Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми расмӣ алайҳи Шариф Мираков барои "салафигароӣ"


Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.

Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.

Додситонии минтақаи Кӯлоб Шариф Мираковро, ки то замони боздошташ дар шӯъбаи корҳои дохилии истгоҳи Роҳи оҳани Айнӣ дар Душанбе кор мекард, бар пояи банди 189, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ - ангехтани кинаву адоват расман муттаҳам кард.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯяд, алайҳи Шариф Мираков беш аз даҳ сокини маҳаллӣ нишондод додааст, ки воқеан ӯ баҳсҳои носолими диниро миёни мардум ба миён меандохтааст. Мустафо Сафаров, нафаре, ки як рӯз қабл аз боздошти Шариф Мираков, дар як маросими хурсандӣ бо ӯ ҳамсӯҳбат шудааст, мегӯяд, ӯ давоми се соат ҳамеша талош мекард, то аҳли нишаст тибқи донишҳои исломии ӯ ҳарф зананд ва хӯрок хӯранд.

Мустафо Сафаров гуфт: «Ҳар касе чи амале мекард, дар ӯ хатогӣ пайдо мекард. Масалан, мегуфт, чойро бо дасти чап нарезед, бо дасти чап дароз накунед, аз ҷой бо дасти чап нахезед. Дар ҳар гуфтааш ҳадис меовард ва мегуфт, ки ин гуфтаҳои паёмбари Худо аст. Агар кассе мегуфт, ки чунин ҳадис нест, ӯро маҳкум мекард. Пештар ман медонистам, ки баҳсҳои бемаънӣ зиёд мекард ва ҳатто ҷангу ҷанҷол ҳам шудааст. Ин рафтори ӯро дар ҳамон маъракае, ки ман будам, касе ин рафторашро қабул надошт. Рости гап ман намедонам, ки ӯ дар кадом равия буд, аммо ҳамин рафторашро шоҳид шуда будам.»

Рустам Мираков, бародари Шариф Миракоов аз сӯҳбат дар бораи боздошти ӯ худдорӣ кард ва нахост дар ин бора чизе бигӯяд. Аммо Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили дифоъи Шариф Мираков мегӯяд, зерҳимояааш ҳарчанд дар Душанбе зиндагӣ мекард, вале замони боздошт дар Кӯлоб мусофират дошт. Ӯ мегӯяд, «Ӯро даъват карданд, худаш омад. Пас аз ин ба ӯ гуфтанд, ки аз болоят шикоят аст ва боздошташ мекунанд. Гуфтанд, ки 6-7 нафар шикоят кардааст, аммо ҳоло ман намедонам, ки онҳо кӣ ҳастанд.»

Зимнан, Шариф Мираков ҳудуди як моҳи пеш аз сӯи маъмурони амниятӣ дар Кӯлоб ба гумони ташвиғу тарғиби ақидаҳои салафӣ боздошт гардид. Боздошти ин корманди пулис дар ҳолест, ки ду моҳ пеш Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зимни сафараш ба шаҳри Кӯлоб аз роҳ ёфтани намояндагони равияи мамнуи салафия дар сохторҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ карда буд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Ҷаноби Абдулқодирзода, рӯзи 16-уми апрел дар як мулоқот бо фаъолону имомхатибон ва ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки "мутаассифона, мешунавем, ки то ҳадду андозае баъзан аз ин гурӯҳҳо, яъне намояндагони равияи салафӣ ва мазҳаби шиаи исноъашарӣ дар мақомҳои давлатӣ ҳам ҷой гирифтаанд, кор мекунанд ва барои густариш додани ақидаҳои худ талош доранд."

Абдулҳамид Шарипов, сармутахассиси Кумитаи кор бо дин ва танзими ҷашну анъанаҳо дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, роҳ ёфтани пайравони равияҳои мамнӯъ ва ифротӣ дар идораҳои давлатӣ аз он ҷиҳат хатар дорад, ки онҳо аз амалкарди дигар ҳамандешони худ чашм мепӯшанд ва бо ин роҳ ба зиёд шудани пайравони ин равия мусоидат менамоянд.

Ӯ мегӯяд, вақте як одами бекор ба ин ҷараёнҳо шомил мешавад, кам одамон ба ҳарфи ӯ бовар мекунанд, вале вақте як мансабдор ҳарфе мегӯяд, ҳама ӯро бовар мекунад: «Вақте як мансабдор, ки кораш ҷилавгирӣ аст, чунин рафтор мекунад, бисёр хатарнок аст. Аммо бовар надорам, ки чунин мансабдорон зиёд бошанд. Одаме, ки ақли солим дорад, ҳеҷ гоҳ ба чунин андешаҳо дода намешавад. Лекин зиёд шудани пайравони чунин равияҳо дар маҷмӯъ боиси ихтилоф мешавад, зеро ҳадафи онҳо нопок аст.»

Тибқи маълумоти дастрасшуда, Шариф Мираков, соли 1974 дар деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе сукунат доштааст. Ин бори аввал аст, ки як корманди милиса бо гумони тарғиби равияи Салафия дар Тоҷикистон боздошт мешавад.

Пайравони ҷараёни салафия дар Тоҷикистон онҳоеро мегӯянд, ки аксаран дар бисёр масоили исломӣ ақидаҳои мухолиф бо мазҳаби Имоми Аъзам, мазҳаби расмии мардуми Тоҷикистонро доранд. Пайравони ин гурӯҳ тақрибан дар соли 2005 дар масоҷиди Тоҷикистон зуҳур карда, бо рӯҳониёни мазҳаби ҳанафӣ рӯи масоили динӣ ба баҳс нишастанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости додситони кул дар оғози соли 2009 барои халалдор нашудани вазъи амниятӣ фаъолияти салафияро мамнӯъ эълон кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG