Пайвандҳои дастрасӣ

Бузургмеҳр Ёров аз додраси парвандааш хост, ки ӯву Нуриддин Маҳкамовро ба шарти аз маҳалли иқомат берун нарафтан озод карда, баъдан мурофиаро дар толори театри Лоҳутӣ ё Кохи Ҷомӣ гузаронад.

Бо вуҷуди он ки муҳокимаи вакилони боздоштшуда – Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов – рӯзи 10 май чанд соат бо таъхир шуруъ шуд, аммо ба фарқ аз мурофиаи нахустин додрас Асомуддин Бобохонзода ба намояндагони сафорати Амрико ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо иҷозаи вуруд ба толори мурофиаро дод. Ба намояндагони расонаҳо ҳам иҷозат шуд, ки ҷараёни мурофиаро бидуни дастгоҳи забту наворгирӣ назорат кунанд.

Мурофиаи дувуми Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов низ дар бинои Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор шуд. Дар аввал қарор буд, ки ин муҳокима дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гузарад, вале ба далели таъмир ин мурофиа ба Додгоҳи Фирдавсӣ кӯчонда шудааст.

Дар оғози мурофиа Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дубора талаби иваз кардани ҳайати додгоҳӣ ва айбдоркунандаи давлатиро дар миён гузошта, аз додрас хостанд, то анҷоми муҳокимаашон онҳоро аз боздошт раҳо кунад. Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки ӯву Нуриддин Маҳкамов боздоштшудаҳои сиёсӣ ҳастанд ва бояд бо шарти аз маҳалли иқомат берун нарафтан аз боздошт озод шаванд.

Ӯ гуфт, узви ҳизби сотсиал-деморати Тоҷикистон ва раиси Кумитаи ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ буд ва маҳз ба ҳамин хотир дастгир шудааст. “Агар боздоштшудаи сиёсӣ намебудем, созмонҳои байналмилалӣ ҳимоят намекарданд,” – афзуд ӯ дар додгоҳ.

Як пешинҳоди дигаре, ки ду вакили дифои боздоштишуда дар миён гузоштанд, иваз кардани толори мурофиа буд. Бузургмеҳр Ёров бо дарназардошти бисёр будани шумораи ҷабрдидаҳо ва шоҳидону хешовандонашон гуфт, мурофиа бояд дар толори театри Лоҳутӣ ва ё Кохи Ҷомӣ гузаронда шавад.

Аммо додрас Асомуддин Бобохонзода баъди рафтан ба хонаи машваратӣ ин се пешниҳоди Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро рад намуд ва гуфт, ки ҳамагуна бархӯрд бо онҳо аз рӯи қонун сурат мегирад. Додраси мурофиа танҳо ба хотири ошно шудани вакили дифои нави Бузургмеҳр Ёров - Муаззама Қодирова бо парвандаи ӯ, барои суҳбати боздоштшуда бо хешовандонаш ризоият дод. Онҳо дар охири мурофиаи рӯзи 10 май тақрибан 15 дақиқа мулоқот карданд.

Мурофиаи баъдӣ рӯзи 13 май баргузор хоҳад шуд ва аммо пешниҳоди журналистон дар мавриди ба толор ворид кардани дастгоҳи сабти навори видеоӣ ва аксбардорӣ рад шуд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳаққи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд. Рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ, Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст.

Мақомоти тафтишотии парвандаи Бузургмеҳр Ёров дар моҳи декабри соли гузашта ӯро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд.

Мурофиаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар ҳоле ҷараён дорад, ки рӯзи 4 май Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия – ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон – дар як гузориши муштарак аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки 4 вакили мудофеи боздоштшуда ва ду писари як вакили дигарро, ки низ дар боздошт қарор доранд, “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд.

Дар гузориши ин ду созмон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” рӯзи 4 май нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст. Бақия, бино ба ин гузориш, бо ҳукмҳои машкук зиндонӣ шуда ваё бо иттиҳомоти бофта таҳти муҳокима қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG