Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои зидди президент рад шуд


Додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек рӯзи 16 июн аризаи ду фаъоли маъруфи ҳуқуқи башари Қирғизистонро рад кард, ки барои барқарор кардани обрӯву эътиборашон дар муқобили ҳамлаҳои президент Алмосбек Отамбоев ба додгоҳ шикоят карданд. Фаъолони маъруфи ҳуқуқи башар Толеқон Исмоилова ва Азиза Абдурасулова баъди як ҳамлаи лафзии президент Отамбоев худро шадидан таҳқиршуда ҳисобида ба додгоҳ муроҷиат карданд, то ки президентро барои паст задани обрӯву эътибори инсониву кориашон ба ҷавобгарӣ кашад. Талаби онҳо аз президент дар баробари узрхоҳӣ инчунин пардохти ҷубронпулии зарари маънавӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор доллар буд. Додгоҳи рӯзи 16 июн даъвои онҳоро рад кард.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё онҳо аз болои ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мекунанд ё на. Раиси маркази ҳуқуқи башари «Қилим шами» Азиза Абдурасулова гуфт, ки ҳукми додгоҳ, ки ба ҷонибдории президент содир шудааст, баёнгари «номуваффақии ислоҳоти низоми додгустрӣ дар Қирғизистон аст. Яъне додрас ба ҳангоми содир кардани ҳукм аз раҳбарияти боло ҳарос дошт ва ин маънои номустақил будани он аст».

Абдурасулова гуфт, ки додгоҳ далелҳои шаъйии пешниҳодкардаи онҳоро нодида гирифт ва ҳатто нахост шоҳидонро аз ҷониби даъвогарон ба мурофиа даъват кунад. Дар миёнаҳои моҳи май раҳбарони як ҷумбиши ҷамъиятии «Парлумони мардумӣ» бо иттиҳоми омодагиҳо ба ғасби ғайриқонунии қудрат боздошт шуданд. Дар ҷаласаи рӯзи 12 маи ин ҷумбиш Азиза Абдурасулова ва Толеқан Исмоилова ҳам иштирок карданд.

Ду рӯз баъди ин дар як маъракаи бахшида ба «Рӯзи модар» президент Алмосбек Отамбоев дар суханронии худ гуфт, ки аъзои «Парлумони мардумӣ» дар фикри бесубот кардани кишвар ҳастанд ва номи Абдурасулова ва Исмоиловаро мушаххасан ба забон оварда гуфт, ки онҳо бо «обулой кардани грантҳои хориҷӣ» машғуланд. Фаъолони собиқадори ҳуқуқи башар, ки худро таҳқиршуда арзёбӣ мекунанд, ба додгоҳ шикоят карда талаб намуданд, ки президент барои таҳқир ва поймол кардани шарафи инсонӣ ва эътибори кории онҳо узр хоҳад ва пардохти ҷубронпулиро талаб карданд.

Дар рӯзи аввали мурофиа 8 июн додгоҳи ноҳияи Первомайский талаби даъвогаронро барои таъмини ҳузур ва шунидани ҳарфи шоҳидон, аз ҷумла шавҳару фарзандонашон рад кард. Инчунин додрас нахост, ки навори видеоии сӯҳбатҳои президентро аз дафтари матбуоти Отамбоев барои истифода ва таҳқиқ дар ҷараёни суд талаб кунад. Талаби аслии даъвогарон - таъмини ҳузури шахсии президент Отамбоев дар додгоҳ ҳам рад шуд. Аз ҳуқуқи президент дар мурофиа як намояндаи ӯ ҳимоят кард.

Абдурасулова гуфт, ки «Алмос (президент Отамбоев)-ро шахсан мешиносад ва мехоҳад дар додгоҳ ба ӯ чанд саволе диҳад». Ӯ гуфт, ки баъди изҳороти президент на танҳо эътибори кории онҳо, балки муҳити маънавии хонаводаашон ҳам хароб шудааст ва ин ҳодиса боиси дар «пеши чашми шавҳар, хешу ақрабо ва қудоҳо шарманда» шудани оҳно шудааст.

"Президент, гуноҳи моро исбот кун!"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG