Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҷуфти хешутабор бо қарори додгоҳ аз ҳам ҷудо шуданд


Мувофиқ наомадани хислатҳо, ҷанҷолҳои батакрор бо хушдоман, аз сабабҳои аслии ҷудо шудани ҷуфтҳо аст, вале акнун додгоҳҳо бо назардошти хешутабор будан, ба онҳо иҷоза медиҳанд, ки ба осонӣ аз ҳам ҷудо шаванд.

Дар ноҳияи Шаҳринав 10 рӯз пеш додгоҳ қарор кард, ки як ҷуфти ҷавон ба далели хешу табор буданашон, аз ҳам ҷудо шаванд. Хисрав соли 2009 бо духтари тағояш Зиёда издивоҷ кард, вале баъди 7 соли ақди никоҳи расмӣ ба додгоҳ рафт, то онҳоро ҷудо кунад, зеро таваллуди фарзандони носолим зиндагиашонро талх кардааст.

Дар додгоҳи Шаҳринав аз шарҳи қарор худдорӣ карданд, вале дар ҳукми Марзия Саидзода, раиси додгоҳ омадааст, “суд ба хулоса омад, ки зиндагии минбаъдаи онҳо ва нигоҳ доштани оила имконнопазир аст, тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, зеро никоҳи онҳо хешутаборӣ буда, аз он кӯдакони носолим ба дунё омадаанд.”

Зиёда -- ҳамсари собиқи Хусрав дар муҳокима гуфтааст, ба шавҳараш даъвое надорад, зеро таваллуди фарзанди носолим сабаби ҳамдигарнофаҳмӣ ва ҷудо зиндагӣ кардани ҳарду шудааст. Фарзанди аввал ноқис ба дунё омада фавтидааст, бо умеди солим таваллуд шудани фарзанди дуввум табобат гирифтаанд, вале бенатиҷа. Дуввумӣ ҳам бемор аст. Зиёда ва Хусрав ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд, вале ҳарду дар додгоҳ гуфтаанд, ки дигар бо ҳам будан намехоҳанд.

Бекор ва ё беэътибор кардани ақди никоҳи расмии Зиёда ва Хусрав баъди ҳукми иҷро гирифтани Кодекси нави оила сурат мегирад, ки ақди никоҳ “байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян”-ро мамнӯъ кард ва ҳам байни шахсонеро, “ки аз як зан шир макидаанд”.

Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта никоҳҳои хешутабориро хатар ба генофонди миллат хонда, маъракаи густурдаеро ба зидди он шурӯъ карданд. Ба гуфтаи мақомот, дар минтақаҳо баъзе аз мардум “духтарам бегона нашавад” гуфта, ба писари хеши наздик медиҳанд, ки натиҷаи он фарзанди ноқис мешавад. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки то моҳи январи соли 2016 дар Тоҷикистон бештар аз 25 ҳазор кӯдаки маъюб сабт шудааст, ки тақрибан 30 дар сади онҳо аз издивоҷҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд.

Волидайни Абдурашид Сафаров, сокини ноҳияи Фархор, ки аз бемории устухон ранҷ мебарад, хешовандони дур ҳастанд. Сабаби бемориаш ирсист, на натиҷаи хеш будани волидайнаш. Ӯ мегӯяд, аввалан тарафдори издивоҷи хешутаборӣ нест, вале ҳукми додгоҳи Шаҳринав мантиқист, ба шарте, ки бо ризояти тарафайн бошад.

“Бисёре аз падару модарон барои бегона нашудани бойгариашон никоҳҳои хешутаборӣ мекунанд. Маслиҳати ман ин аст, ки ин корро накунанд, барои хушбахтии фарзандонашон фикр кунанд, на дар бораи сарват. Бигзор аз таваллуд шудани як фарзанди маъюб пешгирӣ кунанд, на фикри сарват. Мо шоҳидем, ки дар чунин оилаҳо то 4-5 кӯдаки маъюб ҳастанд. “–гуфт Абдурашид.

Манзура Саломова, сардори раёсати кор бо занон дар ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, корҳои тарғиботӣ мисли пештара барои пешгирӣ аз издивоҷҳои хешутаборӣ зиёд аст ва онҳо ҳар ҳафта ин масъаларо зимни мулоқот бо мардум ва кормандони ниҳодҳои марбута дар пойтахт дар миён мегузоранд.

Ӯ гуфт, “мо ҳар ҳафта гуфтугӯву мулоқотҳо анҷом медиҳем. Онҳое, ки сатҳи фарҳангашон баланд аст, мефаҳманд, вале ҳастанд табақаҳое, ки қабул надоранд. Мо бо худи кормандони идораҳои сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ кор мебарем, ки ба ин никоҳҳои хешутаборӣ роҳ надиҳанд.”

Кодекси нави оила моҳи март ҳукми иҷро гирифт ва яке аз бандҳои муҳими он, мамнӯъ будани никоҳ “байни шахсонест, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд.“ Дар вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қоидаҳои муоинаи тиббӣ ҳанӯз тасдиқ нашудааст, вале дар идораи сабти ақди никоҳ, аз ҷавонон санади ташхиси тиббиро талаб мекунанд, ки бемории сироятӣ надоранд ва ё хунашон бо хуни ҳамсар ва ё завҷаи оянда ҳамсон нест.

Наҷибулло, сокини Душанбе, ки як моҳ пеш издивоҷ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯву ҳамсараш барои ақди никоҳи расмӣ санади ташхис бурданд: “Маро касе маҷбур накард, ки санади ташхиси тиббӣ биёрем, вале дар идораи ЗАГС ғам надиҳанд, гуфта, худамонро рафтем санадро гирифтем. “

Як нигаронӣ ин аст, ки дар ивази ришва бе ташхис додани санади сиҳатии ҷуфтҳои оянда метавонад, талошҳои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз никоҳҳои хешутаборӣ ва таваллуди кӯдакони маъюбро бесамар кунад, вале мақомот мегӯянд, онҳое, ки бар хилофи қонун никоҳи хешутаборӣ мекунанд, ҷазо мегиранд. Ва ҷазо ҳам ками кам ҷарима аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG