Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз раҳбарони ситоди “Пахта-2014” дар вилояти Қашқадарё аз сактаи қалбӣ даргузаштааст. Гуфта мешавад, ҳарчанд ӯ бемор буд ва аз дарди қалб ранҷ мекашид, вале нагузоштаанд, истироҳат намояд.

Абдураззоқ Худойбердиев, яке аз масъулони ситоди “Пахта - 2014” дар вилояти Қашқадарёи Узбакистон ба ҳангоми адои вазифааш аз сактаи қалбӣ даргузаштааст. Торнамои бахши узбакии Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ташхиси тиббӣ далели марги Худойбердиеви 63-соларо “инфаркт” гуфтааст.

Як манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар бораи марги Абдураззоқ Худойбердиев хабар дода ва аз ӯ тавсиф, аммо аз мақомоти кишвараш ба шиддат интиқод кардааст. Ин манбаъ, ки ба далоили амниятӣ аз ӯ ном бурда намешавад, гуфтааст, “Абдураззоқ–ота шахси бисёр масъулиятшинос буд. Вақтҳои охир аз дарди қалб азият мекашид ва доруи зиёд ҳам истеъмол мекард. Аммо ба ӯ иҷоза надоданд, ки дар мавсими ғунучини пахта истироҳат кунад.”

Ба нақли манбаъ аз Узбакистон, Худойбердиев субҳи 5 октябри соли ҷорӣ ҳангои адои вазифааш ба ҳайси як масъули ситоди “Пахта-2014”-и Қашқадарё дар саҳро ҷон бохтааст. Худаш раҳбари идораи сохтмон ва корҳои васлгарии шаҳри Толимарҷони вилояти Қашқадарё буда, то замони таъин шуданаш ба ин мақом понздаҳ сол ҳокими шаҳр будааст.

Бо марги Абдураззоқ Худойбердиев, теъдоди онҳое, ки дар мавсими имсолаи пахта дар Узбакистони ҳамсоя ҷон бохтанд, ба 10 расид. Аммо ин танҳо арқомест, ки бахши узбакии Радиои Озодӣ тавассути манобеи худ дастрас кардааст. Ҳафтаи гузашта манобеи Радиои Озодӣ дар Узбакистон хабар доданд, ки зане аз ноҳияи Элликкалаи Қароқалпоқистон барои ғунучини пахта рафта, ду тифли ӯ дар пайи сӯхтори хонааш ҷон бохтаанд.

Рӯзи 2 октябри соли ҷорӣ як донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи давлатии Гулистон ҳангоми пахтачинӣ дар вилояти Сирдарё аз сӯи донишҷӯёни бузургсол латту кӯб ва кушта шуда буд. Аз ин пештар, 28 сентябр, Маҷид Утеганови 18-сола дар ноҳияи Хуҷайлики Қароқалпоқистон худовезӣ кард. Ӯ ҳам дар мавсими пахтачинӣ иштирок дошт.

Ҳар сол ба ҳангоми ҷамъоварии ҳосили пахта дар мазореи Узбакистон теъдоди зиёди толибилмону ҷавонон ва занон ба кор ҷалб мешаванд. Дар гузашта дар Тоҷикистон ҳам хонандагону донишҷӯён ва занон аз “дастгоҳҳо”-и аслии ҷамъоварии пахта дар саҳроҳои кишвар буданд. Вале дар пайи даъватҳои батакрори созмонҳои ҳуқуқи башар ва таъкиди раиси ҷумҳур ҳоло коргарону деҳқонон ба ҷамъоварии пахта машғул мешаванд. Ҳарчанд ба таври пинҳонӣ дар баъзе аз манотиқи пахтакори Тоҷикистон хонандагон низ ба саҳро оварда мешаванд. Пахта дар қатори алюминиюм яке аз маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG