Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст" Window-shopping дар Душанбе. ВИДЕО


Аз сад муштарии мағозаҳои телефонҳои мобил ва ҷавоҳирот дар пойтахти Тоҷикистон танҳо даҳ нафар харидори воқеӣ буда, боқӣ танҳо барои ҳавасшиканӣ вориди марказҳои тиҷоратӣ мешаванд.

Аз даҳ нафар дар рӯз танҳо 1 нафар ё телефон мехарад ё ангуштарии тилло, вале нӯҳ нафари дигар барои харидории маҳсулоти мавриди назар ё пули кофӣ надорад ва ё аслан пул надорад.

Набуди маблағ телефонҳои замонавӣ ва ҷавоҳиротро барои бисёриҳо орзуи дастнорас мекунад, аммо онҳо ин имконро ҳам доранд, ки орзуи худро дар даст бигирад, дар ангушт бисанҷанд, ба гардан овезанд ва баъди чанде ба соҳибаш баргардонанд. Ин вазъиятро бисёри инсонҳо дар тӯли умри худ борҳо таҷруба мекунанд. Баъзеҳо зарра-зарра пул ҷамъ мекунанд ва орзуи худро мешикананд. Баъзеи дигар ба сӯи орзуи худ даст меафшонанд ва аз паи хоҳише мешаванд, ки ба ҷайбашон муносиб бошад. Хабарнигори Озодӣ Муъмин Аҳмадӣ бо харидорони воқеӣ ва тамошогарони витринаҳои мағозаҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шуд.

"В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст" Window-shopping дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00

XS
SM
MD
LG