Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

То рӯзи 28 октябр хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон 316 900 тонна пахта ҷамъ овардаанд, ки баробари 77,7 дарсади нақшаи имсола мебошад.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки то имрӯз хоҷагиҳои пахтакори кишвар 316 900 тонна пахта ҷамъ оварда, дурнамои имсоларо ба ин тартиб 77,7 дарсад иҷро кардаанд.

Тибқи иттилои Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ, дар соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 177,6 ҳазор гектар пахта кишт шуда, нақша ё дурнамои имсола 408 000 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар як рӯз дар ҷумҳурӣ 3500-4000 тонна пахта ҷамъ оварда мешавад ва аз аввали мавсим ба миқдори 316,9 ҳазор тонна пахта ҷам шудааст, ки баробари 77,7 фоизи дурнамо мебошад. Масъулони вазорати кишоварзӣ мегӯянд, дар ин шабу рӯз зиёда аз 51 ҳазор нафар дар саҳроҳо ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғул мебошанд.

Пахта баъд аз алюминий дувумин маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аммо солҳои ахир кишт ва коркарди он дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Дар замони Шӯравӣ ин кишвар ҳар сол беш аз 900 000 тонна пахта ҷамъ меовард ва як маротиба - дар соли 1980 - ҳосили солонааш аз марзи 1 миллион тонна ҳам убур кард.

Аммо баъди суқути Шӯравӣ ва барҳам хӯрдани низоми колхозӣ заминҳои кишти пахта ва ҳамин тавр, ҳаҷми ҷамъоварии он дар Тоҷикистон бамаротиб коҳиш ёфт. Дар соли 2013 хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон 392 000 тонна пахта ҷамъ оварда буданд.

Аммо бо вуҷуди инки пахта яке аз маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонад, мунтақидон мегӯянд, фоидаи он асосан ба ҷайби тоҷирони ин маҳсулоти стратегӣ меравад ва ба худи деҳқон ғайри аз ғӯзапоя сӯди дигаре қариб намемонад. Барои ҳар кило пахта дар Тоҷикистон маъмулан 50-60 дирам пардохт мекунанд, ки хеле ночиз аст. Дар тақрибан 4 моҳи аввале, ки аз кишт то чидани пахта мегузарад, деҳқонони тоҷик тақрибан бидуни музд кор мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG