Пайвандҳои дастрасӣ

Асароти марзбандии Қирғизистон


Бозори наздимарзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.

Бозори наздимарзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи баста шудани гузаргоҳҳои марзии Қирғизистон боТоҷикистон, доду гирифти тиҷоратии сокинони наздимарзӣ қатъ гашта, нархи молу коло баланд меравад.

Ба гуфтаи сокинони наздимарзӣ, баста шудани хати марз аз сӯи Қирғизистон ва назорати шадиди марзбонону пулис, муомилоти тиҷоратӣ байни сокинони марзии тоҷику қирғизро номумкин кардааст.

Шаҳло, як тоҷирзани биринҷфурӯш дар бозори марказии шаҳри Исфара дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, вай ҳамроҳи тоҷирони қирғиз, ки дар Исфара савдо мекунанд, аз Бодканд биринҷи “девзира” меовард. Аммо бастани марз ба фаъолияти онҳо таъсир расонида, нархи биринҷро боло бурдааст. Вай мегӯяд: “Нархи 1 кило биринҷ 6.5 - 7 сомонӣ буд. Ҳозир то 8-9 сомонӣ боло хест. Чунки мо барои бор овардан нарафтем. Роҳҳо баста аст. Ин ба зиёни мо ва харидорон мебошад.”

Мусоҳибам афзуд, пайи қадами тоҷирони Бодканд, ки ба бозори Исфара биринҷу меваи хушк ва нахуду лӯбиёву мош меоварданд, канда шудааст. Ин тоҷирзан аз он нигарон аст, ки агар ин ҳолат дер давом кунад, аз кори тиҷораташ маҳрум хоҳад шуд. Ҳамчунин манъи тиҷорати наздимарзӣ эҳтимоли болоравии бархе маҳсулотро дар пай хоҳад дошт. Ва ин бар зиёни сокинони оддии Тоҷикистону Қирғизистон аст.

Ба гуфтаи сокинони марзӣ, дар Ворух рӯзи якшанбеи гузашта бинобар банд будани роҳ, қирғизҳо натавонистаанд ба бозор биоянд. Ҳамчунин мақомоти Бодканд роҳи сокинони марзии Исфараву Ғафуровро ба бозорҳои “Самарқандак”, наздик ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва “Арка 1”, наздик ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бастаанд. Дар ин бозорҳо қирғизҳо умдатан ҳайвоноти хонагӣ ва меваи хушкро ба савдо мегузоштанд. Зимнан, меваи хушки минтақаи Водии Фарғона бо роҳи Бодканд ба бозори Суғд роҳ меёфт.

Маҳмуд Бобоҷонов, сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Ғафуров ба "Озодӣ" гуфт, мақомоти қирғиз роҳи бозори фурӯши гову гӯспанди Аркаро, ки дар сокинони ноҳияи Бобҷон Ғафуров низ савдо мекарданд, бо шағал ба рӯйи шаҳрвандони тоҷик бастаанд. Сокинони ҷамоати Хистеварз ночор барои худ бозори нав месозанд. Ба гуфтаи мусоҳибам, дар пайи баста шудани марзи Қирғизистон, кори бензинфурӯшиҳои ин кишвар, ки дар канори шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом дар минтақаи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди 30 адад ҷой гирифтаанд, низ қатъ шудааст.

Вай афзуд: “Сокинони ноҳияи Лайлак маводи ғизоиро асосан аз бозори Хуҷанд харид мекарданд. Акнун баъди баста шудани роҳ, нархи орду равғану шакар ва дигар маводи хӯрока баланд шудааст. Қирғизҳои ҳамсоя аз баста шудани роҳ норозӣ ҳастанд. Онҳо бо мо робитаҳои хеле зичи тиҷоратӣ доштанд. Ҳоло қатъ шудагӣ. Ин ба зарари ҳар ду тараф аст.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, ҳамчунин тоҷикон дигар наметавонанд тавассути майдонҳои ҳавоии Бодканд ба Русияву кишварҳои дигар, ки назар ба Хуҷанд арзон аст, сафар кунанд. Аммо ба гуфтаи сокинони марзӣ, бо вуҷуди баста шудани марз аз сӯи Қирғизистон ва назорати саросарии хати марз, ҷилавгирӣ аз додуситади тиҷоратии сокинони марзӣ бинобар номуайяниву печидагии он, номумкин аст. Ва сокинони ҳар ду ҷониб дар ин вазъи мушкил аз роҳҳои пинҳонӣ бо ҳам додуситад мекунанд.

Расонаҳои қирғизӣ ахиран аз қавли мақомоти ин кишвар мавридҳои боздошти шаҳрвандони қирғиз ҳангоми ворид кардани маводи ғизоӣ аз Тоҷикистон ба Бодкандро эълон карданд. Сокинони манотиқи марзии Қирғизистон бо чанд халта орду чанд кило равған дар марз дастгир шудаанд. Вале миқдори ками маводҳои воридотии онҳо баёнгари он аст, ки онҳо орду равған, тухму либос ва дорувориро на ба хотири тиҷорат, балки барои аҳли хонаводаи худ ворид мекарданд.

Зимнан, сокинони Бодканд аз вилояти Суғди Тоҷикистон умдатан маводи ғизоӣ ва матову либос ва асбобҳои рӯзгор мебаранд ва ба ин кишвар асосан ангишту меваи хушк ва биринҷу чаҳорпои хонагиро барои фурӯш ворид мекунанд. Қаблан аз Бодканд ба вилояти Суғд ба таври расмӣ ва қочоқӣ сӯзишвории арзон ворид мешуд. Аммо дастёб шудани Тоҷикистон низ ба вориди сӯзишворӣ бидуни боҷи гумрукӣ аз Русия, ин ниёзро аз байн бурдааст.

Вилояти Суғди Тоҷикистон бо Қирғизистон 3 гузаргоҳи марзиву гумрукӣ дорад. Гузаргоҳҳои марзиву гумрукии “Гулистон” дар ноҳияи Исфара, Овчӣ Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Маданият” дар Ҷаббор Расулов то замони ба сурати якҷониба баста шудани марз аз ҷониби Қирғизистон ба таври шабонарӯзӣ фаъол буданд. Манобеъи наздик ба ин гузаргоҳҳо мегӯянд, қаблан тавассути онҳо дар ҳар моҳ ҳудуди 30 мошини боркаш ба тариқи тронзит ба Тоҷикистон ворид мешуд. Ҳудуди 25 адади онҳо аз Чин ба Тоҷикистон молу колоҳои тоҷирони суғдиро меовард.

Ба гуфтаи ин манобеъ, дар 7 шабонарӯзи охир ин гузаргоҳҳои марзӣ аз ҷониби Қирғизистон баста шуда, ягон нақлиёти боркаш тавассути он ба минтақаи шимолии Тоҷикистон ворид нашудааст. Аммо дар бораи эҳтимоли дар Бодканд дармондани нақлиёте, ки аз Чин молу колои тоҷирони суғдиро меоранд ва қаблан ҳангоми муноқишаҳои марзӣ баъзан чунин иттифоқ меафтод, ҳанӯз аз мақомот ва сокинон хабаре нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG