Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни "бандаи хунин". Эълони ҳукми зиндони қотилони Вахшунвар Шайдоев


​Додгоҳи Свердловск блогер Василий Федорович, раҳбари бандаеро, ки дар 14 куштор ва 5 қасди куштор, аз ҷумла дар қатли як муҳоҷири тоҷик гунаҳкор дониста шуд, ба 22 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи вилояти Свердловски Русия ба парвандаи хунинтарин бандаи ҷиноии минтақаи Урали Русия нуқтаи таммат гузошт. Додгоҳ блогнависи сокини шаҳри Екатеринбург Василий Федоровичро бо ҷурмҳои сангине, чун куштор, одамрабоӣ, таҳрики адоват ва бандитизм ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Аъзои дигари ин гурӯҳи ҷиноӣ ба мӯҳлати аз 6 сол то ҳукми умрбод маҳкум шуданд.

Василий Федорович раҳбари ақидатӣ (идеологӣ)-и бандае дониста мешавад, ки дар 14 куштор ва 5 қасди куштор дар ҳудуди вилоятҳои Свердловску Курган муҷрим шинохта шуд.Федорович бо он маъруф аст, ки аъмолеро ки ин банда анҷом медод, ба таври муфассал дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар “Живой журнал” қисса мекард.

Муассиси ин банда Даниил Поташников, ки ба ақидаи тафтишот, дар зеҳни аъзои он кинаву адоват нисбат ба мардуми ғайриславянро ҷой мекард, дар соли 2012 дар натиҷаи як моҷаро аз сӯи худи зердастонаш кушта шуд ва то ба додгоҳ нарасид.

Дар маҷмӯъ ин банда ба 41 куштор ва даҳҳо мавриди ҳамлаву ғоратгарӣ, дуздӣ ва таҷовуз ба номус гумонбар мешуд, вале тафтишот аз 41 куштор танҳо 14 қатлашро собит кардааст. Яке аз қурбониёни ҳамлаҳои ин гурӯҳ, ки дар заминаи адовати қавмӣ кушта шуд, шаҳрванди Тоҷикистон Вахшунвар Шайдоев мебошад. Тавре айбдоркунандаи давлатӣ дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, дар моҳи январи соли 2012 яке аз аъзои бандаи Поташников – Федорович бо номи Роман Киряков кистень (як навъи гурз, ки як тарафаш занҷир ва нӯгаш кӯраҳои оҳанини теғдор дорад) сохтааст ва аьзои банда хостаанд, ки ин силоҳи навро дар ягон раҳгузар биозмоянд. Аз бахти бадаш Вахшунвар Шайдоев дар кӯчаи Билимбаеви шаҳри Екатеринбург аз пеши роҳи ин гурӯҳи ҷиноӣ мебарояд ва онҳо шаҳрванди тоҷикро то аз по афтоданаш бо ин гурз мекӯбанд ва сипас ба баданаш боз 5 корд мезананд.

Аз миёни аъзои ин банда дар ниҳоят ҷазои сахттарин – ҳукми умрбодро ҳамин Роман Киряков, ки Вахшунвар Шайдоевро бо яроқи сохтаи ӯ куштанд, гирифт.Киряков дар бандаи Федрович – Потешников нақши ҷаллодро иҷро мекард ва дар маҷмӯъ дар 7 куштор ва 4 қасди куштор айбдор дониста шуд.

Кумитаи тафтишоти вилояти Свердловск мегӯяд, аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ маҳорати кордзаниро аз худ карда, ҳамчунин бо силоҳҳои оташфишон, аз ҷумла бо пистолету револверҳо, карабинҳои нимахудкор ва камонҳои шикорӣ мусаллаҳ буданд. Додгоҳи онҳоро бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (куштор), моддаи 126(одамрабоӣ), 159(қаллобӣ), 132 (амалҳои зӯроваронаи шаҳвонӣ), 282(таҳрики адоват) ва моддаи 209 (бандитизм) гунаҳкор шинохт.

Аммо таъқиби ин банда замоне сурати ҷиддӣ гирифт, ки онҳо дар моҳи марти соли 2012 Ҷорҷ Якубян, шаҳрванди Сурияву Амрикоро куштанд. Якубян бо даъвати Федорович барои ташкили як ширкати муштарак ба хотири табодули мол байни Сурияву Русия ба Екатеринбург омада буд, вале тавре тафтишот мегӯяд, Федорович ва ҳамдасташ Елена Сухих ӯро аз фурудгоҳ рост ба як ҷангал бурда, ба хотири ба даст овардани пароли кортҳои бонкиаш шиканҷа карданд. Онҳо аз ҷумла дандонҳои Якубянро бо анбӯр канда, мӯи сарашро оташ задаанд ва ангуштони дастонашро шикастаанд. Баъди ин ӯро ба як гараж дар кӯчаи Коммунистическаяи шаҳри Екатеринбург мебаранд ва Потешников ба сари Якубян бо путк мезанад. Дар ниҳоят Василий Федорович ба гардани меҳмонаш чанд корд задааст ва Роман Киряков ҷасади ӯро бензин рехтаву сӯзондааст. “Ҳосил”-и ин куштор ҳамагӣ як ноутбук ва чизе бештар аз 100 000 рубле буд, ки Ҷорҷ Якубян дар кортҳои кредитиаш дошт.

Тафтишот мегӯяд, аъзои ин гурӯҳ як сокини маҳаллиро бо гумони даст доштан дар тиҷорати маводи мухаддир низ кушта, баданашро пора-пора карданд ва сӯзонданд.

Аз 11 узви мушаххасшудаи ин гурӯҳи ҷиноӣ яке - Даниил Потешников – кушта шуда, якеи дигар дар ҳоли фирор қарор дорад. Аз 9 нафаре ки ба додгоҳ эҳзор шуданд, Киряков барои 7 куштор ба ҳабси умрбод, Антон Чиркин барои 4 куштор – ба 10 соли зиндон, Антон Поташников ба 24 сол ва Елена Сухих барои 3 куштор ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Андрей Зорин 14 сол, Егор Дровников – 22, Иван Гужин – 6 ва Артём Вафин 16 сол сол гирифтанд. Елена Сухих барои он ҳукми сабуктар гирифт, ки бо ҳамкорӣ бо тафтишот изи ҷиноятҳои хунини ҳамсафони собиқашро фош кардааст.

Леонид Федорович, ки бо назардошти се соли боздошташ танҳо 19 соли дигар дар зиндон хоҳад нишаст, ҳамчунин ба пардохти 930 000 рубл ва Киряков ба пардохти 1 миллион рубл муваззаф шудаанд. Валерий Воробёв, адовати ӯ гуфтааст, аз ин ҳукм розӣ нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG