Пайвандҳои дастрасӣ

Султоншоев барои "гӯшмол"-и шогирдаш 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд


Асламшоҳ Султоншоев.

Асламшоҳ Султоншоев.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Асламшоҳ Султоншоев, муаллими риёзиёти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзиширо барои “гӯшмол”-и шогирдаш 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Асламшоҳ Султоншоев, муаллими риёзиёти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ рӯзи ҷумъаи 21 ноябр аз сӯи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои “гӯшмол”-и шогирдаш ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Лаҳзаҳои “гӯшмол” додани шогирд аз ҷониби ин устод наворбардорӣ шуда, дар шабакаи Ютюб нашр шуда буд. Бар асоси ин навор, додситонии ноҳияи Сино нисбат ба Султоншоев бар асоси моддаҳои 174 (иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ) ва моддаи 316, қисми 1 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кард.

Аммо додгоҳ бо дарназардошти бори аввал содир кардани ҷиноят, собиқаи беш аз 30 солаи омӯзгорӣ, ки давоми он ҳеҷ хатое ин устод содир накардааст ва ҳамчунин барқасдона содир накардани ҷиноят, танҳо бо ҷарима Султоншоевро аз ҷавобгарӣ раҳо кард.

Ин омӯзгор 21-уми ноябр дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ эътирозе ба ҳукми додгоҳ надорад. Ӯ гуфт, аз кори кардааш сидқан пушаймон аст ва ҳукми додгоҳро, ки ҳамаи ҳолатҳои сабуккунандаро ба назар гирифт, хеле одилона медонад.

-Ҳеҷ норозигӣ аз ҳукми суд надорам. Суд ҳама ҳолатҳоро ба назар гирифт ва ман ҳам дар мурофиаҳо гуноҳамро эътироф кардам. Зиёда аз сӣ сол омӯзгор кор кардам ва ҳеҷ гоҳ бо шогирдон муносибати бад надоштам,-гуфт, Султоншоев.

Аз ин пештар худи Асламшоҳ Султоншоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин рафтораш барқасдона ва аз сари ғазаб набуда, танҳо хостааст шогирди дарсгурезашро танбеҳ диҳад. Ин навор аз сӯи хонандагон пинҳонӣ сабт шуда, баъдан ба Интернет роҳ ёфтааст.

Ӯ дар сӯҳбат бо мо асли қазияро чунин нақл карда буд, ки "чаҳор рӯз пайиҳам Муҳаммадҷон Сулаймонов аз дарсҳо мегурехт. Ман роҳбари синфи ӯ будам, кӯшиш мекардам, ки шогирдони ман хонандаи боодоб бошанд, аз дарсҳо нагурезанд. Вақте чанд бор барои дарсгурезияш огаҳӣ додам, гӯш накард."

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Волидайни ин хонанда ва худи хонанда, ки ҳоло донишҷӯ ҳаст, дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз Султоншоев пуштибонӣ кардаанд.

Ҷаримаи устод барои “гӯшмол” додани шогирдаш дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми ноябр навори дигаре, ки саҳнаи ҳақоратҳои гӯшношуниди як устод бо донишҷӯёнро намоиш медиҳад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро барангехт.

Маълум нест, ки ин навор кай, дар куҷо ва аз ҷониби кӣ бардошта шудааст, аммо аз лаҳни сӯҳбати устод маълум мешавад, ки ӯ аз амали шогирдонаш хеле асабӣ ҳаст ва бо як лаҳни тунд ба онҳо ҳақорат медиҳад.

МОДАРИ МАКТАБХОН ПУШТИБОНИ СУЛТОНШОЕВ АСТ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG