Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ: Мақсуд Иброҳимов ба 17 сол маҳкум шуд


Дар изҳороти расмии додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ ҳукми зиндони ин фаъоли мухолифин тасдиқ ва шарҳ дода шуд.

Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 23 июл дар шарҳи расмии ҳукми зиндони шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз фаъолони нирӯҳои мухолифин дар хориҷи кишвар гуфт, Мақсуд Иброҳимов на ба 13, балки 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар баёнияи расмии дафтари матуботи додгоҳ гуфта мешавад, ки "Ибрагимов Мақсуд Муҳидинович дар додгоҳи рӯзи 24 июн ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум шуд". Ин шахс дар "содир намудани як қатор ҷиноятҳо, тибқи моддаи 307 қисми 3, 307 қисми 2, 307 қисмҳои 1 ва 2, 187 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста шуд ва ба мӯҳлати 17 сол бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш сангин маҳкум карда шудааст".

Ин моддаҳо "даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "ташкили созмони ҷиноӣ"-ро дар назар мегиранд. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфт, ҳамчунин Мақсуд Иброҳимов ба мӯҳлати 5 сол баъди озодӣ аз зиндон аз ҳуқуқи иҷрои вазифаҳои раҳбарикунанда маҳрум мешавад.

Ин барои нахустин бор аст, ки додгоҳ ба таври расмӣ ҳукми зиндони як фаъоли мухолифин Мақсуд Иброҳимовро тасдиқ мекунад. Қаблан ҳатто хабари ба Тоҷикистон истирдод шудану ба додгоҳ супурда шудани қазияи ин шахс пинҳон нигоҳ дошта мешуд. Танҳо дар як изҳороти ҳафтаи гузаштаи фаъоли ҳуқуқи башар Надежда Атаева дар бораи ҳукми 13 соли зиндони Иброҳимов изҳори нигаронӣ шуда буд.

Он вақт Ғайрат Сангинзода, раиси додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар як сӯҳбати мухтасари телефонӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки “мурофиаи додгоҳии Мақсуд Иброҳимов ҷамъбаст шуд ва ҳоло ин додгоҳ шикояти кассатсионии ӯро баррасӣ мекунад”. Бо зикри ин хабар, раиси додгоҳ аз додани ҷузъиёти дигари парвандаи Иброҳимов худдорӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, вакили дифои Иброҳимов – Илларион Василев дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари ба 13 сол маҳкум шудани зерҳимояашро аз хешовандони Мақсуд Иброҳимов шунидааст. Ӯ гуфт, дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Иброҳимов барои узвияташ дар “Гурӯҳи 24” муҷрим дониста шуд. Дар ҳоле, ки ба қавли хешовандони Иброҳимов, аз оғози мурофиаи додгоҳӣ то охир ӯ ин гуноҳро эътироф накардааст.

“Иброҳимов то замони боздошташ мехост дар Маскав созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро сабтином кунад, вале мақомоти Русия барояш чунин иҷозатро надоданд. Ва аз рӯи нақли хешонаш, ӯ дар додгоҳ ин ҳамаро нақл карда гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ узви “Гурӯҳи 24” набуд, балки худро муассис ва раиси созмони сабтиномнашудаи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” муаррифӣ мекард”, мегӯяд Василев.

Ба гуфтаи ӯ, дар мурофиаҳои додгоҳии Иброҳимов дар Душанбе ҳуқуқи ӯро як адвокати тоҷик ҳимоят мекард, зеро Василев дар охирин лаҳза аз ҳуқуқи иштирок дар мурофиа маҳрум шуд.“Иброҳимов, ки душаҳрвандӣ дорад, аз шаҳрвандии Русия ҳеҷ гоҳ даст накашидааст. Вале ба ман гуфтанд, ки ҳатто агар ба Душанбе равам, маро барои ширкат дар додгоҳ роҳ намедиҳанд”, гуфт ин вакили дифоъ.

Миёнаҳои соли 2014 гурӯҳе аз мухолифини берун аз Тоҷикистон эълон карданд, ки сохтори эътилофи нирӯҳои мухолифини “Тоҷикистони нав”-ро таъсис медиҳанд ва ба ҳайати ин созмон дар баробари “Гурӯҳи 24”, инчунин созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ҳам шомил мешавад. Фаъолони ин созмонҳо мегуфтанд, ки аксари гирдиҳамоиҳо дар шаҳрҳои Русия бо талаби истеъфои Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2014-ро маҳз созмони зери раҳбарии Иброҳимов ташкил дода буд. Баъди митинги баргузорношудаи рӯзи 10 октябри соли 2014, ин созмон аз бедарак шудани дастикам 3 узваш хабар дод.

Мақсуд Иброҳимов 38 сол дошта, зодаи шаҳри Душанбе аст. Ӯ ҳамзамон шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия мебошад. Моҳи ноябри соли 2014 ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, ки нафари ношиносе ба ӯ бо корд ҳамла карда, дар ноҳияи дил чанд зарба задааст. Иброҳимов он вақт бо пахши изҳороти видеоӣ ин амалро ба фаъолиятҳои сиёсии худ рабт дод.

Моҳи январи соли 2015 хешовандонаш тавассути Интернет хабар доданд, ки Мақсуд Иброҳимов аз хонааш дар шаҳри Маскав нопадид шуда, баъдан даракаш аз Душанбе пайдо шуд. Дар ҳоле, ки мақомоти тоҷик аз оғоз талош карданд дар бораи қазияи Иброҳимов сӯҳбат накунанд, ба иддаои хешовандонаш ба ҳангоми истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ҳуқуқаш нақз шудааст.

Хешовандонаш ба созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон гуфтаанд, ки Иброҳимов дар Маскав рабуда шуда, “дар бағоҷи ҳавопаймо ба Душанбе” интиқол дода шуд. Ин иттиҳомро сохторҳои интизомии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ эътироф накардаанд. Ба иттилои вакили дифоъ Илларион Васелев, аз оғоз мақомоти Русия аз қазияи Мақсуд Иброҳимов фосила гирифта, барои ҳимояти ҳуқуқи ин шаҳрвандашон садо баланд накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG