Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба матлаби Озодӣ


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар посух ба як матлаби Радиои Озодӣ чунин навишт: "Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», мақолаи «Волидони Хушвақт аз вазорат 50 ҳазор евро талаб доранд» ба нашр расидааст, бо омӯзиши маводҳои дахлдор мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Омўзиш ва таҳлили ваҷҳҳои дар мақола овардашуда нишон дод, ки онҳо дар маҷмўъ нодуруст мебошанд. Парвандаи гражданӣ бо даъвои Қаюмов Хушвахт Маҳмасаидович дар намояндагии Холматова Гулчеҳра Норматовнава Ниязов Умедҷон Зоҳидҷонович нисбати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи руёнидани зарари маънавӣ. Қаюмов Хушвахт Маҳмасаидович дар намояндагии Холматова Гулчеҳра Норматовнава Ниязов Умедҷон Зоҳидҷонович ба суд бо ариазаи даъвогӣ нисбати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш намудааст, ки аз ҳисоби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари маънавӣ ба маблағи 300000 сомонӣ ба манфиати ў руёнида шавад.

Бо таъиноти суд аз 11 феврали соли 2015, вобаста ба парвандаи граждании мазкур ташхиси судӣ-психологи таъин карда шуда, баррасии парвандаи мазкур то ворид гардидани хулосаи ташхис боздошта шудааст. Айни ҳол хулосаи ташхиси судӣ-психологӣ ба суд воридгардида, парвандаи граждании мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз саҳифаи сомонаи интеренети «Радиои Озоди» эҳтиромонаи ҳоҳиш карда мешавад маводҳои носаҳех дар сомонаи ҷой дода шуда худро иваз намоянд."

Дар матлаби Радиои Озодӣ гуфта мешуд, ки додгоҳ ба баррасии даъвои волидони Хушвахт Қаюмови 17-сола, сокини ноҳияи Ёвон барои пардохти 50 ҳазор евро, муодили 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ аз ҷониби вазорати корҳои дохилӣ, шурӯъ кардааст. Хуршед Исоев, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиа намояндагони вазорати корҳои дохилӣ ва Хушвақт Қаюмов бо падараш ҳузур доштанд.

Додрас Хуршед Исоев афзуд, мурофиаи даъвои пардохти зарари маънавӣ қаблан шурӯъ шуда буд, аммо ба хотири ташхиси судӣ, муваққатан ба таъхир уфтод. Ба гуфтаи додрас, ҳамакнун мурофиа тоза шурӯъ шудааст ва дар бораи мавқеи вазорати корҳои дохила ва ё даъвои волидони Хушвақт, аз шарҳи бештар худдорӣ хоҳад кард.

Тавре созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯянд, Хушвақти 17- соларо Машраф Алиев, корманди умури дохилаи ноҳияи Ёвон барои ба гардан гирифтани дуздӣ дар моҳи апрели соли 2012 ба Шӯъбаи умури дохила оварда, латту куб мекунад. Бар асари фишору латту куб Хушвақт ба гуноҳи худ “иқрор” мешавад ва бегоҳи ҳамон рӯз дар оғили хонаашон худро бо ресмон овехтанӣ мешавад. Волидонаш ӯро дар ҳолати беҳушӣ ресмон дар гарданаш пайдо мекунанд.

Дар соли 2013 Машраф Алиев ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо аз озодии Машраф Алиев аз маҳбас дар соли равон огоҳ шудаанд, ки тибқи қонуни афви соли 2014 барои “ахлоқи намунавӣ” раҳо ва муваззаф шудааст, ки ҳар ҳафта худро дар мақомоти интизомӣ, сабт намояд.

XS
SM
MD
LG