Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши коррупсия дар Тоҷикистон


Дар як пажӯҳиши тоза аксари сокинони кишварҳои собиқи шӯравӣ гуфтаанд, ки фасоди молӣ дар ин кишварҳо васеъ доман густарда, дар муқоиса бо замони шӯравӣ бадтар шудааст.

Дар пажӯҳише, ки муассисаи таҳқиқи афкори умум Геллап (Gallup) дар 14 кишвари собиқи шӯравӣ анҷом додааст, 57%-и мардум гуфтаанд, ки ришваситониву фасодкорӣ дар ин кишварҳо назар ба даврони шӯравӣ бештар шудааст. Вале оё Бунёди Геллап дар бораи фасоди молӣ дар Тоҷикистон чӣ мегӯяд?

Бар асоси пажӯҳиши муассисаи Геллап 47%-и мардуми Тоҷикистон ба ин назаранд, фасодкорӣ дар кишварашон ба андозае доман паҳн кардааст, ки ҳатто дар замони шӯравӣ ба назар намерасид. Ин натиҷаҳо бар асоси гуфтугуҳои рӯбарӯ бо бештар аз 1000 сокини Тоҷикистон ҳосил шудаанд, ки ин гуфтӯгуҳо дар ҷараёни моҳҳои феврал то моҳи октябри соли 2006 анҷом гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон ҳоло мансабҳои давлатӣ ҳам хариду фурӯш мешаванд.
Ин гузориш як баёнгари дигари он аст, ки падидаи бади фасодкорӣ ҳамчунон дар Тоҷикистон доман мезанад, сармоягузоронро метарсонад ва монеъи рушди иқтисодиву камбизоат мондани мардум мешавад. Чанде пештар аз ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон “Хонаи Озодӣ” низ давлати Тоҷикистонро ҳамчунин барои ношаффоф будани фаъолияташ танқид карда ва гуфт, фасодкории амиқ ва иртиботи наздики ҳукумат бо иқтисоди пасипардагӣ дар умури сиёсии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст. Дар назархоҳии дигаре дар соли гузашта, ки бо мусоидати Барномаи Рушди Созмони Милал анҷом гирифта буд, қариб 65 дарсади мардуми Тоҷикистон фасодкориро дарди аслии ҷомеа ва барои зиндагии худ мушкилсоз хонда буданд.

Ҷумъа Мирзоев коршиноси Барномаи инкишофи шаффофият ва масъулияти он ниҳоди Созмони Милал ба Радиои Озодӣ гуфт, назар ба соли гузашта фасодкорӣ дар Тоҷикистон зоҳиран бештар доман задааст ва тамоюлҳои он низ тағйир ёфтаанд: “Асосан мардум андешаҳои худро дар бораи ҷой доштани коррупсия дар сохторҳои маориф, тандурустӣ, пулиси андоз ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ медиданд. Лекин дар робита ба ҷой доштани коррупсия дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ бошад, албатта мардум барои баён кардани андешаи худ дар ин хусус шояд ҳарос ҳам дошта бошанд ва дошта буданд. Лекин ман гумон мекунам, ки агар мо имрӯз он пурсишро гузаронем, мардум мегӯянд, ки фасодкорӣ ҷой дорад дар гирифтани ҷой дар мақомоти давлатӣ, яъне харидани мансаб ва вазифа.”

Созмони Хонаи Озодӣ ҳам гуфтааст, ки афрод дар симои идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон маконеро мебинанд, ки барои ҷамъ кардани сарвати хусусӣ хидмат мекунад. Ба қавли Ҷумъа Мирзоев, агар фасодкорӣ ба ҳамин шакл дар Тоҷикистон идома кунад ин кишвар нерӯи пешбарандаи худро аз даст хоҳад дод, нерӯи ақлониеро, ки дар хориҷа харидорони зиёд дорад ва барои ҷалби онҳо низ имтиёз муқаррар кардаанд:

"Агар мо то имсол доир ба муҳоҷирати кории ҷавонони кишвар сухан мегуфтем, акнун ин падида ба ончӣ оварда мерасонад, ки мо дар бораи муҳоҷирати ақлҳо ҳарф занем, зеро мутахассисе, ки саводи хуб дорад, дониш дорад, чанд забонро медонад, вале имкони ришва додан надорад ва имкони гирифтани вазифаву кор надорад, маҷбур мешавад, ки тарки ин кишвар кунад. Чун мардум дигар роҳи илоҷи пайдо кардани кори муносиб мувофиқа ба малакаву донишро дар хориҷ мебинад ва гумон мекунам, ки оқибати ин фоҷиабор аст."

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ мардум аз фасодкории густарда ба танг омадаанд, вале хотираҳои тарсноки ҷанги шаҳрвандӣ онҳоро водор мекунад, ки ингуна беадолатиҳоро таҳаммул кунанд: "Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба қавле аз боғча сар карда то кор то таҳсил ҳамаҷо таввасути ришва сурат мегирад ва мардум аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин то кай давом мекарда бошад, зеро имрӯз мардум, ки бештар тарсидаанд аз он ҷангҳои шаҳрвандие, ки солҳои 90-ум буд, имрӯз намехоҳанд, ки боз чунин як нооромие шавад ва фақат ба хотири сулҳ ва осоиштагӣ онҳо ин чизро таҳаммул мекунанд. Лекин то кай онҳо ба ин хуб тоқат ва сабр мекунанд, сабру тоқати онҳо то кай мерасад, намедонам то чанд соли дигар сабру таҳаммули мардум басанда бошад."

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки талошҳои худ барои мубориза бо фасодкориро тақвият бахшидаанд ва таъсиси Оҷонси махсуси мубориза бо фасодкорӣ баёнгари ин кушишҳои онҳост. Оҷонсие, ки ба гуфтаи соҳибназарони тоҷик ба фасодкорӣ дар мақомоти болоӣ аз пушти панҷа менигарад ва зураш ба омӯзгорон ва ё табибоне мерасад, ки ҳангоми гирифтани 20 ё 50 сомонӣ ришва боздошт мешаванд.

XS
SM
MD
LG