Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯчаи Александр Матросов номи Рустам Амакиро гирифт


Рустам Амакӣ (Амакиев)

Рустам Амакӣ (Амакиев)

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, исми 18 кӯчаи пойтахти Тоҷикистонро иваз кунад. Мақомоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 29 ноябр бо эълони ин хабар дар вебсайти расмии худ гуфтанд, табдили номи кӯчаҳо бо ҳадафи "таблиғу гиромидошти забони тоҷикӣ ва чеҳраҳои саршиноси кишвар" сурат гирифтааст.

Шаҳрдорӣ тасмим гирифт, номи кӯчаи Толстой ба Яккабоғ, Юлиус Фучик ба Миралӣ Маҳмадалӣ ва... Александр Матросов ба Рустам Амакӣ иваз карда шавад.

​Бар асоси тасмими шаҳрдорӣ, аз ҷумла собиқ кӯчаи "Комсомол" ба “Арғувон” ва "Советская" ба номи адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Аълохон Афсаҳзод гузошта шудааст. Собиқ кӯчаи "Бабушкин" исми Бахтобод, Сергей Лазо - Бодомзор, Гастелло - Гузарбоғ, Петровский - Гулафшон, Павлов - Гулдаст ва кӯчаи Гончаров номи Гулрезро гирифтанд.

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

Ҳамзамон шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, номи кӯчаи Толстой ба Яккабоғ, Юлиус Фучик ба Миралӣ Маҳмадалӣ, исми кӯчаи "Студентческая" ба Шукуфон, кӯчаи ба номи Воровский ба Шифо, кӯчаи "40-солагии октябр" ба Фурӯзон, кӯчаи Шаумян ба исми Сӯҳроб Шарифов, Добролюбова ба Садоқат, кӯчаи ба номи Александр Матросов ба Рустам Амакӣ, Зоя Космедимянская ба Иномов Ваҳҳобҷон ва исми кӯчаи ба номи Шестопалов ба Дилкушо иваз карда шаванд.

"Мо аз ҳукумат миннатдорем"

Яке аз онҳое, ки исмаш ба як хиёбоне дар Душанбе гузошта шудааст, собиқ раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва як донишманди рӯшанфикр Сӯҳроб Шарифов аст. Риштаи умри ӯ моҳи январи соли 2015 дар 52-солагӣ канда шуд. Шарифовро аз ислоҳотхоҳон дар сохтори ҳукумат, як чеҳраи пешқадаму мубориз меномиданд, ки ошкоро зидди дардҳои ҷомеа ва ҳукумат сӯҳбат мекард. Рӯзи 29 ноябр бародари калонии ӯ Икромхӯҷа Шарипов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз нақшаҳои номгузорӣ шудани як хиёбон ба номи бародараш аз пеш огоҳ буд. Он ки ҳоло ин тасмим ҳукми қонунӣ гирифтааст, ба гуфтаи ӯ, "боиси ифтихор аст". Вай гуфт, аҳли хонавода аз ҳукумат барои чунин тасмим миннтадор аст.

Аз Ленинобод то... Чкалов

Рустам Амакӣ ё Амакиев фармондеҳи гурӯҳи "Алфа"-и Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон буд, ки рӯзи 15 сентябри соли 2015 дар амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар Ромит кушта шуд. Дар зодгоҳаш ноҳияи Восеъ ба хотири ӯ нимпайкара гузоштаанд.

Хиёбони марказии Душанбе

Хиёбони марказии Душанбе

Тағйири номи кӯчаву хиёбонҳо ва шаҳру навоҳӣ ва ҳатто вилоят дар Тоҷикистон, ки аз давраи Шӯравӣ боқӣ мондаанд, тайи бештар аз понздаҳ сол боз идома дорад. Дар ин муддат, барои мисол, вилояти Ленинобод ба Суғд ва ноҳияи Нов ба Спитамену Куйбишев ба Абдураҳмони Ҷомӣ иваз шуда, дар охирин мавҷи тағйири номҳои ҷуғрофӣ шаҳри Чкалов ба Бӯстон табдили ном кард.

Маскав эътироз кард

Ин раванд дар пойтахти кишвар низ идома дорад. Моҳи апрели имсол кӯчаи Войков - Рӯҳафзо, Чайковский - Наҷмиддин Абдуллоев, Панфилов - Бобо Ҷобиров ва кӯчаи Мир - Чаманзор номгузорӣ шуданд.

Мария Захарова

Мария Захарова

Аммо табдили номҳои боқимонда аз Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба Маскав хуш наомад. Моҳи августи имсол Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар як нишасти хабарӣ дар Маскав аз табдили исми кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, "ин кӯчаҳо дар гузашта номи қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, олимону фарҳангиёни Шӯравиро доштанд".

Мақомот: Ин миллатгароӣ нест

Дертар ин баҳс аз долонҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия ба айвони Палатаи ҷамъиятии Русия кӯчид. Елена Сутормина – узви Палатаи ҷамъиятии Русия – рӯзи 19 август аз Сергей Лебедев, раҳбари иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил расман хост, ки ба амалкарди мақомоти тоҷик дар бораи ивази номҳои бозмонда аз Шӯравӣ "баҳои равшан" диҳад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳадаф аз иваз кардани номи кӯчаву хиёбонҳо "миллатгароӣ" ё комилан аз байн бурдани фарҳанги Шӯравӣ набуда, ин кор дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва қонунҳои кишвар сурат мегирад.

Назари алтернативӣ

Шоираи шинохта Гулрухсор дар заминаи тағйири навбатии ном кардани як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе гуфт, ин таҷриба нав нест. "Вале дар баъзе шаҳрҳои хориҷӣ номи инсонро ба кӯчаҳо намегузоранд. Номи гулу ёсу ин чизҳоро мемонанд, то ки баъдан баҳс дар масъалаи арзишманд будани ин ё он шахс бардошта нашавад". Шоираи маъруф гуфт, дар маҷмӯъ, пеш аз гирифтани чунин тасмимҳо, "беҳтар буд, бо мардум, аҳли зиё ва рӯшанфикрон машварат мекарданд".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG