Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳокимаи раиси бозори муттаҳам ба куштори Зиёдбеки ятим шурӯъ мешавад. ВИДЕО


Рустам Ҷӯраев

Рустам Ҷӯраев

Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи ҷиноии раиси бозори «Назари нек»-ро анҷом дода ба додгоҳ ироа кард.

Дар додгоҳи вилояти Суғд рӯзи душанбе, 6 апрел муҳокимаи парвандаи Рустам Ҷӯраев, раиси бозори «Назари нек» шурӯъ мешавад, ки дар куштори ятими хона-интернети шаҳри Чкалов Зиёдбек Ҷӯраеви 17-сола гумонбар дониста мешавад. Як мақоми додгоҳи вилояти Суғд 2 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, рузи душанбе, 6 арел дар додгоҳи вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ муҳокимаи се гумонбар - Рустам Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек”, ҳамчунин Аҳлидин Файзиев, сардори бехатарӣ ва Бобурҷон Юсупов, посбони бозор оғоз мешавад. Ин нафарон аз рӯи иттиҳоми марбут ба «қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст», «барқасдона расонидани зарар», «куштор», «расонидани зарари вазнин» ва «расонидани зарари сабук» муҳокима мешаванд.

Ҳодисаи куштори ятими парваришгоҳи шаҳри Чкалов шаби 15 ба 16 январ рух дод. Дар эътирофи аввалияи худ дар ин гуноҳ, ки тавассути шабакаи телевизионии СМ-1-и Хуҷанд ҳам намоиш дода шуд, Рустам Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ҳангоми латту кӯби наврасони ятим Зиёдбеку Эраҷ "худро идора карда натавонистааст." Зиёдбек дар натиҷаи ин латту кӯб ҳалок шуд ва Эраҷ Исоев, ятими дигари ҳамин хона-интернат ба бемористон интиқол ёфт. Дар ин навор Рустам Ҷӯраев, маъруф ба “Ҳоҷӣ Рустам”, ки ба куштани Зиёдбек Ҷӯраев, хонандаи 17-солаи мактаб-интернати шаҳри Чкалов чигуна латтукӯб кардани ин ятими гумонбар дар дуздӣ аз мағозаи “Сабрина”-и бозорашро ба муфаттишон нишон медиҳад ва мегӯяд, аз карда пушаймон шудааст. Зиёдбек Ҷӯраев ва хонандаи 16-солаи мактаб-интернати Чкалов Эраҷ Исоев шаби 15 ба 16 январ аз сӯи муҳофизони бозор бо гумони дуздӣ дар бозори “Сабрина” дастгир шуданд.

Аммо муҳофизон ва раиси бозор ба ҷои ба милиса супурдани ин ноболиғон онҳоро якҷоя зери мушту лагат мегиранд, ки дар натиҷа Зиёдбек дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, Эраҷ бо осеби мағзи сар ба бемористони шаҳри Чкалов интиқол ёфт. “Ҳоҷӣ Рустам” дар ин навор мегӯяд: “Мо гумон кардем, ки дуздҳои касбӣ даромадаанд. Лекин худамонро идора карда натавониста, ҳамакаса задем. Аз кирдори кардаамон пушаймонем.”

Гуфта мешавад, Зиёдбек Ҷӯраев ва Эраҷ Исоев, ки падару модар надоштаанд, аз кассаи мағозаи “Сабрина” ҳамагӣ 386 сомонӣ ва миқдоре хӯрокворӣ гирифтаанд. Муҳофизи бозор эъитроф мекунад, ки“баъди боздошт он ду ноболиғ гуфтанд, ки мо гушна мондем, илтимос карданд, ки назанед. Лекин Ҳоҷӣ бо почаашу бо мушт ба сари синааш ҳамин хел зад, ки афтид ун бача. Дуюмашро ҳам зада ғалтонд баъд. Баъди афтодан (бо пояш нишон медиҳад) ҳамин хел-ҳамин хел мезад ба сараш.”

Ин муҳофиз ҳамчунин гуфт, ки раиси бозор то омадани милисаҳо онҳоро амр медиҳад, ки фаршу девори мағозаро аз хуни рехтаи он ду кӯдак тоза кунанд ва ба милисаҳо шаҳодат бидиҳанд, ки “гӯед, ки корд қатӣ ба мо ҳамла кард. Лекин онҳо вақте қапида овардем, зорию тавалло карданд, аммо муқобилият нишон надода буданд.”

Бино ба гузориши СМ-1, Зиёдбек Ҷӯраев ятими кулл аз ноҳияи Айнӣ буда, ҳамроҳ бо як хоҳару додараш дар мактаб-интернати Чкалов тарбият мегирифтанд. Ҷанозаи Зиёдбекро хешовандонаш дар ноҳияи Зафаробод ба хок супурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG