Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ мегӯяд, даъватшаванда аз мошин ҷаҳид ва маҷрӯҳ гашт


Додгоҳи гарнизони ҳарбии Хуҷанд

Додгоҳи гарнизони ҳарбии Хуҷанд

Додгоҳ гуфт, латукӯби Саидалӣ Ҳақбердиев, ҷавоне аз Панҷакент аз ҷониби афсари собиқи комиссариати ҳарби ин маҳал ҳангоми даъвати маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ исбот нашуд ва фарзияи аз мошин ҷаҳида ҷароҳатҳо бардоштани вайро пазируфт.

Додгоҳи гарнизони ҳарбии Хуҷанд рӯзи 10 - уми июн Урунбек Тошев - афсари собиқи комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакентро мутобиқи банди 316, қисми 1, танҳо барои “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ“ ҳангоми даъвати Саидалӣ Ҳақбердиев, ҷавони 24 сола аз Панҷакент ба хидмати ҳарбӣ айбдор донист ва ҷазои маҳрумияти сесоларо аз ҳаққи "ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайяни давлатӣ” таъин кард.

Бозбинии додгоҳии ин парвандаи пурсару садо, ки беш аз ним сол инҷониб идома дошт, бо эълони ин қарор анҷом ёфт. Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшинос аз “Маркази озодиҳои шаҳвандӣ”, ки аз ҳуқуқҳои Саидалӣ Ҳақбердиев дифоъ мекард, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вай ва зерҳимояаш аз ин ҳукм ризо нестанд ва ба зинаи болоии додгоҳ бознигарии онро дархост хоҳанд кард.

Ба гуфтаи мусоҳибам,Саидалӣ Ҳақбердиеви 24-сола, сокини деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакентро 4 –уми ноябри соли гузаштаи 2014 кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ҳангоми бо роҳи “облава" дастгир карда, ҳангоми дар автомобил ба хидмати ҳарбӣ бурдан ба ҳадде мезананд, ки пардаи гӯшаш медарад ва аз ҳуш рафта, баъди ду рӯз дар беморхона ба худ меояд. Пизишкон гуфтаанд, ки Саидалии беҳушро бо занбар ба шифохона оварданд ва пардаи гӯшаш дарида буд. Бар асоси шикояти наздикони Саидалӣ додситонии ҳарбии Суғд алайҳи Урунбек Тошев - афсари собиқи комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент парванда боз кард.

Вале Урунбек Тошев, афсаре, ки барои ҷалби иҷбории Саидалӣ ба хидмати ҳарбӣ раҳбарӣ мекард, дар роҳ то шаҳри Панҷакент дар дохили автомобил шадидан лату кӯб кардани вайро рад мекунад. Ба гуфтаи вай, даъватшаванда дар роҳ аз автомобили равон берун парид ва афтъода маҷрӯҳ шуд.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд барои хотима додан ба ин баҳс ва маълум кардани он оё Саидалӣ аз лату кӯб ҷароҳат бардоштаст ё паридан аз мошин, моҳи марти соли равон бо дархости вакили дифои ҷониби ҷабрдида ташхиси додгоҳиву тиббии криминалӣ таъин кард. Вай афзуд : “3 маротиба гаштаву баргашта ташхис карда шуд ва муайян гардид, ки он бача худашро аз мошин партофта, ҷароҳатҳо бардоштааст. Аммо вайро задани корманди комиссариати ҳарбӣ нодуруст баромад.”

Ин дар ҳолест, ки Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои Саидалӣ Ҳақбердиев мегӯяд, онҳо бо дархости ташхиси нави тиббӣ дар додгоҳ талош доштанд бо “оқибатҳои вазнин” ба саломатӣ лату кӯб шудани ӯро аз ҷониби собиқ афсари комиссариати ҳарбии Панҷакент Урунбек Тошев ба исбот расонанд. Ҳамчунин, дар канори вай як корманди дигари комиссариати ҳарбии Панҷакент ва як мақоми ҷамоати Рӯдакии Панҷакентро, ки дар ҷалби иҷбории Саидалӣ Ҳақбердиев ба сафи артиш иштирок доштанду шоҳиди ҳодиса буданд, ба ҷавобгарӣ кашанд.

Саидалӣ Ҳақбердиев соли 2014 Донишгоҳи Хуҷандро хатм карда, ба деҳааш барои кор баргаштааст. Вай ва падараш гуфтаанд, ки оилаи онҳо зиндагии тангдастонае дорад ва ҳатто барои ҳозир шудан ба мурофиа дар Хуҷанд маблағ надоранд. Додгоҳ қарорашро бидуни ҳузури онҳо эълон кард.

Ба маълумоти расмӣ, дар соли гузашта додситони ҳарбии Суғд 4 парванда алайҳи кормандони комиссариатҳои ҳарбии минтақаро барои “ҷалби иҷборӣ” - и даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ ва бадрафторӣ бо онҳову волидайнашон замони даъват боз кардааст. Вале касе аз ин масъулон аз суи додгоҳ маҳз барои рафтори бад ва лату кӯби даъватшаванда ҳангоми бо роҳи иҷборӣ бурдан ба хидмати ҳарбӣ гунаҳкор эълон нашудааст, балки бо ҷурмҳои сабуктари “берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ё “суистифода аз мансаб” айбдор шинохта шуданд.

Моҳи январи соли равон додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд Мӯҳсин Қурбонқулов, собиқ комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакент ва 3 корманди пешини ин комиссариатро барои "бо роҳи ғайриқонунӣ" аз хидмати ҳарбӣ озод кардани ҳудуди 200 ҷавон” то шашуним сол ба зиндон фиристода буд.

XS
SM
MD
LG