Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи шаби Ошӯро: баргузор шавад ё на?


Баргузории бозии футбол миёни Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон, ки ба рӯзҳои азодории эрониён ба муносибати шаҳодати Имом Ҳусейн -- яке аз пешвоёни мазҳаби шиа рост омад, ҷанҷолбарангез шудааст. Ин мусобиқа имшаб дар варзишгоҳи "Озодӣ"-и Теҳрон баргузор мешавад.

Дар ҳоле, ки вазири умури дохилии Эрон аз тадбирҳои танзими "эҳсососи мазҳабӣ" дар мусобиқаи футболи Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ хабар дод, дабири кулли гурӯҳи "Ансори Ҳизбуллоҳ" пешбинӣ кардааст, ки ин мусобиқа "бидуни ҳодиса баргузор нахоҳад шуд". Дар ҳамин ҳол раиси Созмони басеҷи варзишкорони Эрон низ аз номаи ин созмон ба Федератсияи футболи ин кишвар барои пахш накардани мустақими ин бозӣ аз телевизион хабар додааст.

Рӯзи якшанбеи 9 октябр Абдуризо Раҳмон Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон гуфт, ки "бояд рафтори ҳама дастандаркорон, ба шумули бозикунон, лидерҳо, расонаҳо ва... тавре бошад, ки мушкиле пеш наояд". Ба гуфтаи вазири умури дохилии Эрон, "ҳама чораҳо андешида шудааст, ки эҳсосоти мазҳабӣ риоят шавад" ва нерӯҳои қудратӣ вазифадор шудаанд, ки чораҳои лозимро барои баргузории ҳарчи беҳтари ин дидор анҷом диҳанд."

Ӯ аз тамошогарон хост, ки тартиботро риоя кунанд, то ҷанбаъҳои ҳаяҷонии бозӣ бо ҳолу ҳавои рӯзҳои азодорӣ мутобиқ бошад.

Алоуддин Буруҷердӣ
Алоуддин Буруҷердӣ

Алоуддин Буруҷардӣ, раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон рӯзи шанбеи 8 октябр аз мувофиқати Шӯрои амнияти он кишвар бо баргузории бозии футбол миёни Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ дар рӯзи Тосуъо (рӯзи нуҳуми моҳи муҳаррам) хабар дода буд.

Масъалаи баргузории ин мусобиқа дар рӯзи Тосуъо бо мухолифати сахти бархе гурӯҳҳои муҳофизакор дар Эрон рӯбарӯ шуд ва гурӯҳе аз нерӯҳои бо ном "Ҳизбуллоҳ" рӯзи ҷумъаи 7 октябр дар эътироз ба баргузории ин бозӣ, дар майдони "Фаластин"-и Теҳрон ҷамъ омаданд.

Дар ҳамин робита Абдулмаҷид Муҳташам, дабири кулли гурӯҳи "Ансори Ҳизбуллоҳ" рӯзи якшанбеи гузашта гуфт, ки агар масъулон "дар ҳадди як ҷав, таассуб ва ғайрати динӣ" доштанд, набояд иҷозаи баргузории ин бозиро медоданд. Ӯ дар гуфтугӯе бо вебсайти "Ҷумҳурият" пешбинӣ кард, ки ин мусобиқа "бидуни ҳодиса баргузор нахоҳад шуд."

Пеш аз ин низ 56 намояндаи парлумони Эрон хостори тағйири вақти баргузории ин мусобиқа шуда буданд ва Муҳаммади Яздӣ, раиси ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмии Қум, баргузор нашудани ин мусобиқаро беҳтар аз "беэҳтиромӣ дар рӯзи Тосуъо" дониста буд.

Алии Мутаҳҳарӣ
Алии Мутаҳҳарӣ

Дар муқобил, Алии Муттаҳарӣ, ноиби раиси парлумони Эрон ҳафтаи гузашта дар номае ба Муҳаммади Яздӣ ин нуқтаи назари ӯро "ғайри қобили қабул" ва "ёдовари калисои асрҳои миёна" дониста буд. Ӯ таъкид карда буд, ки "ибрози ҳассосият беш аз ҳадд нисбат ба ин масъала, амре зидди таблиғи дин ба шумор меравад."

Оқои Муттаҳарӣ гуфта буд, ки "фаразан, мардум барои голе, ки Эрон ба Кореяи Ҷанубӣ бизанад, хушҳол шаванд ва иддае ибрози шодӣ кунанд, оё ин амр ба маънии хушҳолӣ ва шодӣ барои шаҳодати Имом Ҳусайн ва беҳурматӣ ба сайиди шуҳадо аст?"

Муовини раиси парлумони Эрон ҳамчунин гуфтааст, ки "мардум медонад дар рӯзҳои сӯгворӣ дар майдон чӣ гуна рафтор кунанд ва аз бозии "Истиқлол" бо яке аз дастаҳои чинӣ ҳамчунин "таҷрибаи хубе" дар ин замина ёд кардааст.

Дар мавриди пахши телевизионии ин мусобиқа Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон эълон кардааст, ки ин сабқат ба таври зинда аз Шабакаи савуми телевизиони Эрон пахш хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, Довуд Озарнӯш, раиси Созмони басеҷи варзишкорони Эрон бо ишора ба дархостҳо барои тағйири вақти баргузории бозӣ гуфтааст, ки "чун ҳоло дар баробари амали анҷомшуда қарор гирифтаем, гуфтем, ки агар қарор аст бозӣ баргузор шавад, онро аз телевизион пахш накунанд."

Ӯ афзудааст, ки "мо ба Федератсияи футбол мустақиман нома фиристодем, ки ин бозиро пахши мустақим накунед... бо пахш накардани ин бозӣ аз телевизион ҳеҷ иттифоқе намеафтад ва иттифоқан пахши мустақими ин бозӣ дар шаби Ошӯро, ҳеҷ гуна тавҷеҳе надорад."

Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ, имоми ҷумъаи Теҳрон.
Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ, имоми ҷумъаи Теҳрон.

Пеш аз ин Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ, имоми ҷумъаи Теҳрон аз мақомоҳои Федератсияи футбол хоста буд, ки варзишгоҳи "Озодӣ"-и Теҳронро "сиёҳпӯш" кунанд ва тамошогарон низ ба ҷои каф задан, фарёди "Ё Ҳусейн" сар диҳанд.

Дар ин замина гузоришҳое дар бораи баргузории маросими маддоҳӣ ва азодорӣ қабл аз баргузории ин мусобиқа мунташир шудаааст ва Маҳдӣ Тоҷ, раиси Федератсияи футболи Эрон гуфтааст, ки бо вуҷуди манъи ФИФА дар чаҳорчӯби "маросимҳои марказӣ", кори худро анҷом медиҳад ва омодааст то ҷаримаҳои пешбинишудаи ФИФА-ро бипардозад.

Федератсияи футболи Эрон пеш аз ин дар номае ба Конфедератсияи футболи Осиё ва ФИФА талош карда буд, ки вақти баргузории бозӣ миёни Эрон ва Кореяи Ҷанубиро аз рӯзи сешанбеи 11 октябр ба душанбеи 10 октябр тағйир диҳад, аммо ФИФА ва Федератсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ бо ин мухолифат карданд.

XS
SM
MD
LG