Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо амри додситони вилояти Суғд, ҳукми додгоҳиии шавҳаре, ки барои “то худкушӣ расонидани ҳамсараш” гунаҳгор дониста шуд, дубора санҷида мешавад.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони Суғд ба масъули шӯъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои додгоҳӣ дастур дод, ки қонунӣ будани ҳукми коллегияи додгоҳи вилояти Суғд дар нисбати Аҳрулло Назиров, як сокини шаҳри Бӯстон (Чкаловски собиқ)-ро санҷида, дараҷаи гунаҳгории ин мардро баҳогузорӣ кунад. Назиров барои “то ҳадди суиқасд ба ҷони худ” расонидани ҳамсараш – Мавсума Назирова гунаҳкор дониста шуда, вале баъди бозбинии ҳукми аввалааш, ҳукми ниҳоиаш сабук карда шуд.

Аҳрулло Назиров моҳи апрели соли ҷорӣ аз сӯи додгоҳи шаҳри Хуҷанд барои “то сӯиқасд ба худкушӣ” расонидани ҳамсараш Мавсума, мутобиқи банди 109-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор ва ба мӯҳлати 7 солу 6 моҳи ҳабс маҳкум гардид. Вале пас аз тахминан як моҳ коллегияи додгоҳи вилоятӣ ин ҳукмро бозбинӣ карда ҷазои Назировро сабуктар кард ва ӯро ба се соли зиндони шартӣ маҳкум кард.

Абдуқаҳҳор Ғафуров, вакили мудофеи Мавсума Назирова мегӯяд, вай ва зерҳимояаш аз ҳукми додгоҳи кассатсионӣ розӣ нестанд: “Чунки ҷиноят мутобиқи банди 109, расонидан то худкушӣ ё суиқасд ба он “вазнин” ҳисоб меёбад. Аз ин рӯ ҷазо ба содиркунандаи он ҳам бояд ба ҷинояти содиркардааш мувофиқ бошад.

Вале додгоҳи кассатсионӣ ҳарчанд Назировро ба азобу уқубат додани ҳамсараш ва то ҳадди даст ба худкушӣ задани вай расонидани вай гунаҳкор донист, ба вай ҷазои сабук таъин кард ва бо шарти татбиқи шартии он аз толори додгоҳ озод кард. Мо умедвор будем, ки додситонӣ ба ин қарори додгоҳ эътироз ва бозбинии парвандаро талаб мекунд, вале мутаассифона, онҳо эътироз наоварданд.”

Акси оилавии Назировҳо

Акси оилавии Назировҳо

Мавсума Назирова дар мусоҳибаи худ бо Радиои Озодӣ, замони бозбинии парвандаи алайҳи шавҳараш – Аҳрулло Назиров дар додгоҳи Хуҷанд чӣ гуна 14 сол аз дасти шавҳараш азобу шиканҷа дидан, 3 бор қасди худкушӣ кардан ва дар тӯли ин солҳо бо тире, ки шавҳараш сари қаҳр аз аслиҳаи пневматикӣ ба пояш зада буд, зиндагӣ карданашро нақл карда буд. Ӯ мегӯяд, ба хотири он ки се писараш бе падар калон нашаванд, тоқат мекард. Зимнан, баҳори соли равон бо дархости додгоҳ дар беморхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд табибон тири пневматикии шавҳараш задаро аз бадани Мавсума берун оварданд.

Вале Аҳрулло Назиров, шавҳари Мавсума мегӯяд, тайи 10 соли аввал бо ҳам зиндагии якҷояи хушу гуворое доштанд ва баъди он ки алоқаи маҳрамонаи ҳамсараш бо марди бегонаро ошкор намуд, ӯро дар соли 2014 талоқ дод. Баҳси ин зану шавҳари собиқ се сол боз бо фосилаҳое дар додгоҳ идома дорад. Мавсума Назирова рӯзи 25 - уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз гуноҳи шавҳарашро набахшидааст:

“Чунки маро 14 сол азоб дод. Шаъну шарафамро паст мезад. Ба болои ин, дар охир маро тӯҳмат карда, аз хонаамон бароварда пеш кард. Аммо додгоҳ вайро аз толор озод кард”. Ӯ мегӯяд, ҳамроҳи падараш ба унвонии раисҷумҳур ва Додситонии кулл нома задаанд ва бекор намудани ҳукми сабук алайҳи шавҳарашу бозбинии парвандаи ӯро дархост кардаанд.

Навор аз октябри соли 2015:

XS
SM
MD
LG