Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод дар ним сол. Бонкдорӣ - 100, маориф - 53, тиб - 45...


Тибқи гузориши оҷонсии мубориза бо фасод дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ як қатор ҷиноятҳои коррупсиониро дар вазорату идораҳои давлатӣ, ба хусус сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қудратӣ ошкор кардаанд.

Наимӣ Аъламхон Қодириён, муовини аввали раиси Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи душанбеи 27 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “дар ин давра шумораи содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳо, аз ҷумла додситонӣ – 3 адад, вазорати корҳои дохилӣ – 37, мудофиа – 11, кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 5, оҷонсии назорат бар маводи мухаддир – 3, шӯрои адлия – 5, вазорати адлия – 26, маориф ва илм – 53, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 45, нақлиёт – 6, кишоварзӣ – 26, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – 18, саноат ва технологияҳои навин – 18, кумитаи идораи замин ва геодезӣ – 22, кумитаи радио ва телевизион -2, ҳолатҳои фавқулода – 1, андоз – 18 ва системаи бонкии кишвар – 100 адад рост меояд.”

Аз рӯйи шумораи ҷиноятҳои коррупсионӣ чунин раддабандӣ ба миён меояд:

  • системаи бонкии кишвар – 100
  • маориф ва илм – 53
  • тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 45
  • вазорати корҳои дохилӣ – 37
  • вазорати адлия – 26
  • кишоварзӣ – 26
  • кумитаи замин ва геодезӣ – 22
  • кумитаи андоз – 18
  • муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – 18
  • саноат ва технологияҳои навин – 18
  • мудофиа – 11
  • нақлиёт – 6
  • шӯрои адлия – 5
  • кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 5
  • оҷонсии назорат бар маводи мухаддир – 3
  • додситонӣ – 3 адад
  • кумитаи радио ва телевизион -2
  • ҳолатҳои фавқулода – 1

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Қодириён, “дар ин муддат аз тарафи Оҷонсӣ 1041 адад ҷинояти коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд ошкор карда шуда ва шумораи ҷиноятҳшои алоҳида ба 46 маврид коҳиш ёфтааст.”

Муовини аввали раиси оҷонсии мубориза бо коррупсия афзуд, ки “аз маҷмӯи ҷиноятҳои ошкоршуда 100 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоату шаҳраку деҳот содир кардаанд. Дар давраи ҷамъбастӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хариду фурӯш, истифодаи ғайриқонунии замин ва дигар омилҳои коррупсионӣ 238 адад ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор шуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 адад зиёд аст.

Ҷаноби Қодириён гуфт, ки “дар ин муддат тафтиши 311 парванди ҷиноятӣ нисбати 387 нафар ба анҷом расида ва аз тарафи муфаттишон 72 миллион сомонӣ зарар ошкор ва 37 миллиони он, ки 51, 4 дар садро ташкил медиҳад, барқарор карда шудааст.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои муовини аввали раиси оҷонсии мубориза бо коррупсия дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ 519 тафтишу санҷишҳои молиявӣ анҷом шуда ва зарари молиявӣ ба андозаи 141 миллион сомонӣ ошкор гардидааст. Аз ин маблағҳои барқарошуда 90 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Агентии мубориза бо фасод: "74 миллион сомонии давлат барқарор карда шуд".
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Ба таъкиди ҷаноби Қодириён “дар натиҷаи чораҷӯӣ, 495 шахси масъул барои камбудиҳои содиркардаашон ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирфта ва 35 нафари онҳо аз мансабҳояшон озод карда шуданд.”

Низомхон дар ҷустуҷӯ ва парвандаи Умаралӣ қатъ нашудааст

Дар ҳамин ҳол, масъулони Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди Низомхон Ҷураев гуфтанд, ки “Низомхон Ҷураев ҳанӯз дар ҷустуҷғ ҳаст”.

Аммо дар бораи парвандаи Умаралӣ Қувватов гуфтанд, ки “то кунун тасмиме барои қатъи парвандаи Умаралӣ Қувватов гирифта нашудааст.”

XS
SM
MD
LG