Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 сол ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистон барои қатли корфармо


Иззатулло Неъматов, ки барои куштори Владимир Фукалов ва ёвараш - Димтрий Болшаков 22 сол зиндонӣ шуд, гуфтааст, дар ин ҷиноят даст надорад ва фақат таҳти фишор айбро ба гардан гирифтааст.

Шаҳрванди тоҷике, ки дар Хабаровски Русия бо ҷурми куштори соҳибкори корфармояш ва ёвари ӯ ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст, гуфта, ки дар ин ҷиноят даст надорад ва ӯро таҳти фишор маҷбур ба эътирофи гуноҳ кардаанд.

Додгоҳи кишвари Хабаровск дар минтақаи Шарқи Дури Русия рӯзи 15 май бар асоси ҳукми ҳайати мунсифа шаҳрванди Тоҷикистон Иззатулло Неъматовро бо ҷурми куштори соҳибкори маҳаллӣ Владимир Фукалов ва ёвари ӯ Дмитрий Болшаков ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Неъматов ҳамчунин ба пардохти 2 миллион рубл, муодили тақрибан 40 000 доллар ба духтари соҳибкори кушташуда муваззаф шудааст.

Худи Иззаттуло Неъматов дар додгоҳ гуфтааст, ки ӯро таҳти фишор маҷбур ба эътирофи гуноҳ кардаанд. Вале Татяна Истомина, ёвари раиси додгоҳи кишвари Хабаровск гуфтааст, дар ҷараёни мурофиа ин иддаои Неъматов собит нашуд.

Ҳайати мунсифаи додгоҳи Хабаровск ҳанӯз рӯзи 30 апрел ин шаҳрванди Тоҷикистонро дар қатли донистаи Владимир Фукалов ва Дмитрий Болшаков муҷрим шинохта буд. Бино ба ҳукми ҳайати мунсифа, Неъматов корфармояш ва ёвари ӯро бар пояи хусумати шахсӣ кушта, дар пай ба як силсила ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла ғорати пулу моли онҳо ҳам даст задааст. Аз 12 узви ҳайати мунсифа, ки аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ташкил мешавад, 11 нафар Иззаттуло Неъматовро дар куштори Фукалов ва Болшаков муҷрим донистаанд.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи додситонии кишвари Хабаровск, Иззатулло Неъматов, ки дар ҳавлии Фукалов хидматгорӣ мекард, рӯзи 4 марти соли 2014 аз сӯи корфармояш дар робита ба муносибати нохуб нисбат ба сагҳои ӯ гап мешунавад ва сари қаҳр туфангчаи "Макаров"-и Фукаловро гирифта, ӯро баъди бозгашташ ба хона мепаронад. Баъди куштани соҳибкор, бино ба ин манбаъ, Неъматов аз дасти Фукалов соати “Ролекс” ва аз гарданаш гарданбанду салиби тилоӣ ба маблағи умумии муодили 700 000 рублро мегирад.

Баъди чанде вақте ёвари Фукалов ба хона меояд, Неъматов, ба гуфтаи додгоҳи Хабаровск, ба хотири пӯшондани изи ҷинояташ Дмитрий Болшаковро ҳам бо фиреб ба гараж бурда, ба тани ӯ ҳам се тир меандозад. Додгоҳ мегӯяд, ки хидматгор аз сумкаи Болшаков низ 532 710 рублро аз худ мекунад. Баъдан ӯ гӯё ҳарду ҷасадро бо мошини “Лексус”-и Фукалов ба лаби дарёи Амур бурда, оташ мезанад. Ҷасади онҳоро ҳамон рӯзи 4 апрел пайдо кардаанд.

Додгоҳи кишвари Хабаровск мегӯяд, Неъматовро бар асоси моддаи 105, қисми 2(куштори ду нафар бо ҳадафи пинҳон кардани ҷинояти дигар), моддаи 158, қисми 3 (дуздии амволи ғайр ба маблағи бузург), моддаи 226, қисми 1 (рабудани силоҳи оташфишон), моддаи 222, қисми 1 (нигоҳ доштани силоҳи ғайриқонунӣ), моддаи 166 (дуздии мошин), моддаи 167(аз байн бурдани моликияти ғайр бо роҳи сӯзондан) ба 22 соли зиндон кардааст.

Аммо худи Иззаттуло Неъматов, бино ба гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, ба бегуноҳиаш исрор меварзад ва мегӯяд, ӯро ба эътирофи ин ҷиноят маҷбур кардаанд.

Владимир Фукалов 53 ва ёвараш 39 сол доштанд. Фукалов як соҳибкори маъруф дар Хабаровск маҳсуб мешуд ва дар ин минтақа бо кумакҳояш дар барномаҳои хайрия, аз ҷумла бо кумак дар сохтани 16 калисо, ном бароварда буд.

XS
SM
MD
LG