Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Шарт” барои қабули донишҷӯён ба кафедраҳои ҳарбӣ


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, имсол ба кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳои кишвар танҳо ҷавонони ҳушёру тануманд қабул мешаванд, то дар минбаъда ба кор оянд.

Вазорати дифои Тоҷикистон мехоҳад, афсарони захиравиро аз ҳисоби хатмкунандаҳои ҳушманд ва тануманди донишгоҳҳои кишвар омода кунад. Ба қавли масъулони ин вазорат, солҳои гузашта нафароне аз кафедраҳои ҳарбӣ соҳиби билет шуданд, ки ҳатто бо истифодаи силоҳи маъмулӣ ошно нестанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, гуфт, “имсол хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ ба машқҳои саҳроӣ ҷалб шуда буданд, Вазорати дифоъ барои санҷиши донишу малакаи онҳо комиссияи назоратӣ ташкил кард, аз 7 ҳазор хатмкунанда аз 10 то 20 дарсади онҳо ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Онҳо дониши хуб надоштанд. Ё дониш доранд, вале силоҳро намешиносанд. Вақте дар дарсҳои амалӣ донишҷӯ яроқро наметавонад ба қисмҳо тақсим кунад ва ё онҳоро ҷо ба ҷо гузорад, чӣ гуна метавонад аз он истифода кунад?! Бо ин далел иддае аз онҳо аз кафедраҳои ҳарбӣ хориҷ карда шуданд.”

Ба қавли Маҳмадалиев, имсол ба кафедраҳои ҳарбӣ онҳое роҳ меёбанд, ки ҳушманд бошанд, вазъи саломатиашон хуб бошад, аз зеҳни тез ва вокуниши сареъ, сифатҳои муҳим барои як низомӣ, бархӯрдор бошанд. Аксар ҷавононе, ки имкон дорад барои гирифтани дарси низомӣ ба кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо қабул шаванд, интизор доранд, ин шеваи таҳсил ба онҳо ду кредити бузург меорад: аввалан онҳоро аз хизмати воқеӣ дар артиш озод мекунад ва дувум роҳи онҳоро барои боло рафтан дар зинаҳои мақомдорӣ, махсусан дар ниҳодҳои ниманизомӣ ва низомӣ ҳамвор мекунад.

Ҳоло кафедраҳои ҳарбӣ низ мехоҳанд бо теъдоди кам ва бо сифати баланд афсарҳои захиравӣ омода кунанд. Раҷабмурод Раҷабов, собиқ муаллими кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ барои мансабсозии ҷавонон кумак мекунад. Онҳо пас аз гирифтани билети ҳарбӣ метавонанд дар дилхоҳ мақомоти қудратӣ, аз қабили Вазорати дифоъ, умури дохилӣ, Кумитаи амният ва гумруку дигар сохторҳо кор кунанд. Ҳамчунин таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ метавонад иддае аз ҷавононро, ки ба хотири гурез аз хизмати аскарӣ ба ин кафедраҳо шомил мешавад, наҷот диҳад: “Кафедраҳои ҳарбӣ танҳо барои Вазорати дифоъ афсар омода намекунад. Азбаски ин кафедраҳо барои ҳама сохторҳои низомӣ афсари эҳтиётӣ омода мекунанд, донишҷӯён талош мекунанд бо ҳар роҳе набошад шомил шаванд. Чанд соли пеш ҳама метавонист дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил кунанд. Ҳоло бошад ҳама ин гуна имтиёз надорад.”

Раҷабов афзуд, чанд сол пеш низ таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ маҳдуд шуда буд ва ҷавонон барои роҳ ёфтан ба ин пойгоҳҳо “тағо” мекофтанд. Баъдан ин таҷриба лағв шуд ва ҳама, донову нодон билети ҳарбии афсари захиравиро дарёфт кард. Ӯ мегӯяд, бо маҳдуд шудани дастрасӣ ба таҳсили низомӣ имкон дорад, “тағову холабозӣ” дубора эҳё шавад.

Раҷабалии Холиқназар, донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, донишҷӯён асосан бо ду мақсад ба кафедраҳои ҳарбӣ рӯ меоранд. Ҳамон тавре, ки дар боло гуфтем, ба хотири рутба ва роҳ ёфтан ба мақомоти интизомӣ ва гурез аз хизмати ҳарбӣ. “Нафароне ҳастанд, ки касб ё ихтисосашонро волидонашон интихоб кардаанд, на худи онҳо. Аз ин рӯ бо вуҷуди онки риштаи таҳсил ҳеҷ рабте ба артишу хизмати ҳарбӣ надорад, онҳо талош мекунанд дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил кунанд ва корманди ҳарбӣ, БДА, гумрук, милиса ва дигар сохторҳои ба ин монанд шаванд”,- мегӯяд Раҷабалии Холиқназар.

Дар Тоҷикистон танҳо дар 5 донишгоҳ кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд. Тибқи квотаи Вазорати дифои Тоҷикистон қарор аст имсол ба ҳар донишгоҳ аз 200 то 1 ҳазору 200 ҷой дода шавад. 1 ҳазору 200 ҷой танҳо ба донишгоҳи аз ҳама бузург ва барои 4 донишгоҳи дигар на бештар аз 500 квота дода мешавад, ки ин дар муқоиса ба солҳои пешин ба маротиб камтар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир таваҷҷуҳ ба нерӯи низомии захиравиро бештар намуда, соли равон тамринеро низ дар ноҳияи Рӯдакӣ созмон дода буд. Қарор аст, тамрини аскарони захиравӣ дар Бадахшон низ баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG