Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳои зидду нақиз дар бораи сарнавишти раҳбари Толибон


Сарнавишти раҳбари Толибон Мулло Ахтар Мансур дар пасманзари кашмакашҳои мусаллаҳона дар байни раҳбарони ин ҷунбиши тундрав норӯшан боқӣ мемонад.

Дар бораи сарнавишти раҳбари Толибони Афғонистон Мулло Ахтар Мансур ҳамчунон гузоришҳои зиддунақиз ба даст мерасанд.

Мақомоти давлатии Афғонистон мегӯянд, ки Мансур рӯзи 1 декабр дар як задухӯрди мусаллаҳона дар манзили як раҳбари дигари Толибон дар наздикии шаҳри Кветтаи Покистон шадидан захмӣ шудааст. Бархе манобеъ ҳатто дар бораи кушта шудани ӯ ҳарф мезананд.

Ҷунбиши Толибон, ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷангад, ин гузоришҳоро “беасос” ва таблиғоте меномад, ки коштани тухми ҷудоӣ дар дохили ин ҷунбишро ба ҳадаф дорад.

Худи Мулло Ахтар Мансур дар ин чанд рӯзи охир изҳороте надодааст ва хомӯшии ӯ ҳам ба оташи овозаҳо дар бораи сарнавишти раҳбари Толибон равғани бештар мерезад. Сухангӯи Толибон рӯзи 4 декабр гуфт, афзоиши тадбирҳои амниятӣ имкони тамоси мустақим бо Мулло Ахтар Мансурро боз ҳам мушкилтар кардааст.

Далели дигаре, ки гумонҳо дар бораи куҷо шудани раҳбари Толибонро бештар мекунад, ин аст, ки ин ҷунбиш хабари марги Мулло Муҳаммад Умар, асосгузор ва раҳбари аввали онро танҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ, баъди ду соли марги ӯ эътироф карда буд.

Толибҳои наздик ба Мулло Мансур, бино ба хабарҳо, тасдиқ кардаанд, ки ӯ дар задухӯрде сахт захмӣ шудааст. Ин даргирӣ дар пайи баҳсҳо байни раҳбарони аршади Толибон пиромуни чигуна ҳал кардани ихтилофҳои уфтода дар раҳбарии ин ҷунбиш сурат гирифтааст.

Раҳбари иҷроияи ҳукумати Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, гузоришҳои тасдиқшудае дар бораи ҷароҳати вазнин бардоштани Мулло Мансур ба дасти онҳо расидааст, вале на дар бораи маргаш. Султон Файзӣ, сухангӯи ноиби раисиҷумҳури Афғонистон Абдулрашиди Дӯстум гуфт, мақомоти афғон талош доранд, зинда ё мурда будани Мулло Мансурро дақиқ кунанд. Ба гуфтаи Файзӣ, Мулло Мансур дар пайи баҳсаш бо Мулло Абдуллоҳ Сарҳадӣ, як фармондеҳи ҷунбиши Толибон тир хӯрдааст.

Ҳарчанд Толибон ин хабарро “мутлақо беасос” меноманд, як мақоми аршади мақомоти иктишофии Покистон ҳам дар сӯҳбат бо Франс Пресс гуфтааст, Мулло Мансур дар задухӯрд бо фармондеҳони саҳроии Толибон дар наздикии Кветта “хеле ҷиддан ҷароҳат бардоштааст.” Гуфта мешавад, ки ӯро ба як бемористони хусусӣ интиқол додаанд.

Мулло Ахтар Мансур тобистони соли ҷорӣ дар пайи эълони марги Мулло Умар раҳбари Толибон эълон шуд. Аммо раҳбарии ӯро на ҳамаи фармондеҳони ин ҷунбиш пазируфтанд. Гуфта мешуд, норозигиҳо аз шахси раҳбари нав боиси ба чанд шоха тақсим шудани Толибон шудааст.

Амин Мудаққиқ, таҳлилгари умури Афғонистон дар Радиои Озодӣ дар дар посух ба ин пурсиш, ки то чӣ андоза гузоришҳо дар бораи даргузашти Мулло Ахтар Мансур воқеият дорад ва хабаргузориҳо ин хабарро аз кадом манобеъ дарёфт кардаанд, гуфт:

Мудаққиқ: Дар ин маврид бозиҳои хабарии кашф ҳам дар миён ҳаст ва ин хабар бори аввал аз тарафи сухангӯи муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон пахш шуд. Дар ҳоле, ки маъмулан ин гуна хабарҳоро ё вазорати корҳои хориҷа ва ё дафтари раёсати ҷумҳурӣ пахш мекунанд. Барои ҳамин, ин кор хилофи одат сурат гирифт ва ба хулосае расидан мумкин аст, ки байни гурӯҳҳо масъалаҳое ҳаст. Масалан, байни Абдурашид Дӯстум ва фармондеҳи Толибон Мулло Додуллоҳ, ки қаблан кушта шуда буд. Гузоришҳо пахш шуда буд, ки вақти суқути Толибон дар охири соли 2001, нерӯҳои Дӯстум вайро аз Афғонистон берун рондаанд. Он вақт яке аз тарафдорони худи Додуллоҳ ҳам ба оҷонсиҳои мухталиф хабар дода буд. Аммо хабари сухангӯи Абдулрашид Дустум дуруст аст ё нодуруст, нишонаҳое ҳаст, ки шояд ин хабар дуруст бошад. Баъзе мақомоти хадамоти кашфи Покистон ҳам мегӯянд, ки даргирӣ сурат гирифтааст.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол мавзӯи баҳс чӣ будааст, ки то ба тирандозии миёни раҳбарони Толибон кашонда шудааст?

Мудаққиқ: Як каме ба гузашта назар меафканем. Баъд аз он, ки хабари марги Мулло Муҳаммад Умар нашр шуд, ихтилофҳо барои мақоми раҳбарии Толибон авҷ гирифт. Шуморе аз фармондеҳони бисёр муҳими Толибон нахостанд, ки ба Мансур итоат кунанд. Ба назари онҳо, Мансур арзандаи мақоми раҳбарии онҳо набуд. Фармондеҳони дигари Толибон нисбат ба вай машҳуртару шуҷоътар буданд ва фикр мекарданд, ки яке аз онҳо раҳбар мешавад. Аммо ба сабаби вобастагии бештари Мансур ба мақомоти покистонӣ, ӯ раҳбари Толибон эълон шуд. Ин эълон аз ҳамон вақт то ҳол мухолифатҳоеро дар пай дошт. Бино ба гузоришҳо, 1-уми декабр Мансур мехост, ки яке аз фармондеҳони Толибонро қонеъ созад ва бо вай оштӣ кунад. Вале дар ин байн моҷаро бармехезад. Ин як таъбир аст. Аммо дар гузоришҳои дигаре, ки аз тарафи худи ҷонибдорони Мулло Мансур нашр шудааст, гуфта мешавад, ки онҳо афроди гумошта доштаанд. Вақте ки Мулло Мансур ба ин меҳмонӣ меравад, ин гумоштаҳо ба маҳали меҳмонӣ ҳамла мебаранд. Посбонҳоро мекушанд ва меҳмонҳоро тирборон мекунанд.

Радиои Озодӣ: Оё дар ин саҳнаи даргирӣ ба ҷуз аз Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, каси дигар ҳам захмӣ ва ё кушта шудааст?

Мудаққиқ: Тибқи гузоришҳо, ҳамроҳи Мансур 5 ё 6 нафари дигар ҳам кушта шудаанд ва шуморе ҳам ҷароҳат бардоштаанд. Аммо ҳамаи воқеият пушти парда аст. Хабарҳо аз манобеи мухталиф меоянд. Аз номи онҳое нест, ки дар саҳнаи даргирӣ ҳузур доштанд, балки аз номи онҳое ҳаст, ки ё ба Мулло Додуллоҳ ва ё ба Мулло Мансур наздик ҳастанд. Дар ин миён манобеи кашф ҳам ҳастанд, ки аз ин гуна масъалаҳо огаҳӣ доранд. Ин ҳодиса дар як макони махфӣ шабона анҷом гирифтааст. Вале чизе ҳатман ҳаст.

Радиои Озодӣ: Пас ин тирандозӣ дар маҷлиси зиёфат шудаст ва ё дар ягон ҷаласа?

Мудаққиқ: Бино ба гузоришҳои мухталиф, яъне ҳам аз номи манобеи Мулло Додуллоҳ, ҳам аз манобеи ҳукуматӣ ва ҳам аз манобеи кашф хабарҳо яксон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки ин тирандозӣ дар меҳмонӣ дар хонаи яке аз фармондеҳони норозии Толибон ба номи Абдуллоҳ Сарҳадӣ тақрибан дар 20 километрии шаҳри Кветта сурат гирифтааст.

Радиои Озодӣ: Гуфта метавонем, ки меҳмонӣ барномарезишуда буд ва метавонист тавтеае дар пай дошта бошад?

Мудаққиқ: Мумкин ҳамин тавр бошад. Дар байни ҷангҷӯён ин таҷрибаҳо низ ҳаст, ки гоҳе як моҷарои хурд ҳам боиси даргирии бузург мешавад, барои он, ки силоҳи ҷангҷӯён ҳамеша дар паҳлӯяшон аст. Дар чунин ҷаласаҳо ва дар чунин меҳмониҳо ҳар кас силоҳи худро бо худ дорад. Агар ягон моҷарои кӯчак ҳам сар занад , зуд тарафҳо ба силоҳ даст мебаранд.

XS
SM
MD
LG