Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳмати донишҷӯи тоҷик ба Латвия меравад


Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии кишвар то имрӯз беш аз 319 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳудуди 58 фоизи нақшаро ташкил медодааст.

Тоҳир Содиқов - сардори шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғаллаи вазорати кишоварзӣ гуфт, таҳлилҳои коршиносони соҳа муайян кардаанд, ки имсол ҳудуди 520 000 тонна пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд ва ин нисбат ба нақшаи вазорати кишоварзӣ 30 000 тонна кам аст. Тоҳир Содиқов гуфт, ба коҳиши ҳосили пахта, офатҳои табиӣ ва ҳуҷуми малах ба майдонҳои пахта сабаб гаштааст.

Бо иллати корношоям гаштани таҷҳизоти техникӣ ва мошинҳои пахтаҷамъкунӣ, дар шаҳру навоҳии кишвар барои ғунучини пахта ғолибан аз неруи одамон истифода мебаранд. Соли ҷорӣ сарфи назар аз эътироз ва норизоият бисёре аз донишҷӯёни манотиқ барои кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ба саҳроҳои пахта сафарбар шуданд. Барои чидани як кило пахтаи маҳиннах 25 дирам ва пахтаи миёнанах 20 дирам муайян шудааст.

Як донишҷӯ Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, маблағи барои чиниши пахта пардохтмешуда ночиз аст ва онҳо дар шароити номусоид ба кор маҷбур карда шудаанд. Аммо бо вуҷуди ҷалби донишҷуён, бо оғози боришот дар майдонҳои пахта ҳосили зиёде боқӣ мемонад. Тоҳир Содиқов мегӯяд, вазорати кишоварзӣ бо мақсади саривақт ба анҷом расидани мавсими чиниши пахта, дар майдонҳои омӯзишӣ санҷиши навъҳои пахтаро ба роҳ монда, мехоҳад дар соли оянда аз тухмии пешпазак истифода барад.

Соли гузашта кишти пунбадона дар майдони 263 000 гектар ба роҳ монда шуда буд ва аз он 440 000 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 82 фисади нақшаро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон бо 57 кишвар тиҷорат дошта, ҳудуди 70 дарсади содироташро алюминий, ва баъдан пахта ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ дар бозори ҷаҳонӣ баҳои тоннаи пахта 83 доллар коҳиш ёфта, як тонна пахтаи Тоҷикистон ба қимати 1039 долар ба фурӯш рафта буд. Иқтисодшинос Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, дар сурати дар дохили кишвар ба роҳ андохтани коркарди пахтаи хом фоидаи Тоҷикистон аз пахтакориаш метавонист ба маротиб биафзояд. Тоҷикистон ғолибан пахтаро ба Қазоқистону Латвия содир мекунад.

XS
SM
MD
LG