Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Абубакр ал-Ҳаким кушта шуд"


Нерӯҳои Амрико рӯзи 9 декабр аз кушта шудани яке аз раҳбарони гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" хабар доданд. Ба иттилои онҳо, Абубакр ал-Ҳаким рӯзи 26 ноябри имсол дар пайи ҳамлаи бесарнишини амрикоӣ дар шаҳри Раққа, маркази ҷангҷӯёни ДИИШ дар Сурия, кушта шудааст.

Ал-Ҳаким, фаронсавии туниситабор, ки 33 сол дорад, яке аз созмондиҳандагони ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" дар моҳи январи соли гузашта дар Порис гуфта мешавад. Вай соли 2003, баъди шурӯи амалиёти Амрико дар Ироқ, ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайваста, соли 2008 барои ҳафт сол зиндонӣ шуда буд.

Моҳи январи соли гузашта дар Порис бародарон Саид ва Шариф кучӣ ба идораи нашрияи "Шарли Эбдо" ҳамла карда, дар натиҷа 12 нафар, аз ҷумла кормандони маҷалларо куштанд. Сабаби ҳамла интиқомгирӣ аз нашри тасвирҳои масхараомези паёмбари Ислом дар маҷаллаи "шарли Эбдо" гуфта мешуд. Омилони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Кучӣ ду рӯз баъд дар амалиёти махсуси пулис дар як шаҳри канори Порис ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG