бозбинӣ кунанд.

Қарор буд, парвандаи Аминҷон Гулмуродзода, рӯзи 23-юми сентябр дар додгоҳи шаҳри Душанбе бозбинӣ мешуд, аммо додраси парванда бо сабабҳои номаълум мурофиаи касатсиониро то як ҳафтаи дигар , то имрӯз 30 сентябр ба тавқиф гузошт.

Аминҷон Гулмуродзода, фарзанди Пайванди Гулмурод, номзади илми филологӣ ва бунёдгузори Рӯзи матбуоти тоҷик мебошад. Пайванди Гулмуродзода моҳи апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб вафот кард.

XS
SM
MD
LG