Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши иҷрои нақшаи пахтачинӣ бо дасти кӯдакон


Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки дар садади иҷрои нақшаи солонаи ҷамъоварии пахта қарор дорад, муҳассилини мактабҳои ҳамагониро ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, вазорати маорифи кишвар ва раиси вилояти Хатлон ҷалби муҳассилин ба пахтачиниро манъ кардаанд.

"Ҳар рӯз 10 кило пахта мечинам"

Файзулло - толибилми синфи дуввуми яке аз мактабҳои ноҳияи Данғараро дар ҳоле дарёфтем, ки даруни пахтазор бо дастони пуробилааш пахтаҳои чидаро ба халтаи пушторааш меандохт. Вай мегӯяд, ҳар рӯз ҳамроҳ бо модараш пахта мечинад:

Файзулло хонандаи синфи дуввум аст ва ҳар рӯз бо модараш пахта мечинад
«Пахта мечинам, намедонам, ки чанд кило шуд, очам мегӯяд, ки қариб 10 кило шуд. Пулаша очам мегирад. Баъд ба ман ягон чиз мехарад…»


Ва аммо Файзуллои хурдсол ягона кӯдаке нест, ки ба ғунучини пахта машғул аст. Гурӯҳе дигар аз толибилмони дабистоне дар Саргазони Данғара машғули чиниши пахта буданд. Онҳо мегӯянд, аз тарафи раёсати ҷамоат ва раҳбарияти мактаб ба пахтачинӣ ҷалб шудаанд. Дар ин ҷо агар ба худи кишоварзони пахтачин бар ивази ҳар як кило пахтаи чидаашон 35 дирам медиҳанд, барои толибилмон 20 дирам медодаанд.

Шарифамоҳ Савлатзода, хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 6-и деҳаи Саргазони Данғара, мегӯяд: «Дар ним рӯз 30 кило, агар тамоми рӯз кор кунам, 50-60 кило пахта мечинам. Ба бригадаҳои дигар пахтачинӣ меравем. Бегоҳиҳо дарс тайёр мекунем, саҳар ба кори колхоз мебароем. Директори мактаб мегӯяд, ки аз тарафи ҷамоат фармудаанд. Дар синф 27 нафарем, ҳамакаса ба майдони пахта меравем».

Заррина, ҷавондухтари дигаре, ки низ муҳассили яке аз мактабҳои деҳи Саргазони Данғара аст, мегӯяд, вайро иҷборӣ касе ба пахтачинӣ ҷалб накардааст, балки баъд аз дарс барои пулкоркунӣ ба майдони пахта меравад:

«Барои мо 35-дирамӣ медиҳанд, кам аст, лекин кор кардан даркор. Ҳар рӯз 70-75 кило пахта мечинам. Ҳамин ҳафта бисёр кор кардам, дар як ҳафта 110 сомонӣ маблағ доданд. Пули гирифтагиамро ба хона бурдам, ба падару модарам додам, то ба заруратҳои рӯзгор сарф кунанд…»

Нигаронии волидон

Ойдона Бекмуродова, сокини ноҳияи Данғара, меӯяд, намехоҳад, ки фарзандонаш пахтачинӣ кунанд
Ва аммо ҷалби кӯдакону наврасони синни мактабӣ ба кори саҳро, алалхусус ба пахтачинӣ, нигарониҳои волидони онҳоро ба бор овардааст. Ойдона Бекмуродова, сокини деҳи Саргазони ноҳияи Данғара, мегӯяд, аммо бисёре аз падару модарон наметавонанд монеъи ҷалби кӯдаконашон ба пахтачинӣ шаванд:

«Талабаҳои мактаб пахтачинӣ мераванд. Натанҳо фарзандони ман, балки кӯдакони мардум, аз синфи 5-ум боло, ҳама аз синфхонаҳо берун шуда, ба майдони пахта мераванд. Кӯдакҳо ҳар хел пахта мечинанд, на ҳамаашон мехоҳанд, аммо маҷбуранд. Онҳо бо фармони раисҳо сафарбар мешаванд. Ба онҳо барои як кило пахта 20 дирам медиҳанд. Ман намехоҳам фарзандонам пахтачинӣ раванд, бояд дарс хонанд, аммо илоҷ нест».

Ҷалби иҷбории кӯдакону наврасон ба корҳои саҳроӣ, ба гуфтаи соҳибназарон, «падида»-и нав нест ва ин таҷриба аз замони Шӯравии собиқ ба мерос мондааст.

Ҷомеашинос Сӯҳроб Олматзода, мегӯяд, ҷилавгирии комил аз ҷалби кӯдакон ба пахтачинӣ то чанд соли оянда номумкин ба назар мерасад ва ягона роҳ ин аст, ки ҳақмузди кишоварзон барои чиниши пахта ҳаддалимкон боло бардошта шавад.

Ҷаноби Олматзода афзуд: «Захмати кудакон дар пахтачини ба мо аз шӯравӣ мерос мондааст, ҳатто пеш аз он хам ин чиз вучуд дошт. Инро пурра решакан кардан имкон надорад. Аздусар кӯдакон аз тарафи аъзоени калонсоли оила ба ин кор дар баъзе мавридҳо иҷборан ҷалб мешаванд».

Мақомот: Касе иҷборан ба пахтачинӣ ҷалб нашудааст

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, мегӯяд, имсол ҳукумати маҳаллӣ ҳеҷ нафарро иҷборан ба чиниши пахта ҷалб накардааст. Вай гуфт, натанҳо кӯдакон, балки ба кормандони корхонаву муассисаҳои давлатӣ ҳам дастури пахтачинӣ дода нашудааст. Ва аммо раиси ҳукумати Данғара иқрор мекунад, ки ҳақмузди таъиншуда ба кишоварзони пахтачин каму нокофист:

Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, мегӯяд, ки ҳукумати ноҳия касеро иҷборан ба пахтачинӣ ҷалб накардааст
«Дар мо ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ, мисли дигар ноҳияҳо, барои якум чинак аз 25 то 30 дирам ва барои дуюм чинак 40 дирам барои ҳар як кило пахта медиҳанд. Ин албатта, нархи паст аст, мо дар ҳамин масъала доим ҷанҷол мекунем. Агар ба шарте ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кишоварзон ақаллан 50-60 дирам барои як кило пахтаи чидаашон диҳанд, ҳоҷат ба ҷалби ҳеҷ нафаре намемонад, худи кишоварзон пахтаи тамоми майдонро дар як соат меғундоранд».


Ин ҳам дар ҳолест, ки бар асоси тавсияи Ҳукумати Тоҷикистон, барои ҳар як кило пахтаи чидаи кишоварзон бояд то 75 дирам маблағ дода шавад. Вале бо ин вуҷуд, ки ҳоло қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, барои ҷамъоварии он ба кишоварзон дар навоҳии ҷанубии Тоҷикистон ҳамоно ҳақмузди ночиз медиҳанд.

Агар қимати як тонна пахта ҳоло дар бозори дохилии Тоҷикистон аз 680 то 700 доллар арзиш дорад, барои ҷамъоварии он ба кишоварзон ҳудудан аз 70 то 80 доллар маблағ дода мешавад.
XS
SM
MD
LG