Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сохтмони бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе бо сармояи Қатар бунёд мешавад, ба таъхир афтодааст. Вале сафири Тоҷикистон овозаҳо дар бораи қатъ шудани сохтмони ин масҷидро рад мекунад.

Бунёди калонтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, ки муддате ба сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ табдил ёфта буд, зоҳиран дучори мушкил шудааст. Ба гуфтаи манобеъи Озодӣ, сармоягузори тарҳ - хонадони амири Қатар - баъд аз тафтиши марҳилаи аввали кор ба натиҷае расидааст, ки нахуст раванди иҷрои тарҳ бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад. Бино бар шартнома, ширкати паймонкори Қатар дар Тоҷикистон -- СТС «Иншоот» марҳила ба марҳила сохтмонро аз ҳисоби сармояҳои худаш анҷом медиҳад ва он гоҳ сармоягузор пас аз тафтиши иҷрои тарҳ ин маблағҳои сарфкардаи «Иншоот»-ро мепардозад.


Як манбаи наздик ба коршиносони қатарӣ, ки кори сохтмон ва ҳуҷҷатгузории онро назорат мекунанд, дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ширкати «Иншоот» ҳуҷҷат пешниҳод кардааст, ки ба маблағи 20 миллион доллар корҳои сохтмониро анҷом додааст. Аммо қатариҳо чун диданд, ки бо харҷи ин сармоя ҳатто зербинои масҷид пурра сохта нашудааст, изҳори норозигӣ кардаанд ва гуфтаанд, дар сурати чунин шеваи идомаи сохтмон, онҳо шояд аз идомаи сармоягузорӣ даст бикашанд.

Вале ин манбаъ афзуд, ки масъулони ширкати СТС «Иншоот» иддао кардаанд, ки аз замони бастани қарордод (соли 2009) то ба ҳол нархи масолеҳи сохтмонӣ гарон шуд ва ҳамакнун сохтмони масҷидро бо 70 миллион доллар анҷом додан номумкин аст. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, аз ин рӯ масъулини СТС «Иншоот» ҳарҷномаи навро бо назардошти нархи кунунии масолеҳ бинокорӣ дар ҳаҷми 120 миллион доллар тартиб дода, ба дасти қатариҳо супурдаанд.

Ин масҷид аз чандин бинои пайваста иборат буда, барои намозгузории ҳамзамони аз 113 ҳазор то 150 000 нафар пешбинӣ шудааст. Рӯзи 15-уми январ дар майдони сохтмони он коргаре ба назар намерасид ва кранҳои борбардору таҷҳизоти бинокорӣ беҳаракат буданд. Дидбонони ин майдон мегӯянд, кор дар ин ҷо ҳанӯз дар моҳи август қатъ гашта буд. Аммо дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои "Озодӣ", яке аз муҳандисони ширкати «Иншоот» гуфт: «Корҳои сохтмонӣ қатъ нашудаанд. Танҳо ҳоло зимистон аст ва мо бетон харидорӣ накарда истодаем. Ҳоло мо арматура ва дигар масолеҳи сохтмониро захира дорем ва аз баҳор корҳои сохтмонӣ дубора оғоз мешаванд.»

Дар ҳамин ҳол, сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони масҷид қатъ нашудааст: «Ин масҷид ҳадяи падарамири Қатар Ҳамад ибни Халифа ба Тоҷикистон буд ва мо аз аввал дар музокира бо ҷониби Қатар пой фишурдем, ки сохтмонашро ҳатман ба ширкатҳои тоҷикӣ бисупоранд. Танҳо барои марҳалаи аввали ин сохтмон, яъне конструксияи бино беш аз 70 миллион доллар пешбинӣ шуда, харҷи марҳалаҳои баъдиаш, яъне зиннат додани манзару дохили масҷид бояд баъдан мувофиқа шавад. Хароҷоти ин марҳалаҳо, дар воқеъ, ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст».

Ардашер Қодирӣ вуҷуди таъхироте дар кори сохтмонро эътироф кард, вале гуфт, байни тарафҳо рӯи маблағи сохтмон ихтилофи назар вуҷуд надорад ва баҳс танҳо дар меъёрҳои мухталифи сохтмон аст: "Дар Тоҷикистон то ҳол аз меъёрҳои сохтмони замони Шӯравӣ истифода мебаранд, ки аз меъёрҳои роиҷ дар Қатар фарқ доранд. Мушкиле дар заминаи ин тарҳ бо Қатар вуҷуд надорад. Се моҳ пеш як ҳайъат ва ҳафтаи гузашта як ҳайати дигари қатарӣ дар Тоҷикистон буд ва 6 мутаххасиси ширкати қатарии "Дорулҳандаса" ба таври доимӣ дар Душанбе буда, рафти сохтмонро назорат мекунанд."
Вале сафири Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки ин масҷид тибқи нақша ва то як соли дигар сохта хоҳад шуд.

Тагсанг ё хишти аввали сохтмони ин масҷидро президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан ду бор гузошта буд: нахуст моҳи октябри соли 2009 ва бори дуввум дар моҳи октябри соли 2010. Дар расми дубораи оғози сохтмон дафтари раёсатҷумҳурӣ гуфта буд, сохтмони ин бино дар 3,5 то 4 соли оянда анҷом хоҳад ёфт. Баҳри тезонидани кор дар моҳи декабри соли 2012 «Дорулҳандаса»-и Қатар ва ширкати СТС «Иншоот» барои ворид кардани масолеҳи зарурӣ аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуданд. Аммо то ҳол ҳатто зербинои масҷид ба таври пурра сохта нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG