Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар кишварҳои Ғарб шумори мардуми бедин ва онҳое ки дину мазҳабро ба зиёни ҷомиа медонанд, меафзояд. Аммо оё дар Тоҷикистон касоне ҳастанд, ки бехудоиро таблиғ кунанд? Ва ин барояшон ба чӣ баҳое тамом мешавад?

Як пажӯҳиши сомонаи Huffington Post ва ширкати “Survation” дар Бритониё собит кард, ки 60 дарсад аз мардуми ин кишвар динро барои ҷомеъа зиёновар мехонанд.

Дар ин назарпурсӣ 20 дарсад гуфтанд, ки дин – сабаби хушунату таҳаммулнопазирӣ ва дигар шаррҳост. 8 дарсад мавҷудияти Худоро инкор кардаанд. Бритониёиҳо мутмаинанд, ки ахлоқи инсон бо дину мазҳабаш ҳеҷ рабт надорад, зеро дар муҳити хонавода ташаккул меёбад.

Муаллифон иқрор мекунанд, ки натиҷаҳои пажуҳиш барояшон воқеан ғайриинтизор буд. Онҳо тағйири афкори умум дар бораи динро, пеш аз ҳама, паёмади моҷароҳои солҳои ахир бо ширкати рӯҳониён мехонанд. Низоъҳои мазҳабӣ ва дар онҳо ҳамарӯза кушта шудани ҳазорон нафар ҳам дар зеҳни мардум андешаеро тақвият медиҳанд, ки аз дин ба инсоният манфиате нест.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки таваҷҷуҳ ба дин дар Ғарб солҳои ахир воқеан коҳиш меёбад ва ҳатто дар бархе кишварҳои аврупоӣ калисоҳоро на фақат ба марказҳои тиҷоратӣ, балки ба фурӯшгоҳу тарабхонаҳо табдил кардаанд.

Комил Бекзода

Комил Бекзода

Комил Бекзода, файласуфи маъруф ва ходими илмии Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки дурӣ ҷустан аз дин ба як раванди умумиҷаҳонӣ табдил шудааст. Ӯ бо такя ба омори навтарин мегӯяд, “айни ҳол аз 8 миллиард аҳолии замин 850 миллион нафарашон нисбат ба урфу одатҳову расму русуми динӣ бепарво шудаанд. Ин воқеияти муосир аст.” Қарнҳои пеш 99 сад сади мардуми сайёра ба дин эътиқод доштанд.

Шавкатхонум Мамедова, раиси маҳфили баҳоиҳои Тоҷикистон ҳам мегӯяд, бар пояи мушоҳидаҳояш таваҷҷуҳи аврупоиҳо ба дин воқеан ҳам коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ба манзилашон дар Душанбе аврупоиҳо зиёд меоянд ва онҳо аксар вақт ба суол дар робита ба мансубияташон ба дин посух медиҳанд, ки “одамони озод”, яъне бединанд.

“Агар имрӯзи ту тасвири дӯш аст...”

Комил Бекзода мегӯяд, “на фақат дин, балки ҳар низом ё сиёсату фарҳанг ҳам метавонад монеаи пешрафти табиии ҷомеа шавад. Аллома Иқбол гуфтааст, ки “Агар имрӯзи ту тасвири дӯш аст, Ба хоки ту шарори зиндагӣ нест.” Файласуфи тоҷик меафзояд, “решаи масъала дар он аст, ки аз қадим то имрӯз тарсҳои сиёсӣ, динӣ, хурофотӣ, тарс аз бесаводиву гуруснагӣ аз хатарҳои кайҳониву ҷавонӣ одамонро думболагиранд, дар ҳоле, ки мардум аз ин ҳама тарсу хатарҳо дар дин панаҳ меҷӯяд, рӯшанфикрон ба онҳо талқин мекунанд, ки ин ҳама бунбастҳову тарсҳоро метавон шикаст. Мардум бояд аз ин тарсҳову бунбастҳо халос шаванд ва ин шарти аввали пешрафту рушди халқҳову миллатҳову ҷомеаҳои имрӯза аст.”

Дар Тоҷикистон ҳам гурӯҳе дин, аз ҷумла, дини ислом, на фақат зиёновар, балки монеаи аслӣ дар рушди ҷомеа мешуморад. Шодӣ Атоӣ, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҷонибдорони ин ақида - ҳамагӣ одамони рӯшанфикр, огаҳу бедор ва дорои маърифати баланду мутолиакардаанд. Аммо, меафзояд ӯ, бештари онҳо аз ошкор сохтани худ парҳез мекунанд, зеро “ҳарчанд ҷомеаи Тоҷикистон дар Қонуни асосӣ дунявӣ эълон шудааст, мутааасифона, хатари таъқибу таҳдид ба дигарандешон аз сӯи эътиқодмандон воқеӣ боқӣ мемонад.” Рӯҳониён ин афродро дар инкори Худо айбдор мекунанд ва ҳатто онҳоро “муртад” мехонанд.

Дин ҳанӯз ҳам барои халқ афъюн аст?

Шодӣ Атоӣ мегӯяд, “мо, кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир, албатта, ҳама эътиқодмандонро эҳтиром мекунем, вале хулосаамон ин аст, ки дин ҳамчун як ҷаҳонбинӣ барои рушду нумӯи илму маориф монеъа буда метавонад. Ва агар ба таърихи дини ислом нигарем, мебинем, ки аз ҳама бештар дар мамолики мусалмонӣ монеъи рушди илму маориф ва технологияи нав мешаванд.”

Саид Аҳмадов

Саид Аҳмадов

Саид Аҳмадов, раиси пешини Кумитаи дини Тоҷикистон, ҳам таъйид мекунад, ки дар Тоҷикистон рӯшанфикрони зиёде ба монеаи рушди ҷомеъа будани дин сахт мӯътақиданд: “Ин афрод таъкид мекунанд, ки бояд ба илму технология рӯ овард ва аз дин, ки пеши роҳи рушду илмро мегирад, дурӣ ҷуст.” Аммо ба гуфтаи пажӯҳишгар гумон аст, ки андеша доираҳои васеъи мардумро фаро гирад, зеро дин дар ҷомеаи Тоҷикистон таъсири амиқ дорад. Гуфта мешавад, ки ҳатто беш аз ҳафтод соли ҳукумронии атеизм ё даҳрӣ натавонист, ки таъсири динро аз зеҳни мардум кам кунад.

Аз нигоҳи Саид Аҳмадов, “дар давлатҳое, ки дар пояи арзишҳои миллӣ бунёд мешаванд, мардум нисбати дин бепарвоянд. Аммо дар Тоҷикистон вазъ дигар аст ва арзишҳои милливу фарҳангӣ бо арзишҳои динӣ он қадар печидаанд, ки ҷудо кардани онҳо ғайримумкин шудааст,” - мутмаин аст пажуҳишгари масоили мазҳабӣ. Шояд ба ин хотир ва бар асари солҳои ахир бештар мазҳабӣ шудани ҷомеа, аз миёни афроде, ки дини исломро монеъаи рушди ҷомеа мехонанд, кам касоне ҷуръати ошкору бепарда иброз кардани ин андешаи худро доранд.

Зимнан, бархе аз андешаҳои ин гурӯҳ дар китоби «Ҷаҳонбинии оянда» таҷассум ёфтааст. Мӯҳтавои китоб, ки ҳамин тобистон нашр шуд ва муаллифонаш вуҷуди Худовандро зери суол бурдаанд, боиси баҳсҳои тунду доманадор дар маҳофили илмӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ба гуфтаи донишманд, “Ҷаҳонбинии оянда” натиҷаи фаъолияти 20 солаи як гурӯҳ аз файласуфони тоҷик аст ва 22 масъалаи фалсафиву иҷтимоиро дар бар мегирад. Муаллифон ба ҷаҳонбинии дигар барои ояндаи башар таъкид кардаанд, ки инсон дигар на ба умеди Худованд бошад, ки пас аз марг ӯро зинда мекунаду ба биҳишти ҷовидон мебарад, балки худ талош кунад, ки аз роҳи илм «гиреҳи зиндагии пас аз марг» -ро кушояд.

Ҳамзамон Комил Бекзода рабти нашри китоби “Ҷаҳонбинии оянда” бо маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро рад мекунад ва мегӯяд, “Ҷаҳони андеша” як маҳфили расмии пажӯҳишгоҳи фалсафа аст ва дар баҳсҳои он ҳама афроди хоҳишманд ширкат мекунанд.” Ба гуфтаи Шодӣ Атоӣ, маҳфили “Ҷаҳони андеша” баъд аз таътили чандмоҳа дубора фаъол мешавад ва қарор аст, нишасти навбатии он рӯзи 19 ноябр бо ҳузуру сӯҳбати шоири маъруф Зиё Абдулло баргузор шавад.

Бекзода: Ҳама панҷу ним ҳазор ҳақоратдодаро бахшидам

Аз нигоҳи таҳлилгарон, таҳқиру таҳдидҳо ба файласуфи тоҷик Комил Бекзода дар интернет баёнгари он аст, ки аксари мардум ҳарферо мухолифи дини худ таҳаммул надоранд. Худи Бекзода мегӯяд, ки баъд аз нашри хабар дар бораи нашри китоби “Ҷаҳонбинии оянда” ӯ дар интернет панҷу ним ҳазор ...ҳақорату дашном гирифт. “Аммо ин ҳақоратҳо ба ман таъсире накарданд. Чун масъала – масъалаи динӣ аст, бо забони Ҳазрати Исо ҷавоб додам, ки “Ман ҳама ҳақоратдодаҳоро бахшидам, барои он ки онҳо намефаҳманд гап сари чист.” Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Комил Бекзода, ин суханҳои дурушту ҳақоратҳо аз сӯи ҷомеъаи Тоҷикистон нест, “ман тахмин мекунам, ки ҳамаи ин ҳақоратҳоро дар интернет ҳамкасбҳои худам, файласуфнамоҳо навиштаанд, зеро мардуму Зарафшону Бадахшону Хатлону Суғд интернет ҳам надоранд ва китоби мо, ки ҳамагӣ 60-70 нусха нашр шуда буд, низ ба дасташон нарасидааст.”

Комил Бекзода меафзояд, “мо тасмими нашри дубораи китобро надорем, зеро фаҳмидем, ки ҷомеъаи Тоҷикистон барои шунидани ин суханҳо омода нест. Мо намехоҳем, ки ҷомеаи дар ҳоли парешонӣ қарордоштаи худро парешонтар кунем.”

Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи таҳлилгарон, моҳҳои ахир дар Тоҷикистон ба гунае ноумедӣ ё дилмондагӣ аз дин ҳам эҳсос мешавад ва ин бештар таъсири гузоришҳо дар бораи аъмоли ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия аст. Ҳарчанд ҷомеаи Тоҷикистон солҳои ахир хело мазҳабӣ шудааст, ҳазорон нафар ба ҷангҷӯён, ки мардуми бегуноҳ, аз ҷумла, ҳамдинҳои худро ваҳшиёна нобуд месозанд, нафрин мехонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG