Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гагаузия - рӯ ба Маскаву Молдова - рӯ ба Аврупо


Аксари райъдиҳандагон дар як раъйпурсӣ дар Гагаузия, як минтақаи мухтори ҷумҳурии Молдова аз ҳамоиш бо Иттиҳоди гумрукии таҳти назари Русия пуштибонӣ карданд.

Раиси комиссияи интихоботи Гагаузия Валентина Лиснитс рӯзи 3-юми феврал гуфт, ки 98,4 дарсади райъдиҳандагон барои ҳамоиши танготанг бо Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва Иттиҳоди гумрукӣ овоз доданд. “Аз тарафи дигар, - гуфт хонум Лиснитс - 97,2 дарсади овоздиҳандаҳо бар зидди ҳамоиш бо Иттиҳоди Аврпуо райъ доданд.”

Гуфта мешавад, ки дар назарсанҷии рӯзи якшанбе беш аз 70 райъдиҳандагон иштирок доштанд. Аммо бо онки 98,9 дарсади райъдиҳандагон ҳамчунин аз ҳаққи мустақилияти Гагаузия пуштибонӣ карданд, пурсише ба миён меояд, ки бо ин ҳол оё Молдова мустақилияти худро аз даст намедиҳад?


Нахуствазири Молдова Лурйе Ленса ин назарсанҷиро ғайриқонунӣ эълон кард ва дар сӯбҳат бо радиои Озодӣ гуфт: "Ончӣ дар минтақаи Гагаузия иттифоқ афтод, мутаасифона, намунаи ба чолиш кашидани қавонин аст. Албатта, назарсанҷии рӯзи гузашта мояи бештар аз таассуф аст. Ҷумҳурии Молдова авохири соли равон интихоботи порлумонӣ, муҳимтарин ва муносибтарин назарсанҷӣ бо шумули масоили бисёр муҳим, ки сиёсати хориҷии кишвар аст, баргузор мекунад.”

Ҳукумати марказии Молдова талош карда буд, то аз баргузории назарсанҷӣ дар Гагаузия, ки ҳукумат онро чолише ба якпорчагии кишвар мешуморад, пешгирӣ кунад. Моҳи гузашта додситонии кулли Молдова алайҳи нақшаи баргузории назарсанҷӣ дар Гагаузия парванда боз карда, гуфта буд, ки ин референдум ҳамчун як амали ғайриқонунӣ аз тарафи додгоҳи Гагаузия рад шудааст.

Моҳи декабр Маҷмаъи Миллии Гагаузия қарори додгоҳро сарфи назар кард ва бо тасвиби қонуни нави интихобот баргузории референдумро қонунӣ шумурд.

Михаил Формузал

Михаил Формузал

Михаил Формузал, волии Гагаузия баъди эълони натоиҷи назарсанҷӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо намехоҳем, ки ранҷ бикашем. Мо мехоҳем ҳам бо Аврупо ва ҳам бо Русия бозори боз дошта бошем. Мо, гагаузҳо, аз ақалиятҳои хурдем ва мехоҳем ба ҳукумати марказии Молдова бигӯем, ки раванди ҳамоиши сиёсӣ бо Иттиҳоди Аврупоро манъ кунанд, дар фикри ҳамоиши иқтисодӣ бошанд. Фаразан, мо ба вагони охирини поезде, ки бо суръат ба сӯи Иттиҳоди Аврпуо ҳаракат мекунад, ҷаҳидем, аммо кӣ метавонад кафолат бидиҳад, ки Иттиҳоди Аврпуо низ рӯзе мисли Иттиҳоди Шӯравӣ суқут намекунад? Магар ин гуна кафолат вуҷуд дорад? Албата, вуҷуд надорад.”

Минтақаи мухтори Гагаузия ҳудудан 155 ҳазор аҳолӣ дорад. Аксари кулли аҳолии ин минтақа гагаузҳоянд, ки забонаш туркӣ, вале динашон масеҳист.

Аксари гагаузҳо ин нигарониро доранд, ки барномаҳои ҳукумати марказӣ барои наздикшавӣ бо Иттиҳоди Аврпуо як бозиест, ки дар асл ҳамоиши Молдова бо Руминияро пайгирӣ мекунад. Изҳороти моҳи январи Траян Басеску, раисиҷумҳури Руминия дар бораи эҳтимоли ҳамоиши Молдова ва Руминия баҳсҳоро дар остонаи ин референдуми зиддунақиз бештар кард.

Назарсанҷӣ дар Гагаузия дар ҳоле ҷараён гирифт, ки Кремл шарикҳои собиқи худро барои пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ ташвиқ мекунад. Маскав мехоҳад Молдова, Арманистон ва Украина аз барномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо даст бикашанд ва ба Иттиҳоди Гумрукӣ ҳамоиш ёбанд. Иттиҳоди Гумрукӣ соли 2011 таъсис ёфта, Русияву Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирад. Арманистон ва Қирғизистон низ соли гузашта эълон карданд, ки ба ин Иттиҳод ҳамроҳ мешаванд. Ҳукумати Украина паймони ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупоро дар моҳи ноябр ба хотири равобити наздик бо Русия рад кард, вале ин ба мавҷи эътирозҳо дар он кишвар мунҷар шуд, ки то ҳол идома доранд.

Маскав барнома дорад, ки то соли 2015 Иттиҳоди гумрукиро дар шакли Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё густариш диҳад. Иттиҳоде монанд ба Иттиҳоди Аврупо. Вале мунтақидон бар ин назаранд, ки ҳукумати Владимир Путин қасд дорад дар зери ҷомаи Иттиҳоди гумрукӣ чизе монанд ба Иттиҳоди Шӯравии пешинро эҳё кунад.
XS
SM
MD
LG