Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ғаффор-Седой”: Генерале, ки ба кунҷи зиндон рафт


Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев

Таҳдиди гуруснанишинии якумраи Ғаффор Мирзоев исми “Ғаффор-Седой”-ро дигарбора вирди забонҳо кард.

Алорағми интизори ӯву пайвандонаш, фармондеҳи собиқи Горди президентӣ, ки 7 сол боз зиндонист, шомили афви ахир нашуд.

Мухотаби изҳороти ахири Ғаффор Мирзоев яқинан Эмомалӣ Раҳмон аст, чунки ӯ, ки аз маҷрои ҳаводис дар Тоҷикистон хуб огоҳ аст, медонад, ки дар ғайри сурати мудохилаи мустақими раисиҷумҳур ягон додгоҳ дар ин кишвар ба доди ӯ нахоҳад расид.

Чунин аст расми сарои дурушт,
Гаҳе пушти зину гаҳе зин ба пушт.

Ғаффорро аз лиҳози одамгириаш касе дар ҷое наҳ назадааст. Чанд хусусияти хуб дошт. Дар 15-20 соле ки ман мешинохтам, арақ наменӯшид ва пои бетароҳат аз ҷо намехест...

Ин байти Фирдавсӣ гӯиё гӯяндаи ҳоли Ғаффор Мирзоев аст. Устоди тарбияи бадан, ронандаи оддӣ, генерале, ки аз ҳайбаташ ҳама Тоҷикистон меларзид, инак, маҳкум ба ҳабси абад. Чунин аст натиҷаи 55 соли зиндагии фармондеҳи собиқи Горди президентӣ ва раиси собиқи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, ки 7 сол боз дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе зиндонист.

Ғаффор Мирзоев, мулаққаб ба “Ғаффор-Седой”, 8 марти соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, Донишкадаи варзишро ғоибона хатм кардааст. Ибтидо устоди фанни варзиш дар мактаби миёна ва сипас дар Донишкадаи Кӯлоб буд. Баъди як ҷанҷол кораш ба милиса кашид ва ӯ тарки устодӣ карда, аз соли 1985 ба кори ронандагӣ гузашт.

АЗ "НАҶОТИ ВАТАН" ТО ГОРДИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Дар баҳори соли 1992, вақте мардум дар ду майдони Шаҳидону Озодӣ таҷзия шуданд, Ғаффор Мирзоев ҳамроҳ бо Ёқуб Салимов, Исматчаи кангуртӣ ва чанд тани дигар байни ду майдон хайма зад. Баъди шикасти тазоҳуроти майдони Озодӣ ба ситоди Наҷоти ватан, ки мухолифин таъсис доданд, пайваст. Аммо дар миёнаҳои тобистони соли 1992 табдили сангар кард ва ҳамроҳи тарафдоронаш ба Кӯлоб баргашт ва ба Фронти халқии Сангак Сафаров пайваст. Баъди рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон муовини фармондеҳи бригадаи махсуси вазорати умури дохила таъйин шуд. Дар пайи кушта шудани фармондеҳи ин бригада Файзулло Абдуллоев дар ҷангҳои дараи Ромит, Ғаффор Мирзоев фармондеҳи бригада шуд. Соли 1995 дар заминаи бригадаи Ғаффор Мирзоев Горди президентӣ таъсис дод ва фармондеҳи Горд таъйин шуд.

26 январи соли 2004 ӯро аз ин симат барканор карданд, вале баъди 3 рӯз Ғаффор Мирзоев раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон интисоб шуд. Ӯ рӯзи 6 августи соли 2004 боздошт ва баъди 2 сол ба ҳабси умрбод маҳкум шуд. Ғаффор Мирзоев 3 писар ва 1 духтар дорад. Аҳли хонаводааш, бино ба хабарҳо, дар Имороти Араб ба сар мебарад.

ЭЪТИРОЗИ НАВБАТИИ МИРЗОЕВ

Ғаффор Мирзоев, мулаққаб ба “Ғаффор –Седой”, ки дар августи соли 2004 боздошт ва дар августи соли 2006 бо ҷурми даст доштан дар беш аз 90 ҷиноят маҳкум ба ҳабси абад шуд, бори дигар ҳукмашро ғайриқонунӣ хонда, гуфтааст, агар то як моҳи дигар як куммиссиюни зисалоҳ ба таҳқиқи парвандаи ӯ напардозад, дар зиндон ба гуруснанишинии якумра даст хоҳад зад. Ғаффор Мирзоев баъди маҳкум шуданаш дар соли 2006 низ таҳдид ба чунин гуруснанишинии эътирозӣ карда буд, вале раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ин хабарро рад кард ва гуфт, генерал аз шароиташ дар зиндон шикояте надорад.

Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев
Аммо Оиша Мирзоева, хоҳарбузурги Ғаффор Мирзоев, ки ҳар 6 моҳ як дафъа ҳаққи аёдат аз ӯ дар боздоштгоҳи рақами аввали Душанберо дорад, баъди дидори ахир бо бародараш гуфт, ҷони ӯ чунон ба лаб омадааст, ки ба ҷуз аз чунин эътироз чорае дигар ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ ба сарнавишташ намебинад: "Гуфт, ки намоянда кунанд, аз Маҷлиси намояндагон, аз суди конститутсионӣ, аз додситонӣ, аз вазорати адлия, намояндаи президент. Ҳамааш биёянд бо адвокати ман. Ман бо ин 3 банде, ки додгоҳ бо он маро ҳабси абад дод, аслан розӣ нестам. Агар омада, маро қаноатбахш кунанд, ман розиам, чанд соли дигаре ки ҳаст, бишинам дар зиндон. Вале гуфт, агар дар байни як моҳ наоянд, ман гуруснанишинӣ мекунам."

МАЙДОНДОРЕ БАЙНИ ДУ МАЙДОН

Ғаффор Мирзоев аз поёни солҳои 70 дар байни ҷавонони зодаи Кӯлоб аз обрӯи хосе бархӯрдор буд, вале исми ӯ бори аввал дар моҳи майи соли 1992 вақте вирди забонҳо шуд, ки ҳамроҳ бо 6 тани дигар, аз ҷумла Нуруллоҳ Лоиқов ва Исмат Тӯрахонов, дар суфуфи тазоҳуроти майдони Озодӣ, ки ба тарафдорӣ аз раиси бо фишори мухолифин барканоршудаи Шӯрои олӣ Сафаралӣ Кенҷаев ҷамъ шуда буд, рахна эҷод кард ва умури майдонро барои чанд соат ба дасти худ гирифт.

Нуралии Давлат
Нуралии Давлат
Нуралӣ Давлат, муаррихи тоҷик мегӯяд: “Ғаффор Мирзоев ва ҷонибдоронаш эълон карданд, ки мо ба ҳимоят аз Кенҷаев наомадаем. Онҳо талабҳои худро гузоштанд, ки якеаш минтақаи озодӣ иқтисодӣ эълон кардани вилояти Кӯлоб буд. Аммо баъди чанд соат онҳоро барканор карданд ва майдон дубора ба дасти Сангак Сафаров ва ёрони ӯ гузашт. Гурӯҳи Ғаффор ба дунбол байни ду майдон хайма зад ва онҳо эълон доштанд, ки агар хуни тоҷик рехта шавад байни ду майдон, бояд аввал аз болои ҷасадҳои мо гузаранд. Аслан ин иқдом чандон таъсире надошт, аммо Ғаффор Мирзоев тавонист худро ба ҷомеа муаррифӣ кунад. Ба ҳайси нафаре, ки мухолифи ҷанг аст.”

Рӯёрӯиҳои моҳи майи соли 1992 ба фоидаи майдони Шаҳидон анҷом ёфт ва тарафдорони майдони Озодӣ баъди бозгашт ба Кӯлоб гурӯҳи Ғаффор Мирзоевро хоин эълон карданд. Ӯ маҷбур шуд, бо тарафдоронаш аз Кӯлоб фирор карда, дар Душанбе паноҳ бубарад ва дар бинои театри опера ситоди вижаи фирориҳои кӯлобиро ташкил дода, ба ситоди Наҷоти ватан бипайвандад. Дар нахустин музокироти сулҳ, ки тобистони соли 1992 дар Хоруғ гузашт, Ғаффор Мирзоев ҳамчун намояндаи гурезаҳои Кӯлоб ширкат ва суханронӣ кард.

ТАБДИЛИ САНГАР

Аммо баъди чанде байни онҳо ва гурӯҳҳои дигари мухолифин ихтилоф бархост ва Ғаффору ёронаш паиҳам табдили сангар карданд. Ёқуб Салимов ҳанӯз дар поёни моҳи июни соли 1992 ба зодгоҳаш – ноҳияи Вахш – баргашт. Аммо Ғаффор Мирзоев фақат дар моҳи ноябр бо ҷанозаи Исматчаи кангуртӣ, ки дар як рӯёрӯӣ дар Душанбе кушта шуд, ба Кӯлоб баргашт ва баъди як, ба истилоҳ, “бигӯ-бигӯ” бо Сангак Сафаров ба Фронти халқӣ пайваст.

Нуралӣ Давлат, муаррихи тоҷик мегӯяд, як далели дар моҳҳои аввал дар тарафи дигари ҷанг қарор гирифтани Ғаффор Мирзоев рақобати қадими ӯ бо Сангак Сафаров барои касби нуфузи бештар бар олами ҷиноии вилояти Кӯлоб буд: “Вақте ки ҷасади Исмат Тӯрахоновро ба Кӯлоб бурданд, дар он чархбол Ғаффор Мирзоев ҳам буд. Худи ӯ дар китоби ёддоштҳояш – “Авроқи захмин” ҳам ин лаҳзаро тасвир кардааст, ки вақте ба Кӯлоб рафт, Сангаку тарафдоронаш аз ӯ чандон хуш истиқбол нагирифтанд. Вале дар байн миёнаравҳое пайдо шуданд, ки тавонистанд онҳоро оштӣ диҳанд. Дар ҳамон моҳи ноябр онҳоро ба Тирмиз равон карданд ва дар онҷо чанд ҳафта тамрини низомӣ доданд. Ва баъди иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ нерӯҳои Ғаффор Мирзоев, Файзулло Абдуллоев ва Ёқуб Салимовро аз Тирмиз ба Душанбе партофтанд ва онҳо рӯзи 10 декабри соли 1992, қабл аз омадани ҳукумат, Душанберо тасарруф карданд.”

ВАКИЛИ БОЕВИК ДАР ПОРЛУМОНИ БОЕВИКҲО

Ҳамин тавр, бидуни ширкати амалӣ ва корнамоие дар ҷангҳои рӯбарӯ Ғаффор Мирзоев ҳамчун муовини фармондеҳи бригадаи махсуси вазорати дохила вориди Душанбе шуд. Дар моҳи феврали соли 1993 фармондеҳи ин бригада Файзулло Абдуллоев дар ҷангҳои дараи Ромит ҷон бохт ва ба ҷои ӯ Ғаффор Мирзоев омад. Соли 1995 ин бригада ба Горди президентӣ табдили ном кард, вале мардум ин воҳиди муқтадири низомиро “Горди Ғаффор-Седой” ном мебурд.
Рӯзҳое, ки силоҳ ҳокими кишвар буд...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00
Линки мустақим

Дар ҳама кишварҳои дунё чунин гордҳо махсуси анҷоми корҳои намоишие, чун баргузории гаштҳои низомӣ ё қабули раҳбарони хориҷист, вале Горди Ғаффор ба як артиш дар дохили артиш табдил ёфта, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳам алайҳи нерӯҳои мухолифин дар водии Рашт меҷангид ва ҳам алайҳи нерӯҳои ошӯбгари сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев. Дар интихоботи соли 1995 ба Шӯрои олие, ки дар таърих ҳамчун “парлумони боевикҳо” маъруф аст, Ғаффор Мирзоев худ аз ноҳияи Рашт ва муовинонаш аз навоҳии дигари ин водӣ худро ҳатто “вакил” ҳам карданд.

СУТУНИ НИЗОМИ ДАВЛАТ

Президент Раҳмон бо ҳамроҳии сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев (Акс аз бойгонӣ)
Президент Раҳмон бо ҳамроҳии сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев (Акс аз бойгонӣ)
Нуфузи Ғаффор Мирзоев бахусус баъди аз водиҳои Ҳисору Вахш ба Узбакистон пеш кардани нерӯҳои Худойбердиев ва таҳти назорати Горди ӯ омадани корхонаи алюминсозии Турсунзода ба авҷи аълояш расид. Ӯ соҳиби унвони генерал-лейтенант ва нахустин дорандаи нишони олии “Спитамен” шуд. Ғаффор Мирзоевро дар радифи генерали дигар Сӯҳроб Қосимов ду сутуни асосии низомии ҳукумати Тоҷикистон ном мебурданд.

Адиби тоҷик ва сухангӯи собиқи Горди президентӣ Мираҳмади Амиршоҳ, ки баъди боздошти Ғаффор Мирзоев як муддат таъқибу боздошт шуду ҳафтаномаи “Одаму олам”-аш ҳам баста шуду худи ӯ 6 сол бекор монд, мегӯяд, Маҳмуд Худойбердиев саҳми Горди Мирзоевро дар шикасти худ хуб медонист ва ин аст, ки дар октябри соли 1997 маҳз ба қароргоҳи ҳамин Горд шабехун зад. Моҳи ноябри соли 1998 ҳам, вақте нирӯҳои Худойбердиев ба вилояти Суғд ҳамла оварданд, зарбаи аввал ва хунинтарини онҳо алайҳи як воҳиди Горди Ғаффор Мирзоев дар Қалъачаи кӯҳнаи Хуҷанд сурат гирифт.

Мираҳмади Амиршоҳ меафзояд: “Ҳарду ҳуҷум аслан болои Горд сурат гирифт, чунки вақте дар соли 1997 Худойбердиев Регарро гирифту ин тараф омад то Шаҳринаву ба як қисми Ҳисор ҳам даромад, маҳз Горди президентӣ ба по хесту ӯро зад. Ягон 3 моҳ баъди ин ҳодиса онҳо бевосита ба маркази Горд ҳуҷум карда, 25 нафарро заданд. Аз ин шумор 21 танаш кушта шуд ва як ило ду нафар беномунишон шуд. Кабинете, ки Ғаффор хоб буд, ҳаонҷо зада даромаданд, вале ҳамон шаб ӯ тасодуфон онҷо набуд ва ба ҷояш каси дигар буд. Яъне мақсади онҳо аз ин шабехун неста кардани фармондеҳи Горди президентӣ буд.”

"МИЛЛИОНЕРИ ЗИХНА"

Аммо ҳузури Ғаффор Мирзоев танҳо бо майдонҳои низомӣ маҳдуд намешуд. Дар он айём аксари тиҷоратҳои бузург дар Тоҷикистон дар ихтиёри фармондеҳон ё зери назари онҳо қарор дошт ва Ғаффор Мирзоев бо истифода аз нуфузе, ки дошт, мағозаи “Кооператор” ва 350 гектар заминро дар Кӯлоб, корхонаи гӯшт ва ҳам чойхонаи “Фароғат” дар боғи марказии Душанберо ба номи бародараш Абдурасул Мирзоев хусусӣ гардонда, дар “Фароғат” тарабхона ва казинои “Ҷоми Ҷам”-ро таъсис дод.

Ёқуб Салимов
Ёқуб Салимов
Вале бо вуҷуди сарвати зиёд, ба фарқ аз, барои мисол, Ёқуб Салимов, ки замони дастабакор буданаш барои кӯмак ба аҳли фарҳанг сандуқи вижаи “Бохтар”-ро таъсис дода буд ва ба донишҷӯёни тоҷик дар Туркия ҳам ёриҳои молӣ мерасонд, Ғаффор Мирзоев бештар чун як “миллионери зихна” таъриф мешуд ва алоқаи чандоне ба хайру саховат нишон намедод. Аз сӯи дигар, ӯ аз байни фармондеҳони саҳроии ҷанги Тоҷикистон танҳо нафарест, ки хотироташро дар ду ҷилд бо номи “Авроқи захмин” нашр кардааст.

Мираҳмади Амиршоҳ мегӯяд, як фазилати дигари Ғаффор Мирзоев ин буд, ки ба фарқ аз дигар фармондеҳони ҳукумат 5 вақт намозашро ҳамеша мехонд: Ғаффорро аз лиҳози одамгириаш касе дар ҷое наҳ назадааст. Чанд хусусияти хуб дошт. Дар 15-20 соле ки ман мешинохтамаш, арақ наменӯшид ва пои бетароҳат аз ҷо намехест. Ман, рости гап, дар тӯли фаъолияташ чунин ҳолатеро, ки беодобона муносибат кунад, надидам. Буданд мавридҳое, ки ба таъбири Бедил, “бардор ба оҳан оҳани тофтаро”, лекин бисёр мавридшинос буд ва дар куҷо чӣ гуфтанашро медонист.”

ҶАНГ БАРОИ АЛЮМИНИЙ?

Албатта, чакраҳое, ки аз тиҷоратҳои қаблӣ ба ҷайби Ғаффор Мирзоев метаровид, дар муқоиса бо фоидаҳое, ки ӯ аз касби назорат бар бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ва аз ҳамкорӣ бо гардонандаҳои асосии тиҷорати корхонаи алюминий – раиси вақташ Абдуқодир Эрматов ва раҳбари ширкати “Ансол” Аваз Назаров ба даст овард, ғайри қобили қиёс буд.

Зимнан, Ғаффор Мирзоев маҳз баъди аз ин корхона ронда шудану аз Тоҷикистон фирор кардани Эрматов ва Назаров боздошт шуд ва ин фарзияеро ҳам халқ кардааст, шояд як далели аз бозӣ баровардани ӯ боз кардани роҳ ба гурӯҳҳои нави молии наздик ба хонаводаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди чанде тиҷорати пурфоидаи алюминийро ба дасти худ гирифтанд.

Аммо Нуралии Давлат танг кардани Ғаффор Мирзоев аз саҳнаро ҷузъи барномаи дигари поён додан ба ҳукми боевикҳо медонад, ки ҳукумати Тоҷикистон он замон ба роҳ андохта буд: "Ман фикр мекунам, миссияи Ғаффор Мирзоев барвақттар тамом шуда буд. Ин таҷрубаи тамоми инқилобҳост, ки афроди ҷиноии дар ҳавои чунин ҳаводис рӯи об баромадаро баъди чанде дигарбора ғарқ мекунанд. Корхонаи алюминий то ҳол давлатист. Агар Ғаффор Мирзоев ҳатто шахсӣ кардани ин корхонаро талаб мекард ҳам, ҳукумат розӣ намешуд. Вақте ҳукумат тавонист РусАлро бо он ҳама имконоти фаровоне ки дорад, аз бозӣ барорад, рондани Ғаффор Мирзоев аз ин тиҷорат барояш мушкиле надошт.”

"БАЧАИ ИНҚИЛОБ"

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ғаффор Мирзоев (Акс аз бойгонӣ)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ғаффор Мирзоев (Акс аз бойгонӣ)
Аммо Ғаффор Мирзоев ба танг шуданаш аз саҳна чандон ба осонӣ тан надод. Ӯро 26 январи соли 2004 бо баҳонаи таъсиси Горди миллӣ дар заминаи Горди президентӣ барканор карданд, ки Мирзоев бо баргузории як нишасти пурсарусадои хабарӣ шитобзада ва иштибоҳи ҳукумат унвонаш кард. Баъди ҳамагӣ 3 рӯз дар пайи дидор бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Ғаффор Мирзоевро раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон таъйин карданд, ки як навъ ақибнишинии давлат дар муқобили ин фармондеҳи пурнуфуз талаққӣ мешуд.

Ғаффор Мирзоев, ки ҳарфашро ба президент гузаронда тавонист, дигар ба худ чунон мутмаин шуда буд, ки баъди як моҳ, вақте ҳамсангари собиқаш Ёқуб Салимовро завлона дар даст аз Маскав ба Душанбе оварданд, ба хабарнигорон гуфт, агар Ёқуб фирор намекард ва дар Тоҷикистон мемонд, боздошт намешуд: “Дар вақти ҳодисаҳои солҳои 96-у 97 ягон одами мо авлиё нест. Ҳар кас хатоие дорад, хатои сиёсӣ ҳам мекунад. Мо дар сиёсат дар вақти инқилоб дохил шудем ва таҷрубаи сиёсатмадорӣ надоштем. Ва мумкин хато кардем. Мумкин ман ҳам хато карда бошам. Бояд ба додситонии кул бовар кунем. Ман ба додситони кулл Бобоҷон Каримович боварӣ дорам, чунки ӯ як шахси бисёр одил аст.”

...ЗИН БА ПУШТ

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли пешини Тоҷикистон
Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли пешини Тоҷикистон
Аммо баъди ду моҳ, вақте Эмомалӣ Раҳмон дар расми солгарди 5-уми таъсиси Ожонсии зери назари Ғаффор Мирзоев ширкат накард, ӯ фаҳмид, ки фурсаташ дигар сар омадааст ва як номаи саркушода ба президент навишт. Ин нома иттифоқан як рӯз қабл аз боздошти ӯ тавассути як амалиёти густурда дар дафтари Ожонсӣ нашр шуд. Ва додситони вақт Бобоҷон Бобохонов, ҳамоне ки Ғаффор Мирзоев “як шахси бисёр одил” тавсифаш мекард, худ дар як нишасти хабарӣ генерал Мирзоевро ба даст доштан дар ҷиноёти сангин айбдор кард: "Дар рафти тафтишот ба мо маълум шуд, ки дар баъзе ҷойҳо яроқҳои ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд. Вақте барои пурсупос ба додситонӣ даъваташ карданд, наомад, саркашӣ кард, мо маҷбур шудем, ӯро дастгир кунему кори тафтишотро пеш барем. Ин яроқҳое ки бо худ мегардонду дар ҷои кораш пинҳон медошт, ёфта ва гирифта шуд."

Аммо равоншод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди пешини мухолифини тоҷик, ки нерӯҳои Ғаффор Мирзоев алайҳаш меҷангид, боздошти Ғаффор Мирзоевро иштибоҳ хонда, гуфта буд, душманони Тоҷикистон аз фармондеҳоне, чун ӯ метарсанд, то аз вазоратҳояш: “Агарчӣ ҷанг як мусибат аст, вале як идда силаҳшӯрони ҷасур ва азҷонгузаштаро ба мо ҳадя кард. Аз ҷумла фармондеҳони ҳам оппозитсия ва ҳам давлат. Ман боварӣ дорам, ки душманони миллати мо дар хориҷ ана аз ҳамин қумандонҳо метарсанд.”

ҲУКМИ АБАД


Сайид Абдуллоҳи Нурӣ
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ
Таҳқиқи парвандаи Ғаффор Мирзоев ду сол тӯл кашид ва додгоҳ, ки ба далели собиқаи низомӣ ва фармондеҳии ӯ пушти дарҳои баста гузашт, ба Мирзоев ҳукми ҳабси абад дод ва ӯро аз тамоми нишонҳои давлатӣ ва унвони генералиаш маҳрум кард. Казинои “Ҷоми Ҷам”, корхонаи гӯшти Душанбе, мағозаи “Кооператор”-ро ҳамагӣ 3 моҳ баъд аз боздошти ӯ дубора давлатӣ карда буданд. Як манзилеро, ки Мирзоев дар Кӯлоб хусусӣ карда буд, низ ҳанӯз то судури ҳукми додгоҳ аз хонаводааш кашида гирифтанд ва ба хобгоҳи донишгоҳи Кӯлоб табдил доданд. Чархболеро, ки ӯ ба Афғонистон иҷора дода буд, низ ба Тоҷикистон пас оварданд.

Бародари ӯ Абдурасул Мирзоевро дар Дубай боздошт карда, моҳи январи соли 2010 ба Душанбе супурданд. Ӯ дар моҳи июл ба 30 соли зиндон маҳкум шуд, вале моҳе баъд - шаби 23 август ҳамроҳ бо 24 маҳбуси дигар дар ҳамон “фирори аср” аз боздоштгоҳ фирор кард, баъди ду ҳафта дар Файзобод ба даст афтод ва боз ба 30 соли ҳабс маҳкум шуд.

ЯЗНАИ РИЗВОНРО КӢ КУШТ?

Айбномаи Ғаффор Мирзоев беш аз 90 ҷиноятро дар бар мегирад, вале чанд ҷурми сангине, ки заминаи судури ҷазои олӣ - ҳукми умрбод барои ӯ шуд, қасди табадуллоти давлатист ва ҳам 3 мавриди куштор. Бар асоси хулосаи тафтишот ва додгоҳ, Абдуллоҳ Мирзоев, раҳбари шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шаҳринав мустақиман аз силоҳи худи Ғаффор Мирзоев ва раиси ин ноҳия Қаландар Ҳайдаров ва Додхудо Хоҷаев – шавҳари хоҳари фармондеҳи мухолифин Ризвон Содиров – бо дастури ӯ кушта шудаанд.

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев
Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев
Азамат Хоҷаев, бародари Додхудо Хоҷаев мегӯяд, ӯ як марди фақир буд, ки дар рустои Нефтянники ноҳияи Рӯдакӣ, дар роҳи ноҳияи Ваҳдат ба сар мебурд ва ба гирудорҳои он даврон коре надошт, вале вақте боевикҳои Ризвон падарарӯси Ғаффор Мирзоевро гаравгон гирифтанд, афроди силоҳбадасте дар посух Додхудоро бурданд. Азамат Хоҷаев мегӯяд: “Додхудо сӯхторнишон буд ва як банда ӯро аз сари замин гирифта бурд. Бо ҳамин қариб 6 моҳ дар қисми низомии Ғаффор-Седой истод. Мо гуфтем, охир, гуноҳе надорад, ягон рӯз ҷавобаш медиҳанд, лекин баъд бо радио эълон карданд, ки ду мурдаи бесоҳиб аз Ғозималик ёфт шудааст. Ман худам рафтам мурдахона, ки гуфтанд, чун дар чанд рӯз касе наомад, бурда, гӯраш кардем. Рафтем, гӯрро кандем, овардем, гашта ҷанозааш кардем. Як тираш зада буданд аз сари сина. Замоне буд, ки одам одамро рӯирост мекушт ва касе дилёб намешуд, ба ягон ҷо биравад, арзу дод кунад.”

Аммо Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев мегӯяд, бародараш дар ин қатлҳо даст надошт: “Абдулло Мирзоев раиси милисаи Шаҳринав буд ва вақте бедодӣ кард, Ғаффор ӯро ба пешаш хонд. Ғаффор намоз мехонд ва ӯ аз тарси инки Ғаффор ҷангам накунад, хост, ба дасташ тир бизанад, вале тир хато хӯрду ӯро кушт. Се нафар шоҳид буд онҷо ва ҳама медонанд, ки ӯро Ғаффор накуштааст. Дар мавриди язнаи Ризвон. Зуҳуроврову дигаронро бипурсанд. Язнаи Ризвонро оварда ҷои дилпур гуфта, дар Горди президентӣ маҳкам карданд. Охир қисми низомии ҳукумат буд. Лекин одаме ҳаст, ки медонад, ки Ғаффор ӯро напаррондааст.”

ГАШТИ ОХИРИНИ ҒАФФОР


Ба назари бисёриҳо, мояи эътирози навбатии Ғаффор Мирзоев берун монданаш аз қонуни ахири афв аст, ки чунин бетоқат шудааст. Хоҳараш Оиша мегӯяд, баъди боздошти Ғаффор Мирзоев тамоми хонаводаи онҳо таҳти як “репрессияи сталинӣ” қарор дорад ва касе аз онҳо дар ягон идораи давлатӣ кор карда наметавонад. Ӯ мӯътақид аст, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2004 ба ҳарфи душманони Ғаффор фирефта шуду ӯро ба зиндон афканд: “Ин ҷо хусуматҳои шахсӣ буд, ки муқобили Ғаффор кор карданд. Ман мехоҳам, ки ҷаноби олӣ як бори дигар парвандаи ӯро бигардонад ва намояндаи худашро роҳӣ кунад, то бипурсанд, ки асли гап чист. Баъд мо умед ба қонуни афв доштем, ки “афви тилоӣ” мешавад. О, наход одамони Маҳмудро афв кунанду аз Горди президентӣ, ки ин қадар хидмат кардаанд ба давлат, касе шомили он нашавад. Инсоф куҷост?”

Ғаффор Мирзоев дар баҳси навбатиаш бар сари ҳукми худ ба ин нукта пойфишорӣ дорад, ки ҳабси абад дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба ҳайси ҷазои олӣ тоза ворид шудааст ва додгоҳ ҳаққи эъмоли ин ҳукм дар мавриди ҷиноёти қаблан содиршударо надошт. Казуси ҳуқуқие ки бармегардад ба як асли муҳими ҳуқуқи Рум - ҳукми бозгашт надоштани ташдиди ҷазо. Вале Нуралии Давлат мегӯяд, ин баҳс натиҷае нахоҳад дод, чунки ба бовари ӯ, то замони дар сари қудрат будани Эмомалӣ Раҳмон, гумон аст, ки Ғаффор Мирзоев афв шавад.
XS
SM
MD
LG