Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми баҳсбарангези додгоҳи Русия дар бораи сураҳои “Қуръон”


Нусхаи ин санад ба сайти интернетии Лайф-нюс дастрас шудааст
Нусхаи ин санад ба сайти интернетии Лайф-нюс дастрас шудааст

Як додгоҳи маҳаллии Русия бархе аз сураҳои “Қуръонро” дорои табиати ифротӣ ҳукм кардааст, ки вокуниши шадидан манфиро дар доираҳои мухталифи ин кишвар ба бор овард.

Қарори додгоҳи шаҳри Южно-Сахалински Русия дар бораи бархе аз сураҳои “Қуръон” – китоби муқаддаси мусалмонон – ба вокуниши шадидан манфии бисёре аз намояндагони мусалмонҳои сокини Русия дучор шудааст. Раҳбари ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров гуфтааст, аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд.

Александр Чухрай, раиси додгоҳи шаҳри Южно-Сахалинск рӯзи 10 сентябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ эътироф кард, ки ҳукми додраси ин додгоҳ Наталя Перченко баҳси зиёдеро ба бор овард, вале ӯ гуфт, ки ин қарор ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифтааст: “Дар давоми 30 рӯз аз судури қарор нафарони норозӣ ҳақ доранд аз он шикоят баранд. То поёни ин мӯҳлат ду рӯзи дигар аст ва то ҷое медонам, аз ин ҳукм шикоят мебаранд. Танҳо як чизро мехоҳам таъкид кунам, ки додрас Перченко зимни судури ин қарор ягон ангезаи сиёсӣ ваё қасди таҳқири мусалмононро надошт, балки қарорашро бар пояи натиҷаҳои ташхиси забонӣ баровардааст.”

Додгоҳи Южно-Сахалинск рӯзи 12 август бо судури як қарор китоби “Мольба (дуа) к богу: ее значение и место в исламе“ (“Дуо ба Худо: Аҳамият ва ҷойгоҳи дуо дар Ислом“)-ро экстремистӣ эътироф кард. Ин китоб маҷмӯаи дуоҳоест, ки ҳамагӣ аз китоби “Қуръон” дар тарҷумаи ховаршиноси маъруфи рус Игнатий Крачковский гирифта шудаанд. Ба ин далел, ҳукми додгоҳ низ, ба ақидаи мунтақидон, ба маънои ифротӣ ҳукм кардани сураҳои “Қуръон” аст.

Китоби "Мольба (дуа) к богу: ее значение и место в исламе“ моҳи марти соли 2014 ҳангоми тафтиши ҷамъияти мусалмонони Сахалин аз сӯи маъмурони маҳаллии додситонӣ ва ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – мусодира ва мавриди тафтишу тахшхис қарор дода шуд.

Дар қарори додраси додгоҳи Южно-Сахалинск Наталя Перченко бо истинод ба ташхиси забонӣ (лингвистикӣ)-и аз сӯи Маркази ташхисӣ (ЭКЦ)-и раёсати умури дохилаи вилояти Сахалин анҷомшуда гуфта мешавад, ки дар чанд сураи “Қуръон” мавридҳое кашф шудаанд, ки дар онҳо “дар бораи бартарӣ ва авлавияти як инсон ё гурӯҳи афрод бар мардумони дигар дар заминаи тааллуқ доштани онҳо ба нажод, қавм, мазҳаб (ё муносибат ба мазҳаб) сухан меравад. Дар тавҷеҳи ин иддао дар қарори додгоҳ аз ҷумла як пора аз сураи маъруфи “Фотиҳа” иқтибос шудааст, ки мегӯяд: “Иёка наъбуду ва иёка настаъин” (“Танҳо Туро мепастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.”) Бино ба натиҷаҳои ташхис, ин сура чунин маъно медиҳад, ки “яъне мо фақат ба ту ибодат мекунам... ва ба каси дигаре саҷда нахоҳем кард.”

Дар қарори додгоҳ ҳамчунин пораҳо аз сураҳои “Ғофир” (аз ҷумла ин оят: “Ба касе ғайр аз Аллоҳ муроҷиат накунед”) ва “Ҷин” (барои мисол, “Касе ғайр аз ӯ лоиқи ибодат ва дуо нест”), ки Аллоҳро танҳо марҷаи ибодат ва парастиш ном мебаранд, ҳам оварда шудаанд. Бино ба қарори додгоҳи Южно-Сахалинск, аз ҳама боло гузоштан ва марҷаи ягонаи ибодат эълон кардани Аллоҳ ба маънои бартарӣ ва авлавияти як инсон ё гурӯҳи афрод бар мардумони дигар дар заминаи тааллуқ доштани онҳо ба нажод, қавм, мазҳаб (ё муносибат ба мазҳаб)” аст.

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон дар вокуниши тунде ба ин қарори додгоҳ гуфт, Наталя Перченко сураи “Фотиҳа”-ро экстемистӣ эълон кардааст, дар ҳоле ки беш аз 1 миллиард мусалмони дунё ҳар рӯз дар ҳар намози худ ин сураро ба забон меоранд. Ӯ қарори додгоҳи Южно-Сахалинскро иғвогарона номида гуфтааст, аз додгоҳи таҷдиди назар хоҳад хост, то худи ин қарорро “ифротгароёна ва қасди дониста ба ҳам задани субот дар Русия” эълон кунанд.

Аммо Александр Чухрай, раиси додгоҳи Южно-Сахалинск мегӯяд, додрас Перченко ҳукмашро бар асоси натиҷаҳои ташхиси забонӣ баровардааст ва ягон қасди бад надошт: “Мо ба ҳамаи динҳо эҳтиром қоилем, аз ҷумла ба Ислом ва мусалмонон, ки як қисми аҳолии ҳам вилояти Сахалин ва ҳам Русияро ташкил медиҳанд. Ман, албатта, ҳаққи баҳои сиёсӣ додан ба ҳукми ин додрасро надорам, вале умедворам, ки додгоҳи таҷдиди назар ин моҷароро бидуни баҳсу ҷанҷол ва дар чорчӯби қонун ҳаллуфасл хоҳад кард.”

Дякон Андрей Кураев, яке аз рӯҳониёни маъруфи калисои православии Русия низ ҳукми додрас Наталя Перченкоро, ки сураҳои “Қуръон”-ро “ифротӣ” хондааст, як қарори “мудҳиш” номид ва гуфт, ин моҷаро нишон медиҳад, ки баррасии масоили ҳассосе, чун ташхиси адабиёти диниро набояд ба додгоҳҳои маҳаллӣ супурд.

Рӯйхати федеролии адабиёти ифротӣ, ки вазорати адлияи Русия тартиб додааст, дар ҳоли ҳозир 3027 номгӯро дар бар мегирад. Як бахши умдаи ин маводи ифротӣ эътирофшударо китобу нашрияҳо ва наворҳои марбут ба созмонҳои тундрави исломӣ, аз ҷумла Ҳизби таҳрир ва “Давлати исломӣ” ташкил медиҳанд.

Дар Русия, бино ба омори расмӣ, 14 миллион ё 10 дарсад аз тақрибан 140 миллион аҳолии ин кишвар пайравони дини Исломанд. Вале оморҳои дигар шумори мусалмонон дар Русияро то 20 миллион нафар мешумуранд ва мегӯянд, теъдоди аҳолии мусалмони ин кишвар аз ҳисоби таваллуди нисбатан зиёдтар ва ба Русия рехтани муҳоҷирон пайваста меафзояд.

XS
SM
MD
LG