Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панди Тоҷикистон ба ҳамсоякишвари Афғонистон


Фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон мегӯянд, ба далели қаробати фарҳанг ва урфу одат мумкин аст таҷрубаи сулҳи Тоҷикистон барои дастёбӣ ба сулҳ дар ин кишвар қобили истифода бошад.

Дар як муколамаи онлайнии фаъолони ҷомеаҳои мадании Тоҷикистон ва Афғонистон дар рӯзи панҷшанбеи 14 апрел мавзӯъи таҷрубаи сулҳи тоҷикон ва истифодаи он дар шароити Афғонистони ҷангзада матраҳ гардид.

Қозӣ Сайёд Муҳаммад Самӣ, раиси Комиссияи мустақили ҳуқуқи инсон дар манотиқи шимоли Афғонистон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба раванди кунди музокироти сулҳ дар ин кишвар ниҳодҳои давлатию созмонҳои иҷтимоии Афғонистон роҳҳои тасреъи ин равандро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Самӣ, дар ин росто таҷрубаи сулҳи Тоҷикистон ҷаззоб ва умедворкунанда аст.

Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандии панҷсолаеро пушти сар кард, ки бар асари он беш аз 150 ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор нафари дигар паноҳанда шуданд. Ҷонибҳои даргир роҳи душвору тӯлонии музокиротро тай карда ва билохира ба сулҳи фарогир даст ёфтанд.

Профессор Иброҳим Усмонов, раиси созмони ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки худ аз ибтидо то интиҳо дар музокироти сулҳи тоҷикон аз ҷониби давлати Тоҷикистон ширкат дошт, гуфт, ширкати куллияи тарафҳои даргир дар музокироти сулҳ, гузашти тарафҳои даргир ва мусоидати кишварҳои кафил ва СММ роҳро барои дастёбӣ ба сулҳу субот дар ин кишвар боз кард.

Аммо ба эътиқоди профессор Усмонов, дар музокироти сулҳи Афғонистон дар Покистон ба истиснои ҷониби Толибон ва ҳукумати Афғонистон намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои мусаллаҳ, қавму қабилаҳо, миллатҳо ва аҳзобу созмонҳо ширкат надоранд.

Зимнан, дар музокироти сулҳи Тоҷикистон намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ширкат доштанд. Маҳз ба ин манзур дар соли 1996 дар ин кишвар Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис шуд, ки дар он ҳизбҳою созмонҳо ва ҷамъиятҳои аққалиятҳои миллии Тоҷикистон шомил шуда ва дар раванди дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд.

Аз сӯи дигар, профессор Усмонов таъкид кард, ки барои дастёбӣ ба сулҳ бояд Қонуни асосии Афғонистон ислоҳ ва заминаи ҳуқуқӣ барои интихоботи шаффоф ва озод дар ин кишвар фароҳам шавад.

Ӯ гуфт: “Вақте натиҷаҳои интихобот на дар 1 ё 2 рӯз, балки ҳафтаҳо эълон намешавад, ин интихобот нест. Ин ҳолат шакку шубҳаҳоро дар бораи шаффоф ва боадолатона будани интихобот ба миён меорад”.

Муҳимтарин дастоварди сулҳи Тоҷикистон ин хотима гузоштан ба "ҳукумати Калишников" ва аз байн бурдани қӯмондонсолорӣ буд. Ин вазъ ҳоло дар Афғонистон мушкили Калашникову қӯмондонсолорӣ ҳал нашуда ва ҳар қӯмондон дар минтақаи худ амир ҳисоб меёбад. Ҳанӯз рӯшан нест, ки дар Афғонистон ин мушкил аз ҷониби кадом неру ва бо кадом роҳ ҳал хоҳад шуд.

Саидхоҷа Акбаров, муовини раҳбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон низ баргузории интихоботи шаффофро аз роҳҳои дастёбӣ ба ваҳдату субот хонд. Вай ба интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон ишора кард, ки номзадҳо Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ худро пирӯз эълон карда ва ин амр боиси болоравии ташаннуҷ дар ҷомеа шуда буд.

Муколами онлайнӣ бо фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон
Муколами онлайнӣ бо фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон

Воқеъан пас аз интихоботи президентӣ дар Афғонистон дар моҳи майи соли 2014 дар муддати беш аз ду моҳ баҳсҳо дар атрофи номзади ғолиб идома ёфта ва танҳо баъд аз мудохилаи Амрико Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ ба тақсими қудрат ризоият доданд. дар натиҷа, ҷаноби Ғанӣ раиси ҷумҳур ва Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати ваҳдати миллӣ эълон шуданд.

Аз сӯи дигар, Нуралӣ Давлат, таҳлили мустақил мегӯяд, ки шароити сулҳи Тоҷикистону Афғонистон мутафовит буда ва нусхабардории таҷрубаи сулҳи Тоҷикистон дар Афғонистон муфиду муассир нахоҳад буд. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар нобасомониҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба Афғонистон бозингарони геополитик камтар буданд, дар қазияи феълии Афғонистон қудратҳои ҷаҳонӣ манофеъи худро дунбол мекунанд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, мухолифату низоъи Тоҷикистон “дарунқавмӣ, яъне, миёни шаҳрвандони ин кишвар ва ҷанги шаҳрвандӣ буд”. Манофеъи бозингарон дар ҷанги Тоҷикистон-Русия ва Эрон низ яксон буд. Аммо вазъи Афғонистон комилан дигар аст. Аз гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳи Афғонистон кишварҳои мухталиф пуштибонӣ мекунанд. Миёни миллату қавмҳои Афғонистон низ ваҳдату якдилӣ камтар ба мушоҳида мерасад.

Ҷаноби Бекмуҳаммад гуфт: “Бартарии як қавм ба қавми дигар қобили қабул нест. Ба эътибор гирифтани саҳми ҳар қавму миллати Афғонистон дар тақсими қудрат аз роҳҳои аслии дастёбӣ ба сулҳ дар ин кишвар ҳисоб меёбад”.

Намояндагони ҷомеаи мадании Афғонистон зимни баррасии ибрози назарҳо ва пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон дар мавриди роҳҳои дастёбӣ ба сулҳ дар ин кишвар наҳваи музокирот, дар муддати кӯтоҳ расидан ба сулҳ ва оромию пешрафти феълии Тоҷикистонро намунаи ибрат хонданд.

Ҳамзамон, онҳо дар мавриди боздошти мақомоти Ҳизби наҳзати исломӣ ва мамнӯъ шудани фаъолияти ин ҳизб, ки як ҷониби сулҳи Тоҷикистон маҳсуб мешуд,гуфтанд, ки наметавонанд ин ҳодисаро барои худ қобили пайравӣ хонанд. Вале ба гуфтаи фаъолони ҷомеаи маданӣ, феълан Афғонистон танҳо дар марҳилаи ибтидоии сулҳ қарор дошта ва то замони истиқрори сулҳу суботи воқеъӣ дар ин кишвар фурсати зиёде лозим аст.

XS
SM
MD
LG