Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ ҳафт тан аз сокинони шаҳри Кӯлобро, ки дар дуздии чорвои мардум муттаҳам мешуданд, афв кардааст.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳафт тан аз сокинони ин шаҳрро, ки дар дуздии чорвои мардум муттаҳам мешуданд, афв кардааст. Як масъули додгоҳи шаҳри Кӯлоб рӯзи 3 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афрод дар чаҳорчӯби Қонуни авф аз толори додгоҳ озод шуданд. То судури ҳукми додгоҳ, онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешуданд.

Ин масъули додгоҳи шаҳри Кӯлоб, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, "ин ҳафт говдузд аз толори додгоҳ баъди содир шудани авф озод шуданд. То замони содир шудани афв нисбаташон, онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебурданд. Додгоҳ инҳоро бо дастрасии моддаи 6 қисми 3 дар бораи афв озод кард".

Ин ҳафт сокини шаҳри Кӯлоб шаш моҳ қабл дар пайи шикояти сокинон барои дуздии 26 сар чорвои онҳо аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб боздошт шуда буданд. Мақомоти тафтишотӣ нисбати Файзулло Ҷалилов, Наврӯз Хоҷамқулов, Исфандиёр Миров, Иброҳим Нуралиев, Холмурод Ойаҳмадов, Ҷӯрабек Хоҷамқулов ва Абдусаттор Юсупов дар моҳи майи соли ҷорӣ бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "дуздӣ", парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Абдуқодир Мирзозода, муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин афрод бо ҳам равобити хешутаборӣ дошта ва аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб чорвои сокинонро дуздидаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Мирзозода, тафтишот маълум кард, ки говдуздон шурӯъ аз моҳи январ ба дуздии чорвои мардум дар ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Данғара машғул будаанд.

Таҳқиқ маълум кард, ки ин афрод чорвои сокинонро дуздида ва дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб ба фурӯш мегузоштанд. Ҷӯрабек Хоҷамқулов, яке аз муттаҳамон дар дуздии чорвои сокинон, то замони боздошташ, дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб ба қассобӣ ва фурӯши гӯшти гов машғул будааст.

Дар ҳамин ҳол Саидалӣ Холматов, яке аз ҷабрдидаҳои ин ҳодиса чоршанбеи 2 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳафт нафар дар додгоҳ ваъда ва забонхат доданд, ки 3000 сомонӣ маблағи як говашро пардохт мекунанд. Сайдалӣ Холматов мегӯяд, ки ба хотири ҳамсоядорӣ, ҷуброни яке аз говҳояшро талаб надорад.

"Ман як говамро бахшидам ва онҳо низ ваъда доданд, ки 3000 сомонӣ маблағ медиҳад, аммо аз мурофиа чанд рӯз гузашт, вале маблағро барнагардониданд. Дирӯз дидам ва гуфтам, ки пули маро кай медиҳед, ваъда карданд, ки ба моҳи дигар қарзи бонкамонро ба охир расонем маблағи шуморо медиҳем". Аммо бо ин ҳам маълум нест, ки говдуздон ҷуброни зарари воридкарда ба ҷабрдидаҳоро кай пардохт хоҳанд кард.

Даст ба дуздӣ задани иддае аз сокинони минтақаи Кӯлоб тайи як соли охир ва асосан баъди бӯҳрони молӣ ва ҳамин тавр пас аз баста шудани роҳи бисёре аз муҳоҷирон ба Русия бештар шудааст ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ аз дуздии чорвои сокинон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин аст, ки коршиносон низ даст ба дуздӣ задани сокинонро асосан дар бекорӣ, буҳронӣ молӣ ва ихроҷи аксари шаҳрвандони тоҷик аз Русия рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG