Пайвандҳои дастрасӣ

Низомхон Ҷӯраевро "Интерпол" ҷустуҷӯ мекунад


Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев

Дар ҳоле, ки пайвандони Низомхон Ҷӯраев мегӯянд, ки ӯ ҳоло дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба сар мебарад, мақомоти Тоҷикистон барои пайдо кардани ӯ аз "Интерпол" кӯмак хостаанд.

Абудфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 30 июл зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки вай бо пайвандони Низомхон Ҷӯраев сӯҳбатҳо доштаст, ва онҳо гуфтаанд, ки Низомхон бо онҳо дар тамос будааст ва гуфта мешавад дар кишвари ҳамсоя қарор дорад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб мегӯяд, дар муддати ду соли ахир амнияти Низомхон Ҷӯраевро Оҷонсии зидди фасод бар дӯш дошт, вале вай дар озодӣ буд. Ба гуфтаи ҷаноби Ғоиб, Низомхон Ҷӯраев дастхати тарк накардани ҷои истиқома дода буд ва дар оҷонсӣ барояш утоқе ҷудо шуда буд, ки одатан ба маводҳои парванда ошно мешуд. Ҷаноби Ғоиб афзуд, пас аз он, ки Ҷӯраев ба таври номаълум ғайб зад, оҷонсӣ аз тариқи Интерпол ҷустуҷӯро эълон кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Ғоиб, Низомхон Ҷӯраев муддати ин давра ба Оҷонсӣ меомаду мерафт ва бо маводҳои парванда шинос мешуд, чун маводҳои парванда 152 ҷилд аст. Ба иттилои ҷаноби Ғоиб, "ҳамон рӯз, 16 июни соли ҷорӣ, барои ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ аз суд иҷрочӣ даъватнома мегираду имзо мекунаду ба баъдан таври номаълум ғайб мезанад."

Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 18-уми июн мебоист, мурофиаи парвандаи Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи корхонаи кимиёвии Исфара, баргузор мекард, вале бо сабаби ҳозир нашудани ӯ додгоҳ муҳокимаро ба вақти дигар вогузор кард. Ин дар ҳолест, ки Ҷӯраев рӯзи 16 июн аз шахсан дастрас кардани даъватнома ба суд забонхат имзо карда, аммо дар рӯзи муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон наомад.

Низомхон Ҷӯраев то соли 2007 соҳибкори муваффақ дар вилояти Суғд ва молики як силсила корхонаҳои саноатӣ дар Исфара буд. Дар интихоботи соли 2005 ба вакилии Маҷлиси вилояти Суғд низ интихоб шуда буд. Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва мудири пешини корхонаи кимиёвии Исфара дар соли 2007, замоне ки маҷлиси вилоятӣ масъалаи лағви дахлнопазирии вакилии ӯро баррасӣ мекард, бо фирор аз толори маҷлис билофосила тарки Тоҷикистон кард.

Баъд аз фирори ӯ аввал ба Дубай ва сипас Маскав, мақомоти Тоҷикистон зидди Ҷӯраев ва наздикони ӯ чандин парванда кушода, ин гурӯҳро ба бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, гирифтани маблағҳои пулӣ бо роҳи ҷиноят ва ҳатто дар чандин куштор, аз ҷумла қатли муовини собиқи додситони кулли Тоҷикистон Толиб Бобоев дар соли 1999 айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 31 нафарро дар чаҳорчӯби ин парванда, ки ҳамчун “парвандаи исфарагиҳо” ном баровард, ба мӯҳлати аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон карда, худи Низомхон Ҷӯраевро дар пайгарди байналмилалӣ қарор дод.

Низомхон Ҷӯраев моҳи августи соли 2010 бо дархости мақомоти Душанбе дар Маскав боздошт ва моҳи апрели соли 2012, баъди якуним сол раҳо шуд. Аммо баъди чанд рӯзи раҳоияш ӯ ба таври мармуз дар Душанбе пайдо шуд ва тавассути телевизиони давлатӣ эълон кард, ки худаш баргаштааст, то бегуноҳиашро дар назди тафтишот собит кунад. Баъди ин бар асоси шаҳодатҳои Ҷӯраев чандин мақоми баландпояи Оҷонсии зидди фасод ва додситонии кулл, ки масъулияти таҳқиқи парвандаи исфарагиҳоро бар ӯҳда доштанд ва қозии ин парванда - додраси Додгоҳи олӣ Нур Нуров ба масъулият кашонда шуданд. Соҳибкори шинохта Зайд Саидов низ як сол пеш аз ҷумла бар пояи шаҳодати Ҷӯраев, ки гуфт, ба ӯ дар замоин вазири саноат буданаш корхонаи "Тоҷикатлас"-ро пора додааст, боздошт шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG