Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 сол ҳукми курсант Зоир Ниёзов бетағйир боқӣ монд


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти Зоир Ниёзовро рад карда, 13 сол ҳукми зиндони ӯ бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба ду донишҷӯи мактаби олии КДАМ-ро, ки сабаби марги яке аз онҳо шудааст, бетағйир гузоштааст.

Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта баъди баррасии шикояти Зоир Ниёзов 13 сол ҳукми зиндони ин курсант (донишҷӯ)-и соли сеюми Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)-ро бидуни тағйир боқӣ гузоштааст. Дар ин бора рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ мақомоти додгоҳи низомии гарнизони Душанбе хабар доданд.

Шараф Нарзуллозода, додраси додгоҳи низомии гарнизони Душанбе, ки масъулияти баррасии парвандаи Зоир Ниёзовро бар ӯҳда дошт, низ ба Озодӣ гуфт, рад шудани шикояти Зоир Ниёзов нишон медиҳад, ки ҳукми моҳи гузашта содиркардаи ӯ дуруст будааст.

Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе дар моҳи май таҳти раёсати Шараф Нарзуллозода Зоир Ниёзовро бо иттиҳоми бадрафторӣ нисбат ба донишҷӯёни соли аввал, ки боиси марги Исмоил Азизов ва осеби ҷисмонӣ дидани Парвиз Домуллоев шудааст, ба 13 соли зиндон маҳкум карда буд.

Аммо наздикони Зоир Ниёзов аз ин ҳукм норозиянд. Падари маҳкумшуда - Қурбон Ниёзов дар номаи саркушодае ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки нусхааш ҳафтаи гузашта ба дасти Радиои Озодӣ расид, писарашро бегуноҳ ва ҳукми зиндони ӯро ноодилона хонда, хостори мусоидати раисиҷумҳур барои «рӯи об баровардани ҳақиқат» шудааст.

Қурбон Ниёзов бо зикри 10 соли хидматаш дар КДАМ – аз соли 1992 то 2002 – ва ширкаташ “дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ- ва ду ҷароҳати бардоштааш дар амалиётҳои ҷангии солҳои 1993 -1995 дар водии Рашт раисиҷумҳурро “ягона шахс ва умед”-и худ номидааст, ки ба ақидаи ӯ, метавонад “адолати судиро имрӯз дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кунад.” Ӯ исми ду ҳамсабақи дигари писарашро оварда, онҳоро “ташкилкунандаи ҷинояти мазкур” ном мебарад ва мегӯяд, муфаттиш Фахрридин Зубайдзода дар рафти тафтиши парванда ва ҳам дар ҷараёни мурофиа ба “шиносбозӣ, ё бо тариқи дигар гӯем, ба «тағобозӣ» роҳ дода, тамоми гуноҳро ба гардани писари ӯ гузоштаанд.

Аммо Шараф Нарзуллозода, додраси додгоҳи низомии гарнизони Душанбе ва қозии мурофиаи парвандаи Зоир Ниёзов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даъвои падари маҳкумшуда ягон асос надорад: “Парванда дар асоси қонун муҳокима шуд. Бо шикоят ба додгоҳи болоӣ рафт, вале ҳукм боз ҳам бетағйир гашта омад. Гуноҳи фарзанди ӯ дар рафти тафтишоти судӣ исботи худро ба пуррагӣ ёфт. Дар ҳақиқат, Зоир Ниёзов барои озод кардани худ аз ҷавобгарӣ ин ваҷҳро оварда буд, ки гӯё ин кори дигарон буд. Ман ин ваҷҳро ҳам дидам, вале вақте ки онҳоро рӯбарӯ кардам, пурсидам, ин ваҷҳ тасдиқ нашуд.”

Бино ба ҳукми додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе, Зоир Ниёзов рӯзи сеюми ноябри соли 2014 бо истифода аз набудани омӯзгор Уктамҷон Сидиқбоев ҳангоми сафороии донишҷӯёни соли аввал, “бар хилофи талаботи Оинномаи хизмати дохилӣ ва Оинномаи интизомии Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда,” ду донишҷӯи соли аввал – Парвиз Абдуалиевич Домуллоев ва Исмоил Фатҳуллоевич Азизовро ба қафои саф бароварда, амр мекунад, ки “упор лёжа” биистанд. Вақте онҳо рӯи ду даст дар замин дароз кашиданд, Зоир Ниёзов ба узвҳои ҳаётан муҳими бадани онҳо - шикам ва қафаси синаашон - чанд зарба задааст. Дар натиҷа, “ба саломатии Домуллоев П.А. зарари ҷисмонӣ расонида шудааст,” аммо ”Азизов И. Ф. дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Бо ин ҳол, Қурбон Ниёзов дар номааш ба Эмомалӣ Раҳмон бар асари латукӯб ҳалок шудани донишҷӯи соли аввал Исмоил Азизовро низ зери шубҳа мегузорад ва мегӯяд, ин фарзия тақрибан се моҳ баъди ин ҳодиса матраҳ шуд. Ҳол он ки, менависад Қурбон Ниёзов, “дар рафти аввали тафтишот ва гузаронидани ташхиси ҷасад мақомоти тафтишот ва мутахассисони соҳаи тиб ба хулосае меоянд, ки сабаби вафоти шунавандаи соли якум Азизов Исмоил ин дар вақти расонидани ёрии тиббӣ, маҳкам гардидани роҳи нафас бо хӯрок ва нарасидани ҳаво ба кори мӯътадили дил мебошад.”

Вале ин иддао дар ҳолест ки бино ба ҳукми додгоҳ, Исмоил Азизов маҳз ба иллати зарбаи Зоир Ниёзов ҷон бохтааст.

Зоир Ниёзов бар асоси банди “в”-и қисми сеюми моддаи 110-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ нисбат ба шахси баръало ноболиғ ё шахсе ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ баръало ба гунаҳкор аён аст) ба 5 соли зиндон ва барои ба ҳалокат расондани донишҷӯи дигари ҳамин мактаб ба 12 соли зиндон маҳкум шуда, додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дар умум ӯро ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Дар бораи бадрафториҳои сарбозони собиқадор нисбат ба навхидматон дар қисмҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста гузоришҳо ба нашр мерасанд. Аммо ин яке аз нахустин мавридҳои ошкоршудаи бадрафторӣ дар як мактаби низомии ин кишвар аст. Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои ниҳодҳои амниятии ин кишвар афсар тарбия мекунад.

Падари Зоир Ниёзов дар поёни номааш аз раисиҷумҳур хостааст, то парвандаи писари ӯро ба тафтиши иловагӣ баргардонанд, “то ин ки ҳақиқати кор рӯи об барояд.”

XS
SM
MD
LG