Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз “Ал-Ҷазир” то “Amnesia” – сайре ба олами номҳои аҷибу ғариби Хуҷанд (ВИДЕО)


Ошхонаи “Ал-Ҷазир”
Ошхонаи “Ал-Ҷазир”

Гузоштани номҳои ғароибу гӯшношунид ба фурӯшгоҳу ошхонаву тафреҳгоҳҳои хусусӣ дар Хуҷанд мисли ин ки ба як “муд” табдил меёбад.

“Ал-Ҷазир”, “Опера”, “Аъдия”, “Яъсуб”, “Амнезия” ... номгӯи кӯтоҳе аз ин гуна номҳои ошхонаву толорҳои шабона ва шифохонаву фурӯшгоҳҳоест, ки ҳадди ақал бо номҳое аҷоиби худ дар ёди бинанда мемонанд.

“Ал-Ҷазир” номи як ошхонаи хурд дар назди бозори “Панҷшанбе”, ки дар байни мизоҷон шӯҳрати зиёд ҳам дорад. На, бо номи аҷибаш не. Балки аз мантуву лағмони уйғурӣ ва самбӯсаҳои 7-сомониаш, ки дар танӯри паҳлӯи ин ошхона мепазанд.

Номгузориҳои аҷибу ғариб дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00
Линки мустақим

“Намедонем чӣ маънӣ дошта бошад. Соҳибаш ёфта мондагӣ,” – гуфт яке аз мизоҷон, ки ба ошхона медаромад.

“Номи ошхона “Ҷазир” бошад ҳам, ба мантую лағмонаш гап нест,” – мегӯяд бо шухӣ як ҷавоне, ки аз ин ошхона мебаромад.




Толори шабонаи “Amnesia” (“Амнезия”) дар Хуҷанд, ҳарчанд шомгоҳон фаъол мешавад, вале кормандонаш дар саҳифаи ин толори шабонаш дар Интернет ҳама вақт дастрасанд. Вақте занг задем, гӯширо касе бардошт ва худро Абдуҷаббор, корманди маъмурияти толори “Amnesia” муаррифӣ кард.

Толори "Amnesia"
Толори "Amnesia"
Абдуҷаббор дар шарҳи ин ки чаро ин толор “Amnesia” ном гирифтааст, гуфт: “Барои чӣ “Амнезия”? Росташро гӯям, ин номи як беморист. Бале, беёдиву фаромӯшхотирӣ. Ҳамин хел як беморӣ ҳаст, ки ёду хотири одам аз сараш мепарад. Барои чӣ толорамонро чунин ном гузоштем? Барои он ки вақте ки ба толори мо медароед, аз чароғҳои рангобарангу лазерҳо, мусиқӣ, ороишоти дурахшони толор як лаҳза ҳама чиро фаромӯш мекунед. Мо бисёр андеша кардем ва ҳамин номро барои клуб мувофиқ донистем.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, масъулони толори шабонаи “Amnesia” барои фароғату шиносоии онҳое, ки баъди кор хаста шуда, ба ин ҷо сар мезананд, беҳтарин шароитро фароҳам кардаанд.

Ҳамин тавр, табибони маркази муосири шифо дар Хуҷанд “Яъсуб”, номи муаассисаи худро ба 2 маънӣ шарҳ медиҳанд: асал ва Муҳаммад Яъсуб.

Аммо ӯ кист – Муҳаммад Яъсуб ?

“Ҳама ҷоҳоба номи Ибни Сино мондагӣ. Баъд ҳамин хел фикр баромадагӣ, ки устодашон ҳам будагӣ. Баъд интернету ҳама ҷоро кофта - кофта маълум кардагӣ, ки устодашон Муҳаммад Яъсуб будагӣ. Дар асри 9. Ба номи ҳамон устоди Сино номи муассисаамонро мондем,” – мегӯяд як корманди ин муассиса бидуни муарриии номи худ.

Бо табибон баҳс намекунем. Таҳқиқи инро ки оё Ибни Сино Яъсуб ном устоде дошт ва ӯ кӣ буд, бар дӯши пажӯҳишгарони таърихи тиб, ки ҳолномаи пири табибони Машриқзаминро хуб медонанд, мегузорем. Зимнан, Ибни Сино аз камшумор нобиғагони тоҷик аст, ки тарҷимаи ҳоли пурраи ӯ то рӯзгори мо расидааст. Абуубайди Фақеҳи Ҷузҷонӣ, аз шогирдони Сино, ки ҳамеша ҳамроҳи устодаш буд, зиндагии 25 соли охири умри Абуали ибни Синоро аз забони ӯву дидаҳои худ дар «Рисолаи саргузашт» рӯи коғаз овардааст. Ман номи Муҳаммад Яъсубро дар он рисола пайдо накардам.

Фурӯшгоҳи "Аъдия"
Фурӯшгоҳи "Аъдия"
Ният Ҳаёт, узви ҳайъати кумиссиюни татбиқи қонуни забони давлатӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ҳоло номгузорӣ ба корхонаву муаассисаҳо ба ихтиёри соҳибонаш аст. Ин кумиссиюн танҳо ҳаққи шикоят бурдан ба додситонӣ аз номҳои нозебову нохушояндро дорад. “Дар баъзе ҷойҳои Тоикистон ба номгузории корхонаву муассисаҳо нигаред, худро лаҳзае гӯё дар Лондон ё Маскав тасаввур мекунед,” - афзуд вай.

Ба гуфтаи мусоҳибам, номгузориҳо ба ошхонаву тарабхонаву дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баёнгари диду ҷаҳонбинӣ ва забондонии соҳибонаш аст.
Аммо ниҳодҳое, ки иҷозатномаи фаъолият ва сохтани мӯҳрро ба соҳибони ҷойҳои хусусии ҷамъиятӣ медиҳанд, ҳамчунин ҳақ доранд, тибқи қонуни забон, ба онҳо гузоштани номҳои зебову шево ва мувофиқро пешниҳод кунанд. Аммо он дигар ба соҳиби он мулк бармегардад, ки пешниҳоди мақомотро бипазирад ё ба иншооте ки сохтааст, номи “худаш фикр карда баромадагӣ”-ро гузорад.
XS
SM
MD
LG