Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Фирӯз Холиқзода дар тарозуи додгоҳ


Фирӯз Холиқзода
Фирӯз Холиқзода

Додгоҳи Сино ба баррасии парвандаи Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шурӯъ кардааст, ки дар марги Зеварбону Пироваи 53-сола муттаҳам мешавад.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи Фирӯз Холиқзода – ёвари додситони Исмоили Сомонии пойтахт, ки дар марги Зеварбону Пироваи 53-сола муттаҳам мешавад, оғоз кардааст. Пирова, ки субҳи 28 сентябри соли ҷорӣ машғули роҳрӯбӣ дар наздикии меҳмонхонаи “Ҳятт Реҷенсӣ”-и Душанбе будааст, дар пайи ба ӯ бархӯрдани мошини Фирӯз Холиқзода ҷон додааст. Шоҳидони воқеа мегӯянд, мошин бо суръати тез ҳаракат мекард ва ҳатто баъди аз пой уфтодани марҳум Пирова низ суръаташ поин наомада буд.

Як масъули дафтари матбуоти Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 16 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Фирӯз Холиқзода дар аввали ҳафтаи ҷорӣ аз Додситонии кулл ба онҳо расидааст. Вале ӯ аз ифшои ҷузъиёти парванда худдорӣ кард ва афзуд, дар мурофиа тамоми паҳлӯҳои ин қазияро ошкор хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Мирзо Муродов -- шавҳари Зеварбону Пирова мегӯяд, бо вуҷуди он, ки тақрибан се ҳафта тафтиши қазия идома дошт, касе аз онҳо дар бораи ин ҳодиса нуқтаи назарашонро напурсида ва аз ҳолашон низ огоҳ нагардидааст. Ӯ мегӯяд, фақат чанд тан аз ҳамкорону наздикони Фирӯз Холиқзода ба наздашон омада, аз онҳо барои чунин рухдод маъзарат хоставу бахшиши гуноҳи ӯро пурсидаанд. Ҳатто ба гуфтаи ӯ, дар миёни маъзаратхоҳон як рӯҳонӣ ҳам будааст, ки бештар ба бахшидани гуноҳи якдигар таъкид кардааст. “Ман ва дигар наздиконамро мақомоти тафтишот то ҳол даъват накардаанд ва ҳар вақте занг задем, тафтишот гуфт, лозим шудед, даъват мекунем”,-афзуд шавҳари Зеварбону.

Мирзо Муродов, ки дар замони ҳалокати ҳамсараш дар садама ҳамроҳи як писари худ дар Русия қарор доштааст, мегӯяд, ду ҳафтаи пеш ба хона бозгашт. Ӯ аз он таассуф мехӯрад, ки ҳатто натавонист дар гӯручӯби ҳамсараш иштирок карда, такягоҳи фарзандони кӯчакаш бошад, ки ҳоло бе модар ба зиндагии худ идома медиҳанд, агарчӣ то ҳанӯз одат накардаанд. Шавҳари Зеварбону Пирова афзуд, ин ҳодиса агарчӣ ғайричашмдошт ва ба қавли "хости Худо" буд, аммо барои хонаводаи онҳо таҳаммулаш осон нест ва онҳо мехоҳанд, муҷозоти ин ронанда, ки бо суръати баланд боиси ҳалокати як зан шудааст, барои дигарон дарси ибрат шавад.

Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба он айбдор мешавад, ки соати чори субҳи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ" дар маркази пойтахт бо “Мерседес”-и худ Зеварбону Пироваи 53-соларо пахш карда, боиси ҳалокати ӯ шудааст. Холиқода 31 сол дошта, писари декани собиқи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ марҳум Кароматуллоҳ Холиқов мебошад. Мақомоти додситонӣ гуфтанд, баъд аз садамаи маргбори 28 сентябри соли ҷорӣ Холиқзода боздошт шуда, то ҳанӯз дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад.

То кунун Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон ин садамаи маргборро шарҳ надода ва нагуфтааст, ҳодиса дар чӣ вазъе иттифоқ уфтодааст. Бар илова, наздикони Фирӯз Холиқзода ҳам дар ин бора изҳори назар накардаанд, агарчӣ аз хонаводаи марҳум Зеварбону узр пурсида, хостаанд, то ӯро бубахшанд.

XS
SM
MD
LG