Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди як Донишгоҳи муосири исломӣ дар Душанбе иқдом кардааст, ки ба қавли масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ сохтмонаш ба зудӣ оғоз мешавад.

Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки ба зудӣ сохтмони бинои Донишгоҳи муосири исломӣ дар кишвар оғоз хоҳад ёфт. Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин гуфт, ки ин бино "ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ" хоҳад буд.

Оқои Давлатов ҷузъиёти ин тарҳро, ки бо сармояи кӣ ва дар кадоме аз минтақаҳои Душанбе сохта хоҳад шуд, ошкор накард ва фақат гуфт, ҳоло Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ машғули таҳияи ин тарҳ аст. "Умед дорем, ки дар фурсатҳои наздик сохтмон бо санъати меъмории миллӣ шурӯъ мешавад," -- афзуд Сулаймон Давлатов.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва маросимҳои миллии Тоҷикистон ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарии ҳафтаи гузашта ва дар посух ба суоли "тақдири ояндаи ягонаи Гимназияи исломӣ чӣ хоҳад шуд?" баён дошт. Ӯ гуфт, ки фаъолияти Гимназияи исломӣ дар робита ба бинои иҷорааш ба мушкил рӯбарӯ шуда, аммо батамом қатъ нагардидааст. Оқои Давлатов афзуд, "барои ҳама маълум буд, ки он бино аз мо набуд. Гимназия дар он ҷо иҷора менишаст. Ҳоло гимназия фаъолияташро пеш мебарад. Ҳамаатон хуб медонед, ки ҳамин бинои Донишкадаи исломӣ ҳам бинои таълимӣ нест. Ҳоло ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи сохтмони наву замонавии ин муассисаи таълимиро рӯи даст гирифтааст."

Ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 6 мадрасаи мутавассита, як гимназия ва як мактаби олии исломӣ – Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар Душанбе – амал мекунанд. Дар солҳои охир шумори зиёде аз мадрасаҳои мавҷуда, ки таҳсилашон пулакӣ буд, ба далели "надоштани шароити дурусти таълимӣ" ва ё ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёру талаботи Вазорати маориф ва Кумитаи дини Тоҷикистон баста шуданд.

Бинои ҳозираи Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон дар паҳлӯи масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ҷойгир аст. Ин донишкада соли 1990 таъсис ёфта ва як сол баъдаш ба фаъолият пардохтааст. Аммо дар бисёре аз санадҳои расмӣ соли таъсиси Донишкадаи исломии дар гузашта ба номи Имом Тирмизӣ ва ҳоло ба номи Имоми Аъзамро 1997 навиштаанд.

Донишкадаи исломӣ, ки то соли 2007 ба унвони муассисаи мустақили таълими дини ислом фаъолият мекард ва аз ёриҳои молии кишвару созмонҳои исломӣ, аз ҷумла Бонки исломӣ бархӯрдор буд, бо қарори ҳукумат ба ихтиёри Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гузашт ва ба як муассисаи таълимии давлатӣ табдил шуд.

Омодагии ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони бинои наву муосири Донишгоҳи исломӣ дар ҳолест, ки ҳоло дар пойтахт сохтмони масҷиди бузургтарин дар минтақа идома дорад. Ин масҷид аз 4 манораи баландиаш 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори барои нишасту ҷаласа иборат хоҳад буд. Дар толору айвонҳо 50 ҳазор ва дар саҳни ҳавлию атрофи масҷид 60 ҳазор, ҷамъ то 115 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз гузоранд.

Мақомот ин ҳамаро муносибати некашон бо диндорон, бахусус пайравони ислом арзёбӣ мекунанд. Аммо мухолифон мегӯянд, ки солҳои охир бархӯрди мақомоти расмӣ бо диндорон ба таври манфӣ тағйир карда, озодии мазҳабӣ маҳдудтар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG