Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

100000 доллар дар ивази "мусоидат" ба хусусӣ кардани як клуб дар Ашт


Оҷонсии зидди фасоди молӣ аз боздошти як мутахассиси идораи кишоварзии вилояти Суғд хабар дод, ки барои мусоидат ба хусусӣ кардани як клуб дар ноҳияи Ашт сад ҳазор доллар талаб намудааст.

Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон як мутахассиси идораи кишоварзии вилояти Суғдро барои гирифтани сад ҳазор доллар аз як сокини ноҳияи Ашт бо номи У. боздошт кардааст.

Оҷонсӣ шоми душанбеи 6 июл бо пахши наворҳои фаврӣ гуфт, Абдуазиз Ғаффоров ин пулро моҳи майи соли ҷорӣ "барои мусоидат ба хусусӣ кардани клуби ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ашт" гирифтааст. Ӯ гуфтааст, ин пул барои дарёфти ризояти раиси ноҳияи Ашт, раиси ҷамоати Ифтихор ва раиси хоҷагии деҳқонии “Иттифоқ” дар ҳамин ноҳия сарф хоҳад шуд.

Ҳоло нисбат ба ин мутахассиси идораи кишоварзии вилояти Суғд бар асоси моддаи 319, қисми 4, банди "г"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Мақомоти Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯянд, ҳангоми тафтиши ин қазия ду масъули идораи амвол ва андози ноҳияи Аштро боздошт кардаанд, ки ҳардуи онҳо низ барои "осон кардан"-и кори шаҳрванд У. аз вай пул талаб намудаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, Сангинбой Дадоматов, масъули идораи амволи ноҳияи Ашт барои ҳалли масъалаи клуби ҷамоати Ифтихор аз ӯ дар чор ҳолат ҳудуди чор ҳазор доллар гирифтааст. Баъдан, ба қавли масъулони Оҷонсӣ, Сангинбой Дадоматов ва Алишер Қурбонов - масъули нозироти андози ноҳияи Ашт барои хусусӣ кардани як ошхона дар ҷамоати Шодобаи ин ноҳия аз У. 80 ҳазор сомонии дигар талаб кардаанд. Ҳоло ин ду масъули идораи амвол ва андози ноҳияи Ашт дар боздошт буда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи 319, қисми 4, бандҳои “а”, “б” ва “г” парванда боз гардидааст.

Фасоди молӣ як падидаи саросарӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешавад ва кишвар ба ин далел дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар гузориши созмони “Транспаренси Интенешнал” ҳамеша дар байни фасодзатарин кишварҳои дунё қарор мегирад. Маркази таҳқиқоти стратегӣ, як ниҳоди таҳлилии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон низ чанд сол пеш дар як гузоришаш фасоду ришваро як омили таҳдид ба амнияти ин кишвар унвон карда буд.

Мутахассисони ин Марказ ва Transparency International дар як гузориши муштарак ҳисоб кардаанд, ки маблағи миёнаи ришва дар Тоҷикистон 1800 сомонӣ, муодили тақрибан 300 доллар аст. Дар муаррифии пажӯҳиши ахири Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта ҳам гуфта шуд, ки дар панҷ соли ахир маблағи миёнаи ришва аз 600 то 1800 сомонӣ боло рафтааст. Аз ин пеш Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар як пажӯҳиш маблағи миёнаи ришватро дар Тоҷикистон 1000 сомонӣ ё 200 доллар ҳисоб карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG