Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боймирзо Маханов: “Писарам ҳаргиз узви ҳизби исломӣ набуд”


Боймирзо Маханов, падари Маҳмадсолеҳ ва Алимурод
Боймирзо Маханов, падари Маҳмадсолеҳ ва Алимурод

Додгоҳи олии Русия ҳукми зиндони Маҳмадсолеҳ - бародари Алимурод Маханов ва ду ҳамроҳи ӯро бидуни тағйир боқӣ гузошт. Онҳо ба узвият дар ҳизби исломии Туркистон айбдор шудаанд.

Боймирзо Маханов, падари Маҳмадсолеҳ Маханов, ки ахиран дар Русия ба ҷурми узвият дар Ҳизби исломии Туркистон ба 4 солу 3 моҳи зиндон маҳкум шуд, мегӯяд, писараш ҳаргиз узви ягон гуруҳ набуд. Вай рӯзи 2 феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Маҳмадсолеҳ ва ду хешованди онҳо - Абдукарим Сатторов ва Алишер Давлатов - дар Русия ба мардикорӣ машғул будаанд ва ҳаргиз бо Ҳизби исломии Туркистон иртибот надоштаанд.

Ба қавли Маханови калонӣ, мақомоти интизомии Русия бар асоси иттилои мақомоти Тоҷикистон ин се танро дар моҳи январи соли 2013 дар вилояти Хабаровск боздошт кардаанд. Боймирзо Маханов мегӯяд, писари ӯ Маҳмадсолеҳ аз соли 2007 то 2010 дар Эрон таҳсил карда, аммо баъд аз даъвати раиси ҷумҳур барои бозпас овардани донишомӯзони тоҷик аз кишварҳои исломӣ, ӯро ҳам ба Ватан овардааст.

"Дар ҳамон сол ба хизмати аскарӣ рафта буд, аммо бинобар бемор буданаш аз идомаи хизмат озод карда шуд”,-гуфт ӯ.

Аммо вакили мудофеи Маҳмадсолеҳ ва ду хешовандаш дар Русия Сергей Катков мегӯяд, ҳарчанд онҳо ҷавонони фиребхӯрда ҳастанд, вале ҳангоми кофтукоб аз ҷои зисти онҳо адабиёти экстремистӣ пайдо шудааст. Дар робита ба ин суол ки оё дар ҷараёни баҳси додгоҳӣ ва тафтишоти парванда аз тарафи мақомоти Хабаровск онҳо ҳамкории худ

Алимурод Маханов
Алимурод Маханов

бо Ҳизби исломии Туркистонро эътироф карданд ё не, Катков гуфт: “Не, эътироф накарданд. Аммо дар вақти боздошт аз ҳуҷраи онҳо адабиёти мухталифи мазҳабӣ ва экстремистӣ ёфт шуда буд”.

Маҳмадсолеҳ Маханов -- бародари Алимурод Маханов, маъруф бо лақаби “Устод Муродуллоҳ”, ки баҳори соли 2014 ба ҷурми узвият дар Ҳизби исломии Туркистон ва ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ дар вилояти Хабаровск боздошт шуда буд, ба 4 солу 3 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Додситонии Русия рӯзи 2 феврал бо пахши иттилоияе гуфт, ин ҳукми Маханов ва ду ҳамроҳи ӯ – Абдукарим Сатторов ва Алишер Давлатов, ки яке ба 4 солу 2 ва дигаре ба 4 солу 3 моҳ маҳкум шудаанд, қувваи қонунӣ гирифтааст. Сатторов ва Давлатов аз наздикони Маханов мебошанд.

Додгоҳи олии Русия даъвои Маҳмадсолеҳ Маханов ва ду ҳамроҳи ӯро барои тағйири ҳукми зиндонашон беасос дониста, узвияти онҳоро дар Ҳизби исломии Туркистон тасдиқ кардааст. Ҳизби исломии Туркистон аз тарафи Додгоҳи олии Русия як гуруҳи террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар қаламрави ин кишвар мамнуъст. Бар илова, Додситонии Русия мдар иттилоияи худ мегӯяд, “дар ҷараёни тафтишоти қазия мушаххас шуд, онҳо дар Хабаровск ба ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ машғул будаанд.”

Ҳукми зиндони Маҳмадсолеҳ Маханов дар ҳолест, ки моҳи марти соли 2014 бародари ӯ – Алимурод Маханов, мулаққаб ба "Устод Муродуллоҳ" бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: 179 - терроризм, 179, қисми 2 - ҷалби афрод ба гурӯҳи ҷиноӣ, 187, қисми 1 – ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, 187, қисми 2 - бо маслиҳати пешакӣ ҷалби ашхос ба гурӯҳи муташакили ҷиноӣ ва 307 - созмон додани гурӯҳи экстремистӣ ва ширкат дар созмони террористӣ (ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон) ба 21-у ним соли зиндон маҳкум гардид.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24-уми сентябри соли 2013 бо пахши як филми мустанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи Алимурод Маханов, ки ба анҷоми “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар пешорӯи интихобот омодагӣ мегирифтааст, хабар дод.

Алимурод Маханов ва шарикони ӯ дар ин барнома эътироф карданд, ки барои анҷоми чанд таркиш дар шаҳри Душанбе дар пешорӯи интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 дастур гирифта буданд. Маханов гуфт, онҳо аз ҷумла мехостанд биноҳои Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ва ... чанд дарвозаи воқеъ дар канораҳои пойтахти Тоҷикистонро битарконанд.

XS
SM
MD
LG